User Rating: 



/ 0
- Details
-
20.10.2026 10:07
-
Азназаргузаронӣ: 1
Тирамоҳи заррин бо рангу таровати хоси худ ба ҳар гӯшаи диёр ҳусни дигар мебахшад. Дар ин фасли сол табиат гӯё либоси нав ба бар мекунад, баргҳои сабз ба зарду сурх мубаддал шуда, насими мулоими тирамоҳӣ навозиш мекунад. Дар ҳудуди Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, Чойхонаи миллии “Қалъаи Хуҷанд”ва ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ ҷойгир буда, дар ин макони таърихӣ фазои хосеро ба вуҷуд меоранд. Ҳангоми қадам задан дар роҳравҳои қалъа кас худро гӯё ба саҳифаҳои зиндаи таърихи чандинсола эҳсос мекунад. Аз як сӯ садои кору фаъолияти ҳунармандон ба гӯш мерасад, вале тирамоҳ бошад ба ин муҳити таърихӣ ҳусни дигар зам мекунад. Нури офтоби тирамоҳӣ ба хиштҳои куҳан тобиши нарм бахшида манзараеро ба вуҷуд меорад, ки ҳам барои дӯстдорони таърих ва ҳам ҳаводорони табиат ҷолиб мебошад.
Воқеан, меҳмони қалъа ҳанӯз аз дарвозаи қалъа ворид нашуда, ба як манзараи дилнишин рӯ ба рӯ мегардад. Дар пеши назар Чойхонаи миллии “Қалъаи Хуҷанд”қарор мегирад. Чойхона дар ин муҳити таърихӣ на танҳо макони истироҳату фароғат, балки гӯшаи хоси фарҳанги меҳмондории тоҷикон ба шумор меравад. Ва ҷолиб он аст, ки дар ду тарафи даромадгоҳи чойхона гулҳои якранги сурх шинонида шуданд. Гулҳои сурх дар пасманзараи деворҳои таърихии қалъа ба чашм хеле зебо мерасанд. Онҳо гӯё ду ҷониби роҳи меҳмоннавозиро оро дода, ҳар меҳмонро бо чеҳраҳои сурху хандон пешвоз мегиранд. Тамошобин эҳсос мекунад, ки гӯё худи табиат барои истиқболи меҳмонон либоси идона ба бар кардааст.
Албатта, дар чунин рӯзҳои тирамоҳӣ қалъаи таърихӣ боз ҳам дилработар менамояд. Баргҳои тиллоранги дарахтон, ҳавои тирамоҳӣ, ранги сурхи гулҳо ва симои таърихии қалъа як манзараи хотирмонро ба вуҷуд меоранд. Шояд аз ҳамин хотир бошад, ки ҳар меҳмоне, ки аз дарвозаи қалъа ворид мешавад, пеш аз ҳама бо як манзараи самимӣ рӯ ба рӯ мегардад, гулҳои сурхе, ки дар ду ҷониби даромадгоҳи чойхона шукуфтанд ва гӯё бо чеҳраи хандон мегӯянд," Марҳабо, ба қалъаи таърихӣ барои мо меҳмон азиз аст!"
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"
Шарҳ додан