Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Парчами давлатӣ - рамзи ҳувият, забон – пули дӯстӣ ва зеҳни сунъӣ - неруи пешрафт

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
 Санаи 19 ноябри соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи далатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо якҷоягии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, соҳаҳои маорифу фарҳанг,устодону олимон, муҳаққиқон, донишҷӯён, кормандони муассиса ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Ҳамоиши илмӣ бо сухани ифтиҳоии Омири кулли муассиса Иброҳим Иброҳимов оғоз гардид. Зимни сухани ифтитоҳи ӯ аҳамияти баргузории чунин ҳамоиши илмиро барои густариши ҳамкориҳои илмӣ, табодули андеша оид ба баргузории Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта ба фазои ҳамоиши илмӣ руҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва ифтихор аз давлатдории соҳибистиқлоли тоҷикон ҳукмфармо гардид.
Сипас, сухани ифтитоҳиро директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҷалилзода Абдурашид Абдукамол оғоз намуда, доир ба таърихи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойгоҳи ин муқаддасоти миллӣ дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва нақши он ҳамчун рамзи давлатдории тоҷикон ибрози андеша намуд.
Баъдан, сухан ба Омири кулли МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим Иброҳимов дода шуд. Мавсуф дар мавзуи аҳамияти таърихию фарҳангии Парчами давлатӣ ва мақоми он дар ташаккули давлатдории миллӣ маърӯзаи пурмуҳтаво пешниҳод намуда, доир ба арзишҳои таърихӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва масъулияти наслҳои имрӯзу оянда дар назди давлату миллат андешаҳои худро баён кард.
Дар ҳамоиши илмӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Набиҷон Ҷӯразода суханронӣ намуда, нахуст ҳозиринро ба муносибати таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфт. Ҳамзамон иброз дошт, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ қарзи шаҳрвандӣ ва нишонаи муҳаббату садоқат ба Ватани азиз буда, ҳифзи апрзишҳои миллӣ ва гиромидошти муқаддасоти давлатӣ бояд дар замири ҳар як шаҳрванди кишвар ҷойгоҳи хос дошта бошад.
Дар идомаи ҳамоиш Марк Стернберг, мутахассиси барномаи Фулбрайт ва омӯзгори кафедраи иқтисоди ҷаҳони ДИС ДДТТ дар мавзуи “ Нақши зеҳни фавқулода дар рушди соҳибкорӣ “ баромад намуд. Зимни маърӯза мавсуф масъалаҳои марбут ба имкониятҳои зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосир дар рушди соҳибкорӣ, таъсири навовариҳои технологӣ ба фаъолияти иқтисодӣ ва нақши зеҳни фавқулода дар фароҳам овардани имкониятҳои нави соҳибкориро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар идомаи ҳамоиши мазкур Олимова Нодира, муовини директори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд оид ба корҳои илмӣ дар мавзӯи “Аз таърихи парчамдорони тоҷикон” маърӯзаи пурмуҳтаво пешниҳод намуд. Зимни баромад таърихи пайдоиш ва ташаккули парчамдории тоҷикон, решаҳои таърихии рамзҳои миллӣ ва мақоми парчам дар давраҳои гуногуни давлатдории ниёгон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, Чек Ригала ва Тина Солки намояндагони барномаи байналмилалии Фулбрайт “Кушодани дарҳо: қудрати дигаргунсозандаи зеҳни фавқулода” маърӯзаи худро пешкаши иштирокчиён намуданд. Дар ҷараёни баромад масъалаҳои имкониятҳои зеҳни фавқулода таъсири он ба рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа, фароҳам овардани имкониятҳои нави омӯзишу таҳқиқот ва нақши технологияҳои инноватсионӣ дар дигаргунсозии ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар идомаи ҳамоиши илмӣ Исмоилова Мутриба Охунҷоновна, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ ва робитаҳои байнифарҳангӣ дар мавзӯи “Парчами Тоҷикистон- калиди муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ” маърӯза намуд. Зимни баромад таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии ҳувияти миллӣ ва муаррифгари давлату миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ҳамзамон, донистани забонҳои хориҷӣ ҳамчун воситаи муҳими муоширати байнифарҳангӣ, густариши робитаҳои байналмилалӣ ва муаррифии таъриху фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ гардид.
Ҳамоиши илмӣ дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва табодули афкор баргузор гардида, барои таҳкими робитаҳои илмӣ ва фарҳангии ду муассиса, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстии иштирокчиён заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар фарҷоми ҳамоиши илмӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён гардид. Дар ин қисмати чорабинӣ ҳунармандони ҷавон аз ҷониби донишҷӯёни донишгоҳ бо маҳорати баланди ҳунарӣ ва истеъдоди нотакрори худ баромад намуда, суруду таронаҳои дилнишинро дар васфи Ватан, Истиқлоли давлатӣ, Парчами миллӣ ва муҳаббат ба сарзаминӣ аҷдодӣ манзури ҳозирин гардониданд.
Ҳамин тариқ, ҳамоиши илмӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар фазои тантанавию идона ва бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ба анҷом расид. Дар ҷамъбасти чорабинии мазкур аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳи мазкур ба як қатор иштирокчиён барои иштироки фаъолона саҳми арзанда дар баргузории ҳамоиши илмӣ бо сертификатҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.
 
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПарчами давлатӣ - рамзи ҳувият, забон – пули дӯстӣ ва зеҳни сунъӣ - неруи пешрафт
Scroll to Top