Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Аз дӯстии халқҳо то эҳтиром ба мероси таърихӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Дар доираи сафари расмии гурӯҳи намояндагони ҷанговарони интернатсионалисти аз Ҷумҳурии Узбекистон ба вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, ки санаҳои 14-15 ноябри соли 2026 идома ёфта, аз як қатор мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри бостонии Хуҷанд боздид ба амал оварданд. Яке аз иқдомҳои муҳими ин сафар боздиди ҳайати меҳмонон аз Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” буд, ки бо ташаббуси Муқимҷон Қобилов, раиси Шӯрои иттифоқи собиқадорони ҷанговарони интернатсионалистӣ дар вилояти Суғд роҳандозӣ гардид.
Меҳмононро роҳбалади муассиса Шаҳноза Комилова бо толорҳои намоишии маҷмаа оид ба таърихи бунёд ва ташаккули қалъаи таърихӣ ва ҷойгоҳи он дар таъриху тамаддуни халқи тоҷик шинос намуд. Дар толорҳои намоиши намунаҳои гуногуни мероси моддию фарҳангии халқи тоҷик, аз ҷумла ҳунарҳои кундалкорӣ, кандакорӣ, санъати тасвирӣ ва дигар осори нодири таърихию фарҳангӣ ба маърази тамошобин гузошта шудаанд, шинос гардиданд. Роҳбалади муассиса ҳангоми шиносоӣ бо ҳар як толори намоиши хусусиятҳои хоси экспонатҳо, арзиши таърихию бадеии онҳо ва маҳорати баланди ҳунармандони мардумиро шарҳ дод. Меҳмонон ба ҳунарҳои анъанавии миллӣ, махсусан санъати ороишгарӣ, нақшу нигори миллӣ ва маҳорати дастии устоҳои тоҷик таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Ҳамчунин, меҳмонон аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ боздид ба амал оварда, бо намунаҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, анъанаҳои ҳунармандӣ ва маҳсули эҷоди дастии ҳунармандони маҳаллӣ аз наздик ошно шуданд. Бояд зикр намуд, ки ҳавлии ҳунармандони мардумӣ яке аз мавзеъҳои ҷолиби маҷмаа ба шумор рафта, дар муаррифии ҳунарҳои суннатӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва тарғиби фарҳанги ниёгон нақши муҳим дорад.
Ҳамзамон, сафари намояндагони ҷанговарони интернатсионалӣ аз Ҷумҳурии Узбекистон ба шаҳри Хуҷанд бозгӯи эҳтироми мутақобила, дӯстии халқҳо ва талоши муштарак дар роҳи ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона мебошад.
Дар фарҷоми боздид меҳмонон дар саҳнаи Қалъаи таърихии Хуҷанд ҷамъ омада бо мақсади абадӣ гардонидани лаҳзаҳои хотирмони ин сафари фарҳангӣ акси хотиравии дастаҷамъона гирифтанд. Ин лаҳзаҳои хотирмон бори дигар таҷассумгари эҳтироми самимӣ ба таъриху фарҳанги ғании халқи тоҷик, арҷгузорӣ ба мероси пурқимати ниёгон ва таҳкими риштаҳои дӯстиву бародарии халқҳои Тоҷикистону Узбекистон гардиданд. Зеро шиносоӣ бо таъриху тамаддун, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва пос доштани хотираи таърихӣ яке аз омилҳои муҳими ба ҳам наздик намудани халқҳо ба шумор меравад.
Ҳамин тариқ, сафари намояндагони ҷанговарони интернатсионалӣ аз Ҷумҳурии Узбекистон ба Қалъаи таърихии Хуҷанд, дар фазои дӯстиву самимият ва таассуроти нек анҷом ёфта, барои меҳмонон хотираҳои фаромӯшнашаванда ва эҳсоси гарми меҳмоннавозии мардуми тоҷикро ба ёдгор гузошт.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАз дӯстии халқҳо то эҳтиром ба мероси таърихӣ
Scroll to Top