Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Роҳпаймоии идона бахшида ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, дар шаҳри Хуҷанд, роҳпаймоии бошукуҳи идона бо иштироки намояндагони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо, аҳли зиё, донишҷӯён, кормандони соҳаҳои гуногун ва фаъолони ҷомеа баргузор гардид.
Роҳпаймоии идона аз назди стеллаи воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ оғоз гардида, дар фазои тантанавӣ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси гарми ифтихори миллӣ сурат гирифт. Дар ин чорабинии муҳими сиёсиву ҷамъиятӣ намояндагони касбу кори гуногун бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ иштирок намуда, ҳамбастагӣ ва ваҳдати ҷомеаро таҷассум карданд. Дар қатори дигар намояндагони ташкилоту муассисаҳои шаҳр кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” низ дар роҳпаймоии идона фаъолона иштирок намуданд. Ҳузури кормандони муассиса дар ин ҷорабинии бошукуҳ нишонаи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва садоқат ба арзишҳои волои миллӣ мебошад.
Иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо парчамҳои парафшони миллӣ, шиору овезаҳои идона ва чеҳраҳои саршори хушҳолӣ аз масири муайянгардида ҳаракат намуда, фазои идонаи шаҳрро боз ҳам рангинтар гардониданд. Ҷилои рангҳои Парчами давлатӣ, ҳамовозии иштирокчиён ва ҳузури намояндагони соҳаҳои гуногун ба чорабинӣ шукуҳи хоса бахшида, аз эҳсоси баланди ватандӯстиву ифтихори миллии сокинони шаҳри Хуҷанд дарак медод.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими тақвими сиёсии кишвар маҳсуб ёфта, таҷлили он ба гиромидошти ниҳоди президентӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол равона гардидааст. Ин сана моро водор месозад, ки роҳи пурифтихори тайнамудаи миллатро дар даврони истиқлоли миллӣ бо ифтихор ёдовар шуда, барои ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Барои кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, иштирок дар чунин чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ ҷузъи муҳими фаъолияти ҷамъиятӣ ва тарбияи ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад. Роҳпаймоии идона дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида , бори дигар эҳсоси ифтихори иштирокчиёнро аз Тоҷикистони соҳибистиқлол ва арзишҳои давлатдории миллӣ тақвият бахшид.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРоҳпаймоии идона бахшида ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Scroll to Top