User Rating: 



/ 0
- Details
-
18.11.2026 09:44
-
Азназаргузаронӣ: 6
Бо мақсади ободонию тозагии муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар ин иқдоми ободониву созандагӣ донишҷӯёни курси 1-уми Муассиса давлатии “Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд”-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, дар ҳамбастагӣ бо корманндону боғбонони боғи мазкур корҳои тозагию ободониро ба анҷом расониданд.
Зимни баргузории шанбегӣ иштирокчиён гирду атрофи боғ, роҳравҳо ва майдончаҳои истироҳатиро аз баргу хазонҳои рехтаи дарахтон тоза намуда, партовҳои ҷамъшударо бароварда, дар беҳтар гардидани ҳолати санитарию экологии ин макони зебои фарҳангиву фароғатӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Тавре маълум аст, фасли тирамоҳ, ки бо рангорангии табиат ва резиши баргҳои дарахтон фарқ мекунад, яке аз фаслҳои хазонрез ба ҳисоб меравад. Дар ин давра тозаву озода нигоҳ доштани боғу гулгаштҳо, роҳравҳо ва дигар мавзеъҳои истироҳатӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Аз ин рӯ, баргузории чунин ҳашарҳои дастаҷамъона дар нигоҳдории тозагӣ, ҳифзи муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳат барои сокинону меҳмонон нақши муҳим дорад. Иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар чунин чорабиниҳо на танҳо ба беҳтар гардидани вазъи ободонии боғ мусоидат менамояд, балки дар замири онҳо ҳисси масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба табиат ва дӯст доштани муҳити зистро тақвият мебахшад.
Ҳамзамон, ҳамкории донишҷӯён бо кормандону боғбонони боғ барои таҳкими руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтиром ба меҳнати аҳли заҳмат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Бояд таъкид намуд, ки Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, яке аз мавзеъҳои зебову дӯстдоштаи сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд ба шумор рафта, нигоҳдории тозагӣ ва ҳифзи зебоии он вазифаи ҳамагон мебошад. Чунин иқдомҳои созандагӣ бори дигар собит менамоянд, ки ҷавонони соҳибмаърифат ва ватандӯст дар ободонии муҳити зист, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва зебо гардонидани симои боғи истироҳатӣ саҳми назарраси худро мегузоранд.
Валӣ Набизод - котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Шарҳ додан