Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боғи Камол - зебоӣ дар хомӯшии фаслҳо

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Дар асл, боғҳои фароғатӣ оинаи зебоии табиат ва макони оромиши руҳу равони инсон мебошанд. Онҳо дар ҳар фасли сол ҳусну таровати хоси худро доранд. Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ки яке аз мавзеъҳои зебову дилнишини шаҳри бостонии Хуҷанд ба шумор меравад, низ дар фаслҳои гуногуни сол симои худро тағйир медиҳад. Агар дар фасли баҳору тобистон ин макон саршор аз сабзаву хуррамӣ, садои хандаву суҳбати рафтуомади мардумон бошад, пас бо фаро расидани тирамоҳу зимистон гӯё ба хоби орому пурсукути табиат фурӯ меравад.
Бо фаро расидани фасли тирамоҳ дар боғ тадриҷан дигаргуниҳои табиӣ ба назар мерасанд. Баргҳои сабзи дарахтон ранги зард, сурх ва зарҳалӣ гирифта , яке паси дигар ба замин мерезанд. Роҳравҳои боғро баргҳои хазонпӯш фаро мегиранд ва насими салқини тирамоҳӣ онҳоро ба ҳар сӯ парешон месозад. Дар ин айём боғ симои худро тағйир дода,ҷойи онро сабзазори тару тоза ва гулҳои рангорангро манзараҳои хазонрезӣ мегиранд. Садои парандагон камтар ба гӯш мерасад ва шумораи меҳмонони боғ низ тадриҷан коҳиш меёбад. Гӯё табиат барои истироҳат омодагӣ мебинад ва боғ низ ҳамқадами он мегардад. Шояд, фасли тирамоҳу зимистон дар баробари зебоиҳои худ фасли андеша ва ёдоварӣ бошад?. Вақте инсон аз миёни дарахтони хазонрези боғи истироҳатӣ мегузарад ба макони орому андешапарвар табдил меёбад.
Бо фаро расидани фасли зимистон хомӯшии боғ боз ҳам бештар эҳсос мешавад. Дарахтон баргҳои худро аз даст дода, шохаҳои урёни худро ба осмон дароз мекунанд. Ҳавои сард, насими зимистонӣ ва бориши барфу борон аз эҳтимол дур нест. Албатта, хомӯшии боғ дар фасли тирамоҳу зимистон маънои онро надорад, ки ҳаёт дар он қатъ шудааст. Баръакс ин давраи оромӣ барои табиат аҳамияти хос дорад, ки дарахтону гулбуттаҳо давраи истироҳати мавсимиро аз сар мегузаронанд ва барои оғози давраи нави сабзиш омода мешаванд. Гарчанде, ки боғи фароғатӣ дар фасли тирамоҳу зимистон камодам ба назар мерасад, нигоҳбини он набояд қатъ гардад- мегӯяд Абдусалои Қурбонзода - директори боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ. Лек, баръакс ин давраи фасли гузариши табиат барои иҷрои як қатор корҳои муҳим имконият фароҳам меорад. Ҷамъоварии баргҳои рехта, тоза кардани роҳравҳо, буридани шохаҳои хушк, нигоҳубини дарахтону гулбуттаҳо ва омода намудани ниҳолҳо ба сардиҳои зимистон, аз ҷумлаи чунин корҳо мебошанд- гуфт дар идомаи суҳбати кӯтоҳ.
Новобаста аз он ки фасли зебои тирамоҳ фаро расидааст, дар майдончаи назди даромадгоҳи боғи фарҳангӣ корҳои ободониву сабзкорӣ идома доранд. Боғбонони заҳматкаш бо руҳияи болида ва меҳру муҳаббати беандоза ба табиат бо шинонидани гулбуттаҳои рангоранг машғул ҳастанд. Онҳо бо дастони пурэъҷози худ ба даромадгоҳи боги фароғатӣ ҳусни тоза бахшида, муҳити аирофро боз ҳам зебову дилрабо мегардонанд. Майдони назди даромадгоҳи боғи фарҳангӣ бо шинонидани гулу гулбуттаҳои рангоранги мавсимӣ боз симои тоза гирифта,ба макони назаррабо табдил меёбад. Бешубҳа, гулҳои рангоранг ба боғ ҳусни тоза зам намуда, онро ба макони дилписанди истироҳату фароғати сокинону меҳмонон табдил медиҳанд.
Бале, кормандону шахсони масъул ва боғбонони боғи фарҳангӣ бо иҷрои корҳои мавсимӣ барои ҳифзи сабзазор ва омодасозии муҳити боғи истироҳатӣ саҳмгузор ҳастанд. Зеро ободонии боғи истироҳатӣ танҳо бо шинонидани дарахту гулҳои мавсимӣ маҳдуд намешавад. Барои нигоҳ доштани зебоӣ ва таровати он меҳнату заҳмати пайвастаи шабонарӯзӣ, масъулиятшиносӣ ва ғамхории ҳамарӯза зарур аст.
Ҳамзамон, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити боғи фароғатӣ вазифаи танҳо кормандон нест. Ҳар як шаҳрванд бояд дар ҳифзи макони фарҳангиву фароғатӣ саҳмгузор бошад.Риояи тозагӣ, осеб нарасонидан ба дарахтону ниҳолҳо ва муносибати эҳтиёткорона ба муҳити зист нишонаи фарҳанги баланди шаҳрвандӣ мебошад.
Фасли тирамоҳу зимистон ҳарчанд боғро ором ва камҷӯшу хурӯш мегардонанд, албатта ин оромӣ муваққатӣ мебошад.Ин қонуни табиат буда, бо омадани рӯзҳои гармии баҳорӣ табиат боз аз нав бедор мешавад. Дар шохаҳои дарахтон муғчаҳо пайдо шуда, баргҳои нав рӯйида, гулҳо мешукуфанд ва боғи фароғатӣ боз симои пешинаи худро барқарор месозад. Боз садои парандагон баланд мешавад, ҳавои атроф аз наҳкати гулҳои муаттар ба машом мерасад ва роҳравҳои боғ меҳмонону сокинони зиёд рафтуомад мекунанд.
Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки хоби нози фасли тирамоҳу зимистони боғро марҳилаи омодагӣ ба эҳёи табиат номид. Зеро ин манзараи нотакрор ба инсон дарси табиатшиносӣ меомӯзонад, ки пас аз ҳар давраи хомӯшӣ ва оромӣ боз давраи наве фаро мерасад.
Воқеан, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон шояд аз шӯру шавқи тобистона дур бошад, аммо зебогии он аз байн намеравад. Чунки он танҳо симои худро тағйир медиҳад ва дар оромии фаслҳои сард мунтазири баҳори сабзу гулбасар мегардад.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоғи Камол - зебоӣ дар хомӯшии фаслҳо
Scroll to Top