User Rating: 



/ 0
- Details
-
10.11.2026 09:09
-
Азназаргузаронӣ: 0
Шиносоии хонандагони синфи 7”А”-и Мактаби таҳсилоти ғайридавлатии ба номи Пӯлотов П. дар таътили тирамоҳӣ бо ёдгориҳои таърихӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Метавон гуфт, ки таътили тирамоҳӣ барои хонандагон фурсати муносиб барои ғанӣ гардонидани дониш, ҷаҳонбинӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва шиносоӣ бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик ба шумор меравад.
Бо мақсади самаранок истифода бурдани рӯзҳои таътили тирамоҳӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ хонандагони синфи 7”А”-и Мактаби таҳсилоти ғайридавлатии ба номи Пӯлотов П. таҳти роҳбарии омӯзгор Маҳмудова Шоира ба як сайёҳати маърифатӣ ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии Қалъаи таърихии Хуҷанд ва ҳавлиҳои ҳунармандони мардумии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд.
Нахуст, хонандагон аз қалъаи таърихӣ боздид намуданд, ки ин ёдгории арзишманди таърихӣ яке аз рамзҳои куҳанбунёди шаҳри Хуҷанд буда, аз таърихи пурифтихор ва тамаддуни бойи мардуми тоҷик шаҳодат медиҳад. Дар ҷараёни боздид хонандагон аз давраҳои гуногуни таърихӣ бо санъати тасвирӣ, кундалкорӣ, кандакорӣ, ашёҳои нодир, дастхатҳои ашъори шоирони классики форсу тоҷик ва дигар ёдгориҳои қадима аз наздик ошно гардиданд. Боздид аз ин макони таърихӣ барои хонандагон имконият фароҳам овард, ки донишҳои назариявии худро оид ба таърихи халқи тоҷик боз ҳам мукаммал намоянд.
Қисмати дигари сайёҳати маърифатӣ боздид аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ бахшида шуд. Дар ин макони фарҳангӣ хонандагон бо намунаҳои гуногуни ҳунарҳои қадимаи мардумӣ, аз ҷумла бофандагӣ ва кулолгарӣ ошно гардиданд. Ҳунармандони мардумӣ ба хонандагон оид ба таърихи пайдоиш, хусусият ва тарзи иҷрои ин ҳунарҳои қадима маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Хонандагон бо шавқу завқи зиёд ба раванди бофандагӣ, омода намудани матоъ ва эҷоди нақшу нигор таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Ҳамзамон бо ҳунари кулолгарӣ, тарзи омода намудани зарфҳои гуногуни сафолӣ ва маҳорати дастони ҳунармандон шинос шуданд. Бале, бофандагӣ ва кулолгарӣ аз ҷумлаи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ буда, дар тӯли асрҳо аз насл ба насл гузашта то ба имрӯз арзишу аҳамияти худро нигоҳ доштааст. Маҳз бо тавассути чунин ҳунарҳои мардумӣ зебопарастӣ, завқи баланди эҷодӣ, меҳнатдӯстӣ ва ҷаҳонбинии мардуми тоҷик таҷассум меёбад.
Воқеан, ин гуна чорабиниҳои беруназсинфӣ дар тарбияи насли наврас нақши хело муҳим доранд. Зеро хонандагон дар баробари гирифтани маълумоти нав ба қадри меҳнати инсонӣ мерасанд ва дар қалби онҳо ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни миллати хеш боз ҳам тақвият меёбад.
Дар фарҷоми боздиди маърифатӣ хонандагон бо ҳамроҳи омӯзгор ва роҳбари гуруҳ Маҳмудова Шоира, дар саҳнаи Қалъаи таърихии Хуҷанд акси хотиравӣ гирифтанд. Ин лаҳзаи рамзӣ на танҳо хотираи ширин аз як рӯзи пурмазмуни таътили тирамоҳӣ, балки нишонаи эҳтирому арҷгузории хонандагон ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик мебошад.
Акси дастаҷамъона дар назди ин ёдгории таърихӣ лаҳзаҳои хушу фаромӯшнашавандаи сайёҳатро абадӣ гардонида, дар қалби хонандагон ҳисси ифтихор аз таърихи куҳанбунёди Ватанро боз ҳам тақвият бахшида, онҳоро ба гиромидошти арзишҳои миллӣ бештар ҳидоят менамояд.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Шарҳ додан