User Rating: 



/ 0
- Details
-
18.11.2026 10:08
-
Азназаргузаронӣ: 8
Роҳбарияти Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ва аҳли кормандони муассиса тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик ва таҳният мегӯянд.
Ин санаи муҳим дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии кишвар барои арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ, истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва нақши ниҳодҳои давлатдорӣ дар пешрафти ҷомеа мавқеи хос дорад.
Мо, аҳли кормандони муассиса ҳамчун посдорону муаррифгарони таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, бар онем, ки ҳифзи мероси таърихӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ ва муаррифии тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ яке аз рисолатҳои муҳими ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Бигзор дар сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон ҳамеша сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва фазои созанда ҳукмфармо бошад. Орзумандем, ки Тоҷикистони азизамон рӯз ба рӯз ободу пешрафта гардида, наслҳои оянда дар фазои сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ ва фаъолият намоянд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Бо эҳтиром,
Аҳли кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”
Шарҳ додан