User Rating: 



/ 0
- Details
-
18.11.2026 09:37
-
Азназаргузаронӣ: 9
Рамзи давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва ифтихори давлатдорӣ
Ҳамасола 16 – уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ин сана дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мақоми хосса дошта, ҳамчун рамзи эҳтиром ба институти президентӣ, давлатдорӣ, соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ арзёбӣ мегардад.
Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон бо марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид. Солҳои аввали истиқлолият барои маврдуми кишвар давраи мураккабу тақдирсоз ба ҳисоб мерафт. Дар чунин шароити ҳассос масъалаи ҳифзт давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва барқарор намудани сохторҳои давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо намуд. 16-уми ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар назди халқи Тоҷикистон савганд ёд карданд. Ин сана дар таърихи Тоҷикистонисоҳибистиқлол ҳамчун рӯйдоди муҳими сиёсӣ ва таърихӣ сабт гардидааст.
Дар тӯли солҳои истиқлолият бо талошҳои пайвастаи роҳбарияти давлат дар самти таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ, бунёди иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар роҳи рушду устувор қарор дошта, бо ташаббусҳои созанда ва иқдомҳои муҳими байналмиллалӣ дар ҷаҳон мавқеъи худро таҳким мебахшад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро водор месозад, ки ба таърихи давлатдории навини худ назар афканем, арзишҳои истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро қадр намоем ва барои ободию пешрафти ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Дар доираи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 13-уми ноябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” конференсияи илмӣ таҳти унвони “Пешвои миллат-ҳомии миллат” бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ баргузор гардид. Чунин чорабиниҳо дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои ватандорӣ ва баланд бардоштани марифати сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муҳим дораднд. Ҳамзамон, онҳо барои боз ҳам таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мусоидат менамояд. Зеро ҳифзи истиқлолият, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, дӯст доштани Ватан ва саҳмгузорӣ дар рушди он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Бигзор сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳамеша пойдор бошад.
Бойматова Мавҷуда - Сардори
хадамоти ҳифзи меҳнати
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Шарҳ додан