User Rating: 



/ 1
- Details
-
10.11.2026 09:42
-
Азназаргузаронӣ: 18
Санаи 6 - ноябри соли 2026 дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Хуҷанд ҳайати дипломатии Федератсияи Русия таҳти роҳбарии Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кошкин Сергей Николаевич бо ҳамроҳии Консулгарии генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Сергей Васильевич Ланкин ва як қатор шахсони масъул аз Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии "Маҷмааи фарҳангию таърихии" Қалъаи Хуҷанд "боздид ба амал оварданд.
Меҳмононро Омири кулли муассиса Иброҳим Иброҳимов самимона истиқбол намуда, онҳоро ба муносибати Рузи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 6 - ноябр таҷлил мегардад,табрику таҳният гуфт.
Ҳамзамон, зимни мулоқот оид ба аҳамияти ин санаи таърихӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, волоияти қонун ва рушди ҷомеаи демократӣ ибрози назар карда шуд.
Сипас, ҳайати меҳмонон бо роҳбаладии муассиса аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ боздид намуда бо таърихи кӯҳанбунёди миллати тоҷик, бозёфтҳои нодир, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва мероси ғании ниёгони гузаштагон шинос шуданд.
Ҳамчунин меҳмонон аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ дидан намуда бо тарзи зиндагии суннати расму оинҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ аз наздик ошно шуданд.
Боздиди ҳайати дипломатии Федератсияи Русия аз Қалъаи таърихии Хуҷанд дар фазои самимӣ ва дӯстона баргузор гардида, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва густариши ҳамкориҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар фарҷоми боздид ҳайати дипломатии Федератсияи Русия барои пазироии самимӣ, истиқболи гарму самимӣ ва муаррифии ҳамаҷониба ба роҳбарият ва кормандони муассиса изҳори сипос намуданд.
Валӣ Набизод- котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"
Шарҳ додан