Санаи 16 - октябри соли 2026 Абдураҳим Ҷабборов дар маросими марбут ба XI Биенналеи байналмилалии санъати муосир, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, иштирок намуда бо дипломи байгналмилалӣ қадрдонӣ шуд. Ин дастовардро метавон нишонаи қадршиносии фаъолияти эҷодӣ ва заҳматҳои ӯ дар соҳаи фарҳангу санъат арзёбӣ намуд.
Ин ҳамоиши барномаи Биенналеи XI- байналмилалии санъати муосир яке аз майдонҳои муаррифии дастовардҳои эҷодӣ ва табодули таҷрибаи намояндагони гуногуни олами санъат ба шумор меравад. Чунин чорабиниҳо барои шиносоӣ бо равандҳои нави ҳунарӣ, густариши робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии имкониятҳои эҷодии иштирокчиён заминаи мусоид фароҳам меоранд. Иштирок ва ба даст овардани диплом дар чунин чорабинии байналмилалӣ барои Абдураҳим Ҷабборов рӯйдоди муҳим буда, ҳамзамон боиси ифтихори ҳамкорон ва муҳити фарҳангии шаҳри бостонии Хуҷанд мебошад. Ин муваффақият бори дигар нишон медиҳад, ки заҳмати содиқона дар роҳи фарҳангу ҳунар метавонад боиси эътироф ва қадршиносӣ гардад. Абдураҳим Ҷабборов аз ҷумлаи рассомони тоҷик буда, рассом- монументалист, академики Академияи мусаввараи Тоҷикистон, узви Иттифоқи рассомони Русия ва Узбекистон, Федератсияи байналмилалии рассомон, барандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ ва дорандаи унвони фахрии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Ӯ дар соҳаи санъати тасвирӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ саҳми назаррас дошта ба ҳайси дотсенти факултаи санъати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” фаъолият мекунад.
Воқеан, шаҳри Хуҷанд ҳамчун яке аз марказҳои қадимаи фарҳангу тамаддуни тоҷикон таърихи ғанӣ ва мероси пурғановати маънавӣ мебошад. Дар ҳифз, омӯзиш ва муаррифии ин мерос нақши кормандони осорхонаи таърихӣ ва аҳли фарҳанг басо муҳим аст. Фаъолияти онҳо барои нигоҳдории арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва ба наслҳои оянда расонидани мероси ниёгон аҳамияти хоса дорад.
Дастовардҳои устод, Абдураҳим Ҷабборов низ дар заминаи ҳамин муҳити фарҳангӣ қобили таваҷҷуҳ аст. Қадрдонӣ бо дипломи байналмилалӣ метавонад барои идомаи фаъолияти эҷодӣ, такмили маҳорати касбӣ ва иштирок дар чорабиниҳои минбаъдаи фарҳангиву ҳунарӣ ангезаи тоза мебахшад.
Бале, Абдураҳим Ҷабборов яке аз рассомони фаъол буда, фаъолияти эҷодии худро дар самти рушди санъати тасвирӣ, эҷоди асарҳои бадеӣ ва таҳияи ангораҳои намоишӣ ба роҳ мондааст. Ӯ аз соли 1990 инҷониб дар намоишҳои асарҳои эҷодии рассомони шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироки доимӣ дошта, тавассути фаъолияти пурсамараи худ дар муаррифӣ ва рушди санъати тасвирӣ саҳм мегузорад. Фаъолияти тӯлонии эҷодии Абдураҳим Ҷабборов аз шавқу рағбати беандоза ба ҳунари рассомӣ, ҷустуҷуҳои эҷодӣ ва талошҳои пайвастаи ӯ дар роҳи офаридани асарҳои дорои арзиши бадеӣ шаҳодат медиҳад. Иштироки мунтазами ӯ дар намоишҳои сатҳҳои гуногун имкон фароҳам овардааст, ки маҳсули эҷодаш ба доираи васеи дӯстдорони санъат пешниҳод гардида бо эҷодиёти дигар рассомон ҳамоҳанг ва муқоиса карда шавад.
Аз ин рӯ, Абдураҳим Ҷаббороа аз соли 2021 узви Шӯрои бадеӣ ва роҳбари бадеии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд” мебошад. Дар ин вазифа ӯ дар самти таҳияи ғояҳои бадеӣ, омода намудани маводи тасвирӣ ва ороишии намоишгоҳҳо, инчунин татбиқи ҳадафҳои эҷодию фарҳангии муассиса фаъолият менамояд. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ӯ таҳияи ангораҳои намоишӣ мебошад. То имрӯз ӯ зиёда аз 300 ангораи намоишӣ офаридааст, ки барои тарҳрезӣ, ороиш ва омодасозии намоишҳо аҳамияти хос доранд. Ҳамзамон, Абдураҳим Ҷабборов муаллифи зиёда аз 400 асари бадеӣ буда, дар эҷодиёти худ ба имкониятҳои гуногуни санъати тасвирӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Ҳар як асари рассом натиҷаи мушоҳида, андешаронӣ, ҷустуҷӯӣ шаклу ранг ва кӯшиши инъикоси дидгоҳи инфиродии эҷодкор ба олами атроф мебошад.Фаъолияти Абдураҳим Ҷабборов намунаи пайванди эҷодиёти шахсӣ бо фаъолияти касбӣ дар муассисаи фарҳангӣ ба шумор меравад Таҷрибаи чандинсолаи иштирок дар намоишҳои гуногун, офаридани садҳо асари бадеӣ ва таҳияи ангораҳои намоишӣ аз доираи васеи фаъолияти эҷодии ӯ дарак медиҳанд.
Иштироки рассоми ботаҷриба Абдураҳим Ҷабборов дар XI- Биенналеи санъати муосири шаҳри Тошканд рӯйдоди муҳим дар фаъолияти эҷодии ӯ ба шумор меравад. Ин чорабинии байналмилалии фарҳангӣ барои муаррифии дастовардҳои санъати муосир, табодули таҷрибаи эҷодӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни намояндагони кишварҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам меорад.
Қобили зикр аст, ки тибқи қарори ҳайати ҳакамони байналмилалӣ, Абдураҳим Ҷабборов бо дипломи хотиравӣ сарфароз гардидааст. Ин қадрдонӣ барои ӯ на танҳо нишонаи эътирофи иштироки фаъолона дар ин чорабинии бонуфузи фарҳангӣ, балки ангезаи тоза барои идомаи ҷустуҷуҳои эҷодӣ ва офаридани асарҳои нави бадеӣ мебошад. Иштирок дар чунин ҳамоиши байналмилалӣ имкон медиҳад, ки ҳунару истеъдоди рассомон муаррифӣ гардида, таҷрибаи эҷодии онҳо бо дастовардҳои санъати муосири ҷаҳонӣ ҳамоҳанг шавад. Ҳамзамон чунин чорабиниҳо дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, густариши ҳамкориҳои эҷодӣ ва муаррифии имкониятҳои санъати миллӣ дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим доранд.
Боиси хушнудист, ки Абдураҳим Ҷабборов дар баробари фаъолияти бисёрсолаи эҷодӣ ва саҳми арзандаи худ дар рушди санъати тасвирӣ, имрӯз низ дар чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ иштирок намуда, барои муаррифии ҳунари рассомӣ талош меварзад.
Дар фарҷом Абдураҳим Ҷабборов ба муносибати иштирок дар XI- Биенналеи санъати муосири шаҳри Тошканд ва сазовор гардидан ба дипломи хотиравӣ самимона табрик гуфта ба ӯ тансиҳатӣ, умри дароз, руҳияи баланди эҷодӣ, илҳоми саршор ва комёбиҳои нав ба нав орзу менамоем.
Бигзор ин муваффақият оғози дастовардҳои боз ҳам бузургтар дар роҳи эҷод ва муаррифии санъати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бошад.