Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боздиди маърифатӣ аз ганҷинаҳои таърих

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Бо ташаббуси роҳбарияти факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати таърихию фарҳангӣ, ватандӯстӣ ва худшиносии миллии курсантони курси якум, боздиди омӯзишию маърифатӣ аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташкил ва баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи тадбирҳои тарбиявию маърифатӣ роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он шинос намудани курсантон бо таърихи пурғановати халқи тоҷик, мероси гаронбаҳои ниёгон, арзишҳои миллӣ дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
Зимни боздид курсантон аз толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, дидан намуда бо бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ, асбобу ашёҳои қадимаи рӯзгор, либосҳои миллӣ ва дигар ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ шинос шуданд. Роҳбаладони осорхона ба курсантон оид ба таърихи ташаккул ва рушди тамаддуни гузаштагони миллати тоҷик, зиндагии ниёгон, суннату анъанаҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ курсантон аз Қалъаи таърихии Хуҷанд боздид ба амал оварданд.Зимни шиносоӣ аз толорҳои намоишӣ бо санъати тасвирӣ, кундалкорӣ, кандакорӣ ва муҷассамаҳои шоирону классикони форсу тоҷик чун рамзи эҳтиром гузошта шудааст, маълумоти бештар дода шуд. Курсантон бо эҳсоси баланди ифтихор аз таърихи пуршарафи миллати тоҷик аз ин макони таърихӣ дидан намуда, аҳамияти ҳифзи ёдгориҳои таърихиро дарк карданд.
Дар ҷараёни боздид курсантон аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ низ дидан намуда, бо анъанаҳои қадимаи ҳунармандӣ, маҳсули эҷоди дастони ҳунармандони чирадаст ва бо мероси гаронбаҳои фарҳангии мардуми тоҷик аз наздик шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки чунин боздидҳои омӯзишию маърифатӣ дар раванди тарбияи насли ҷавон, бахусус курсантоне, ки оянда ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонунро бар зимма хоҳанд дошт, аҳамияти махсус доранд. Зеро кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари доштани донишҳои касбӣ ва малакаи хизматӣ бояд дорои ҷаҳонбинии васеъ, маърифати баланди сиёсиву ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ дошта бошанд.
Дар маҷмуъ, боздиди курсантон аз осорхона, қалъаи таърихӣ ва ҳавлии ҳунармандони мардумӣ дар фазои хуби маърифатӣ баргузор гардида, барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои таърихӣ ва таҳкими руҳияи ватандӯстии онҳо заминаи мусоид фароҳам овард.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоздиди маърифатӣ аз ганҷинаҳои таърих
Scroll to Top