Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Форуми байналмилалии “Мероси Суғди бостонӣ”- бозтоби таъриху фарҳанг дар шаҳри Хуҷанд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Санаи 17 – октябри соли 2026 бо ташаббуси Раёсати муассисаи давлатии “Донишкадаи байналмилаии Хуҷанд”- и Донишгоҳи байналмилаллии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, Форуми байлалмилалии “Мероси Суғди бостонӣ” баргузор гардид.
Дар форуми мазкур сардори кумитаи сайёҳии вилояти Суғд, Абдуҳафиз Сайфиддинов, меҳмонони хориҷӣ, устодону омӯзгорон, олимон, донишҷӯён, инчунин намояндагони сохторҳои марбут ва васоити ахбори омма иштирок намуданд. Меҳмонони форумро Иброҳим Иброҳимов омири кулли муассисаи мазкур самимона истиқбол гирифта бо хушнудӣ хайра мақдам гуфт.Зимни пазироии меҳмонон ба онҳо дар бораи таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва мероси пурғановати таърихию фарҳангии тоҷик маълумоти мухтасар пешкаш намуд.
Сипас, роҳбаладони муассиса меҳмононро бо толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ шинос намуда, оид ба таъриху тамаддуни бостонии халқи тоҷик, бозёфтҳои нодир, санъати тасвирӣ ва осори гаронбаҳои таърихию фарҳангӣ маълумоти мушаххас доданд.
Форуми мазкур дар ҳавлии ҳунармандони мардумӣ бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардида, дар доираи он растаҳои намоишии муассисаҳои илмию таълимӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври ҷолиб ороста шуда буданд. Дар растаҳои идона, ки ба ифтихори Ҷашни Меҳргон ороста шуда, намунаҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту меваҷот, ғалладонагиҳо, хушкмеваҳо ва дигар неъматҳои фаровони табиат ва дастовардҳои муассисаҳо, намунаҳои нодири ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти дастӣ ва осори фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон,Истиқлол, Ашт, Спитамент, Зарафшон, Бадахшон ва Кӯлоб, инчунин намояндагии ташкилоти Ҷамъияти саҳомаи пӯшидаи “Ҳумо Бонк” ба маърази тамошо гузошта шуда буданд. Ҳадафи асосии баргузории Форум шинос намудани меҳмонони хориҷӣ ва иштирокчиёни чорабинӣ бо мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд, муаррифии таърихи қадимаи шаҳри Хуҷанд нишон додани имкониятҳои сайёҳӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ дар самти илм, фарҳанг ва сайёҳӣ буд. Ҳамзамон метавон гуфт, ки вилояти Суғд яке аз минтақаҳои дорои таърихи бостонӣ ва фарҳанги ғании кишвари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ нақши муҳим дорад. Шаҳри Хуҷанд низ ҳамчун яке аз шаҳрҳои қадимаи дорои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, анъанаҳои миллӣ ва имкониятҳои васеи сайёҳӣ мебошад. Дар ин замина баргузории Форуми мазкур дар қалъаи таърихӣ аҳамияти хос дорад, зеро ки муҳити таърихии қалъа ба иштирокчиён имкон фароҳам овард, ки маълумоти пешниҳодшударо бо фазои воқеии мероси таърихӣ пайвандӣ дода, таъриху фарҳанги чандинҳазорсолаи ин сарзаминро аз наздик эҳсос намоянд. Дар растаҳои махсуси оросташуда намунаҳои гуногуни ҳунарҳои анъанавии мардуми тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуда буданд. Меҳмонон бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ба монанди пешкаш намудани таомҳои миллии тоҷикон ва сабадбофӣ, сангтарошӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ,тӯппидӯзӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои дастӣ шинос шуданд. Ҳунармандони мардумӣ маҳсули дастони худро муаррифӣ намуда ба меҳмонон оид ба таърихи пайдоиш, хусусиятҳои хоси ҳунарҳо ва тарзи омода намудани баъзе маҳсулоти миллӣ маълумот пешниҳод карданд.
Бахусус, ҳавлии тоҷир ба иштирокчиён имконият дод, ки бо муҳити суннатии мардум, тарзи зиндагӣ ва анъанаҳои мардуми миллати тоҷик аз наздик шинос шаванд.
Воқеан, Форуми байналмилалии “Мероси Суғди бостонӣ” ҳамчунин ба масъалаҳои муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд равона гардидааст. Дар доираи баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, дар толори маҷлисгоҳи маҷмаа идомаи форуми мазкур баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими марбут ба ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангӣ,рушди сайёҳии устувор, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамикунонӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Дар маҷмӯъ, форуми байналмилалии “Мероси Суғди бостонӣ” ҳамчун як чорабинии муҳими илмӣ, фарҳангӣ, намоишӣ ва сайёҳӣ дар самти муаррифии таъриху фарҳанги бостонии Суғд ва имкониятҳои сайёҳии шаҳри Хуҷанд арзёбӣ гардид.
Форуми байналмилалии “Мероси Суғди бостонӣ” нишон дод, ки мероси таърихию фарҳангии Суғд на танҳо сарвати маънавии миллати тоҷик, балки як захираи муҳими рушди сайёҳӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад, ки ба рушди минбаъдаи сайёҳии таърихию фарҳангӣ мусоидат хоҳад намуд.
Дар ҷамъбасти натиҷаҳои Форуми байналмилалии сайёҳии “Мероси Суғди бостонӣ” аз ҷониби намояндагони форум ба иштирокчиён сертификатҳо тақдим карда шуданд.
Валӣ Набизод - котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОФоруми байналмилалии “Мероси Суғди бостонӣ”- бозтоби таъриху фарҳанг дар шаҳри Хуҷанд
Scroll to Top