Тоҷикистон сарзамини куҳанбунёд дорои таърихи пурифтихор, фарҳанги ғанӣ ва мардуми соҳибтамаддун мебошад. Миллати тоҷик дар тӯли таърих бо хиради азалӣ, фарҳанги воло, забони ширин ва арзишҳои миллӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштааст. Имрӯз низ мардуми Тоҷикистон бо ифтихор аз давлатдории миллӣ, истиқлолият ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ёдовар мешаванд. Яке аз санаҳои муҳими таърихӣ дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мамлакат 16 - ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар саҳифаҳои таърих ҳамчун рӯзи эҳёи давлатдории миллӣ ва ваҳдати тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ устуворона гуфта буданд, ки “Ман ба шумо сулҳ меорам. Танҳо ваҳдату муттаҳидӣ ҷумҳурии моро аз буҳрони амиқи иқтисодиву сиёсӣ бароварда метавонад”.
Солҳои сипаришуда гувоҳанд, ки бо заҳмату сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори давлати соҳибистиқлол, низоми муосири ҳуқуқӣ, қувваҳои мусаллаҳ, сохтори давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд. Имрӯз мардуми бонангу номуси тоҷик дар симои Пешвои муаззами миллат, пуштибон, наҷотбахш, ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро мебинанд. Аз ин рӯ ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ин арҷгузорӣ ба хидматҳои барҷастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан мебошад.
Дар симои шахсияти беназири таърихӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургию, шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофарӣ дида мешавад. Асрҳо мегузаранд, наслҳоро наслҳо иваз менамоянд, вале корнамоии сарвари давлат дар лавҳи хотири мардум абадӣ хоҳад монд.
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи тақдирсоз дар маҷлисгоҳи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” конфронси илмӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – ҳомии миллат” баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садои мутантани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, баъдан филми ҳуҷҷатии кутоҳмуддат бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши ҳозирин гардад.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳи омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” оғоз гардид.
Дар конфронси илмӣ Адувоҳидова Муҳайёхон – намояндаи Расёсати фарҳанги вилояти Суғд, Ғаффоров Абдурауф – намоянда аз Иттифоқи касабаи коркунони фарҳанг, варзиш, иттилоот ва сайёҳӣ, Раҳимиён Ислом Усмонпур – номзади илмҳои филологӣ, дотсенти факултаи забонҳои шарқи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, таҷрибаомӯзони факултети шарқшиносии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, намоянда аз раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд, намоянда аз Шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкадаи байналмиллалии сайёҳӣ, ва соҳибкорони Тоҷикистон, омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасонии иҷтимоии шаҳри Хуҷанд, омӯзгорони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, омӯзгорони Донишгоҳи давлати ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон намояндагони муассисаҳои зертобеъи раёсати Фарҳанги вилоят, намояндагони воситаҳои ахбори умум ва кормандони “МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок карданд.
Ҳадафи баргузории конфронси илмии мазкур на танҳо таҷлили ду санаи муҳими таърихӣ, балки дар заминаи таҳлили амиқи равандҳои таърихию сиёсӣ бознигарӣ намудани марҳилаҳои ташаккул ва таҳаввули давлатдории миллии тоҷикон, арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолу озодӣ ва бозтоби нақши созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тақкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.