User Rating: 



/ 0
- Details
-
22.10.2026 10:07
-
Азназаргузаронӣ: 10
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, тарбияи маънавӣ ва шиносоии донишҷӯён бо мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик, Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд тасмим гирифт, ки дарсҳои амалии худро дар Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ баргузор намояд.
Дар доираи ин иқдом дар Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки омӯзгорони фанни маърифати оиладорӣ Раҳматова С. ва Боқиева М., роҳбари синф ва сарпарасти гурӯҳ Раҳимова Р. маҳфили омӯзишӣ баргузор гардид.
Зимни баргузории маҳфил донишҷӯён бо таъриху фарҳанги ниёгон, ҳаёт ва фаъолияти шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ ва арзишҳои миллӣ шинос шуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба маърифати оиладорӣ, эҳтироми арзишҳои оилавӣ, одобу ахлоқ ва нақши оила дар ҷомеа мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Баргузории чунин дарсҳои амалӣ барои васеъ намудани ҷаҳонбинии донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангӣ ва таҳкими ҳисси эҳтиром ба таъриху тамаддуни миллӣ мусоидат менамояд.
Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ минбаъд низ дар самти муаррифии мероси фарҳангӣ ва ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо муассисаҳои фарҳангӣ саҳми арзандаи худро мегузорад.

Таҳмина Тошматова - роҳбалади
Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ
Шарҳ додан