User Rating: 



/ 0
- Details
-
22.10.2026 10:16
-
Азназаргузаронӣ: 10
Ҳунари мардумии миллӣ марзу ҳудуд надорад. Он метавонад миёни миллатҳо, новобаста аз забон, миллат ва макони зист ба ҳам наздик кунад. Фаъолияти ҳунармандони тоҷик дар хориҷи кишвар низ аз ҳамин рисолат сарчашма мегирад. Яке аз ҳунармандон Хайрулло Дадобоев, ки зодаи шаҳри Хуҷанди бостонӣ, солҳои зиёд дар Аврупо, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба муаррифӣ ва тарғиби санъати мусиқии тоҷик машғул ва кору фаъолият дорад.
Хайрулло Дадобоев, доиранавози тоҷик ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медали “Хизмати шоиста”, аз ҷумлаи ҳунармандоне ба шумор меравад, ки барои муаррифии фарҳангӣ миллӣ берун аз марзҳои Ватан саҳм гузоштааст.. Фаъолияти ӯ дар кишвари Олмон танҳо ба иҷрои барномаҳои мусиқӣ бо созҳои дӯстдорони мусиқӣ, фаҳмонидани вижагиҳои навозиши доира ва бедор кардани шавқу рағбати наслҳои гуногун ба фарҳанги тоҷик, яке аз самиҳои фаъолиятӣ ҳунарӣ маҳсуб меёбад.
Дар доираи густариши робитаҳои фарҳангӣ ва таҳкими муколамаи байнифарҳангӣ гуруҳе аз меҳмонони Ҷумҳурии Федеративии Олмон, ки ба омӯзишу шинохти фарҳанги тоҷик,бахусус созҳои мусиқии миллӣ ва санъати навозиши доира таваҷҷуҳ доранд, бо сарварии Ута Шиллинг, номзади илмҳои филология ва шарқшинос ба шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд. Ин боздид барои меҳмонон имкони муносиб фароҳам овард, то бо таъриху тамаддуни куҳани халқи тоҷик ва анъанаҳои ҳунармандии мардумӣ аз наздик шинос шаванд.
Меҳмононро дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов хайру мақдам гуфта, ташрифи онҳоро нишонаи таваҷҷуҳ ба таъриху фарҳанги тоҷикон арзёбӣ намуд.
Сипас, роҳбалад Абӯбакр Аминов меҳмононро бо толорҳои намоиши осорхонаи таърихӣ шинос намуд. Зимни боздид меҳмонон бо намунаҳои гуногуни мероси таърихию фарҳангӣ, нигораҳои арзишманди нодир ва анъанаҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Инчунин боздид аз қалъаи таърихӣ ва ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ яке аз бахшҳои ҷолиби сафар ба шумор мерафт. Дар чунин муҳит меҳмонон на танҳо бо намунаҳои ашёҳои нодир ва ҳунарҳои мардумӣ ошно шудаанд, балки имконият пайдо намуданд, ки пайванди фарҳангро бо зиндагии ҳаррӯза, ки аз суннатҳои қадимаи ҳунарҳои мардумӣ дарак медод, шинос гардиданд.
Бале, таҷрибаи фаъолияти Хайрулло Дадобоев нишон медиҳад, ки ҳунари миллӣ метавонад берун аз муҳити суннатии худ низ мавқеъ пайдо кунад ва таваҷҷуҳи дӯстдорони фарҳангҳои гуногунро ба худ ҷалб намояд. Сафари меҳмонони Олмонӣ ба Хуҷанд ва шиносоии онҳо бо мероси таърихию фарҳангии вилояти Суғд низ дар ҳамин замина қобили арзёбӣ мебошад.
Бешубҳа, садои доираи тоҷик, ки бо маҳорати ҳунармандон дар саҳнаҳои Аврупо танинандоз мешаванд, танҳо садои як сози мусиқӣ нест, балки он садои таърих, ҳувияти миллӣ ва фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти муҳим доранд. Зеро фарҳанг, новобаста аз тафовути забону миллат, воситаи муассири ба ҳам наздик намудани мардумон ва ҷалби бештари дӯстдорони фарҳанги ҷаҳонӣ ба мероси пурғановати миллати тоҷик ба шумор меравад.


Валӣ Набизод - котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"
Шарҳ додан