Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Зебоӣ фаслу мавсим надорад

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Бо фарорасии фасли тирамоҳ, ки табиат тадриҷан ранги зарду сурх ба бар карда, ҳаво рӯ ба сардӣ меорад, дар назди Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” корҳои ободониву сабзкорӣ идома доранд. Боғбонони муассиса бо мақсади боз ҳам зебову назаррабо гардонидани муҳити атроф дар даромадгоҳи осорхона гулҳои рангоранги ороишии гулкарами ба сармову тағйирёбии ҳарорати ҳаво тобоварро дар гулдонҳои махсус шинонида истодаанд.
Ҷолиб он аст, ки новобаста аз фаро расидани фасли тирамоҳ ва наздик шудани рӯзҳои сарди зимистон, гулпарварон талош доранд, ки ҳусну таровати муҳити атроф ҳамоно нигоҳ дошта шавад. Онҳо бо интихоби навъҳои мувофиқи гулҳои мавсимӣ ва ороишӣ мехоҳанд, ки даромадгоҳи осорхона дар тамоми фаслҳои сол намуди зебоиву дилнишини худро нигоҳ дорад. Гулҳои рангоранг, ки бо завқи баланди зебоипарастӣ дар гулдонҳои махсус ҷой дода мешаванд ба муҳити атроф ҳусни тоза зам намуда, намуди зоҳирии бинои осорхонаро боз ҳам ҷолибтар мегардонанд. Зеро парвариши гулу гулбуттаҳо ва нигоҳубини онҳо заҳмати пайваста, масъулиятшиносӣ ва муносибати ғамхорона ба табиатро тақозо мекунад. Интихоби гулҳои ба сармо тобовар низ аз таҷриба ва маҳорати боғбонон дарак медиҳад. Ин ташаббуси гулпарварон бори дигар собит месозад,ки зебоӣ фаслу мавсим надорад. Аз ин рӯ, ҳатто дар рӯзҳои хазонрези тирамоҳ низ метавон бо меҳнати созанда ва завқи баланди зебоипарастӣ муҳити атрофро рангорангу дилнишин нигоҳ дошт.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЗебоӣ фаслу мавсим надорад
Scroll to Top