Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сипари суғдӣ бо тасвири аспсавор ҳамчун сарчашмаи омӯзиши фарҳанги моддии асри VIII

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Мероси бостоншиносии Суғди қадим дар омӯзиши таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳарбӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ мавқеи муҳим дорад. Бозёфтҳои аз ёдгориҳои таърихии ин сарзамин бадастомада дар бораи рушди ҳунармандӣ, санъати тасвирӣ, таҷҳизоти ҳарбӣ ва ҷаҳонбинии сокинони минтақа дар асрҳои миёна маълумоти арзишманд пешниҳод менамоянд. Дар байни чунин бозёфтҳо осори аз қалъаи Муғ кашфшуда бо аҳаммияти таърихӣ ва илмии худ фарқ мекунанд.
Қалъаи Муғ яке аз ёдгориҳои муҳими таърихии Суғд ба шумор рафта, бо маҷмуаи нодири ҳуҷҷатҳои хаттӣ ва ашёи фарҳанги моддии асрҳои VII–VIII машҳур аст. Бозёфтҳои ин мавзеъ барои равшан намудани ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи суғдӣ, аз ҷумла сохтори иҷтимоӣ, муносибатҳои сиёсӣ, ҳунарҳои амалӣ ва фарҳанги ҳарбӣ, заминаи боэътимоди сарчашмашиносӣ фароҳам меоранд.
Дар солҳои 1930-юм ҳангоми омӯзиши қалъа маҷмуаи бузурги бозёфтзои таърихи кашф гардид. Дар баробари ҳуҷҷатҳои хаттӣ, тангаҳо, зарфҳо, матоъҳо ва ашёи рӯзгор, пораҳои сипари чӯбини бо пӯст ё паргамент рӯйпӯшшуда пайдо шуданд. Дар яке аз ин пораҳо тасвири рангаи аспсавори сиреҳпӯш боқи мондааст. Бозёфт имрӯз дар коллексияи Осорхонаи давлатии Эрмитажи Санкт-Петербург нигаҳдори мешавад.
Дар байни осори марбут ба ин ёдгорӣ пораи сипар бо тасвири аспсавор таваҷҷуҳи махсусро ҷалб мекунад. Ин бозёфт намунаи нодири истифодаи унсурҳои тасвирӣ дар ашёи дорои вазифаи ҳарбӣ буда, барои таҳқиқи хусусиятҳои санъати амалӣ ва таҷҳизоти ҷангии суғдиён аҳаммияти илмӣ дорад. Мақсади баррасии ин ёдгорӣ муайян намудани ҷойгоҳи он дар фарҳанги моддии Суғди асримиёнагӣ, шарҳи аҳаммияти тасвири аспсавор ва нишон додани нақши чунин бозёфтҳо дар омӯзиши таърихи минтақа мебошад.
Мувофиқи таҳқиқоти мутахассисон, либоси ҷангии аспсавор эҳтимолан аз зиреҳи лавҳагӣ иборат буда, дастони ӯ низ бо ҷузъҳои муҳофизатӣ пӯшида шудаанд. Ин хусусиятҳо бо дигар тасвирҳои ҷанговарони суғдӣ муқоиса карда мешаванд ва барои таҳқиқи таърихи либоси ҷангӣ аҳаммият доранд.
Аз ҷиҳати услубӣ, тасвири рӯйи сипар бо анъанаҳои санъати тасвирии Суғди асримиёнагӣ ҳамоҳангӣ дорад. Дар он таваҷҷуҳ ба симои савора, ҳаракати асп ва ҷузъиёти либоси ҷангӣ мушоҳида мешавад. Ин хусусиятҳо нишон медиҳанд, ки ороиши ашёи амалӣ низ метавонист бо маҳорат ва завқи баланди бадеӣ иҷро гардад.
Бо вуҷуди ин, аз рӯйи тасвир танҳо муайян кардани шахсияти аспсавор ё соҳибии сипар ба шахси мушаххаси таърихӣ имконнопазир аст. Чунин хулосаҳо далелҳои иловагии хаттӣ ё бостоншиносиро талаб мекунанд.
Пораи сипар бо тасвири аспсавор аз қалъаи Муғ яке аз ёдгориҳои нодири фарҳанги моддии Суғди асримиёнагӣ мебошад. Он ба ибтидои асри VIII тааллуқ дошта, бо сохтори чӯбин, рӯйпӯши паргаментӣ ва тасвири рангаи ҷанговари савора барои омӯзиши таърихи ҳунармандӣ, санъати тасвирӣ ва таҷҳизоти муҳофизатии давр аҳаммияти илмӣ дорад.
Дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар мавзӯи Маданияти халқҳои Осиёи Миёна дар истилои Араб акси пораи сипар бо тасвири аспсавор ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Арзиши асосии бозёфт дар он аст, ки он маълумоти сарчашмаҳои хаттиро бо далелҳои воқеии фарҳанги моддӣ пурра менамояд. Омӯзиш ва муаррифии чунин осор барои равшан сохтани таърихи Суғд, таҳқиқи анъанаҳои ҳунарии ниёгон ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Умеда Юлдошева – роҳбалади
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСипари суғдӣ бо тасвири аспсавор ҳамчун сарчашмаи омӯзиши фарҳанги моддии асри VIII
Scroll to Top