Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дарёи Сир мавҷ мезанад, тирамоҳ ғазал мехонад

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Тирамоҳ омад фасле, ки табиат бо рангҳои тоза ба зиндагӣ маънии дигар мебахшад. Баргҳои дарахтон сабз зард мешаванд, насими мулоими саҳарӣ ба хазон бӯи хотира меорад ва соҳили дарёи Сир дар оромии тирамоҳӣ гӯё ба китоби бузурги андеша табдил меёбад.
Бале, дар Хуҷанди бостонӣ ҳар фасл ҳусни худро дорад. Аммо фасли тирамоҳ дар соҳили дарёи Сир ранги дигар дорад. Хусусан дар Боғи фарҳангию фарғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию фароғатии “Қалъаи Хуҷанд”, ки дар канори дарё доман паҳн кардааст, табиат ва таърих, обу шеър ва гузаштаву имрӯз ба ҳам мепайванданд.
Субҳи тирамоҳӣ,осмон софу ҳаво андаке салқин, баргҳои заррин зери қадамҳои роҳгузарон нарм- нарм садо медиҳанд. Насими ҳаво аз миёни шохаҳои дарахтон гузашта, баргҳои хазонро ба ҳар сӯ меронанд, ки аз соҳили дарё садои мавҷҳо ба гӯш мерасанд. Об беист ҷорист, мавҷ мезанад ва ба соҳил бармехӯрад, гӯё оби дарё бо мавҷи худ сухан мегӯяд. Дарёи Сир чандин аср инҷониб шоҳиди таърихи ин сарзамини бостонӣ буда, мавҷҳои он наслҳои зиёдеро дидааст,ба монанди омадан ва рафтани зиёди одамон, рафтан ва гусели меҳмонон, шукуфтани дарахтону гулу гулбуттаҳо ва гузаштани фаслҳоро аз сар гузаронидааст. Аммо то имрӯз дарёи Сир ҳамоно дар ҳаракат аст, ки умри инсон ҳам ҳамин гуна дарё босуръат пеш меравад. Мисли мавҷе меояд ба соҳил мерасад ва боз ба ҷараёни умумии об ҳамроҳ мешавад. Лаҳзае, ки гузашт дигар бознамегардад, барге аз шоха канда шуд, дигар ба дарахт барнамегардад. Рӯзе ки гузашт, низ дигар боз намегардад ва ҳамин манзараи аҷиб инсонро ба андешаҳои фалсафӣ мебарад, зеро ки дарёи Сир мавҷ мезанад, тирамоҳ ғазал мехонад. Дар миёни ин муҳити дилнишин мақбараи рамзӣ ва ҳайкали Шайх Камоли Хуҷандӣ ҷой гирифтааст,ки қомати баланди шоир дар рӯ ба рӯи рӯд истода, бо ҷараёни абадии об ҳамсуҳбат шуда бошад... Ҳар касе, ки ба чеҳраи ҳайкал менигарад, эҳсос мекунад, ки Камол ҳанӯз ҳам ба мавҷҳои дарёи Сир менигарад ва аз гузашти рӯзгор андеша мекунад. Шайх Камоли Хуҷандӣ аз бузургтарин суханварони адабиёти классикии форсу тоҷик мебошад. Суханони шоир асрҳои зиёдеро тай намуда, то замони мо омада расидааст, ки бо ғазалҳои пурэҳсосаш ишқ, зебоӣ, вафо, инсон ва гузашти умрро васф мекунад. Дар ин ҷо дар соҳили дарёи Сир тасаввур кардан осон аст, ки шоир рӯ ба рӯи дарё истода, мавҷҳои онро тамошо мекардааст. Шояд ҳаракати беисти об ӯро ба андешаи гузаштани умр мебурда бошад. Дарё мавҷ мезанад, мавҷҳо мегузаранд ва умр низ мисли мавҷи дарё ором-ором аз пеши назари чашми инсон мегузарад. Фасли тирамоҳ бошад, ин маъниро бо ҳам равшантар мекунад, ки табиат либоси фаслии худро иваз мекунад. Дарахте, ки чанд моҳ пеш бо баргҳои сабз мефахрид, имрӯз бо шохаҳои нимурён ба осмони тирамоҳ менигарад. Аммо ин хазон нишонаи тамом шудани ҳаёт нест, балки табиат баъди фасли тирамоҳ боз баҳорро интизор мешавад. Ин аст дарси бузурги табиат, ҳар поён оғози дигар дорад, чуноне ки дар боғи фароғатӣ ин эҳсосот бештар ба дили инсон мерасад. Роҳравҳои боғи истироҳатӣ бо баргҳои заррин пӯшида шудаанд, кӯдакон бозӣ мекунанд, ҷавонон сайру гашт менамоянд, пиронсолон дар курсиҳои гӯшаҳои ороми боғи истироҳатӣ зери шуъои офтоби форам нишаста ба хаёлоти умр андеша мекунанд.
Воқеан, табиат либосашро иваз мекунад, аммо хотираи инсонҳои бузург боқӣ мемонад. Баргҳои дарахтон мерезанд, аммо номи Шайх Камол намемирад, мавҷҳо мешикананд, аммо ғазали шоир идома меёбад. Рӯзҳо мегузаранд, фаслҳои табиат иваз мешаванд, наслҳо меоянд ва мераванд, дарёи Сир бошад, ҳамоно равон аст. Ва ҳар тирамоҳ вақте ки баргҳои заррин ба рӯйи об меафтанд, гӯё табиат бори дигар ба мо як ҳақиқати одиро хотиррасон мекунад. Шояд аз ҳамин сабаб соҳили дарёи Сир дар фасли тирамоҳ ин қадар дилнишин менамояд.
Албатта, дар ин ҷо инсон на танҳо табиатро мебинад, балки дар оинаи хаёлот худро пайдо мекунад, ки гӯё Шайх Камоли Хуҷандӣ аз соҳили таърих ба мо менигарад.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДарёи Сир мавҷ мезанад, тирамоҳ ғазал мехонад
Scroll to Top