Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Конситутсия – оинаи давлатдории миллӣ ва арзишҳои таърихӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
 Дирӯз ба муносибати таҷлили Рӯзи Конситутсияи Ҷ умҳурии Тоҷикистон дар “Идораи телевизон ва радиои вилояти Суғд” намоиши телевизонии “Назаре ба оина” баргузор гардид. Барномаи мазкур бо ҳадафи арҷгузорӣ ба арзишҳои конситутсионӣ, тарғиби худшиносии миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа роҳандозӣ шуда, дар он олимону адибон, намояндагони соҳаҳои илму фарҳанг ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар ҷараёни барнома масъалаҳои марбут ба аҳамияти таърихию сиёсии қабули Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин намоиши телевизонӣ Хоҷаева Муҳаррамахон, мудири шуъбаи таърихи давраи муосири Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” иштирок намуда, доир ба нақши муассисаҳои фарҳангӣ, бахусус осорхонаи таърихӣ дар тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани маърифати таърихию ҳуқуқии ҷомеа ибрози андеша намуд. Номбурда зимни баромади хеш таъкид дошт, ки осорхона ҳамчун махзани таъриху фарҳанг ва ҳофизаи таърихии миллат дар ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва шинос намудани ҷомеа бо марҳилаҳои муҳими таърихи давлатдории тоҷикон нақши муҳим доранд. Ҳамзамон, ӯ оид ба фаъолияти Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, корҳои тарғиботию маърифатӣ, ҷамъоварӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, муаррифии шахсиятҳои барҷастаи миллат ва баргузории чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки дар осорхона ҷиҳати таҷассум ва инъикоси рӯйдодҳои муҳими таърихии Тоҷикистон, аз ҷумла қабули Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаҳои иттилоотию маърифатӣ омода ва ташкил карда шудаанд. Ин гӯшаҳо бо истифода аз маводҳои ҳуҷҷатӣ, аксҳо, нигораҳо ва маълумоти таърихӣ ба тамошобинон имкон фароҳам меоранд, ки маълумоти бештар пайдо намоянд. Ба гуфти Хоҷаева Муҳаррамахон ташкили чунин гӯшаҳои иттилоотӣ ва намоиши мавзӯӣ дар осорхона барои боз ҳам амиқтар дарк намудани аҳамияти Конситутсия, эҳтиром ба қонун ва шинохти арзишҳои истиқлоли давлатӣ мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин барномаҳои телевизонӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ аҳамияти хоса дорад. Зеро Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқии кишвар, балки таҷассумгари ормонҳои миллӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва заминаи устувории пешрафту суботи ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКонситутсия – оинаи давлатдории миллӣ ва арзишҳои таърихӣ
Scroll to Top