User Rating: 



/ 1
- Details
-
16.10.2026 11:35
-
Азназаргузаронӣ: 12
Бо мақсади ғанӣ гардонидани маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва ҳифзу муаррифии фарҳанги миллӣ, оҳангсози маъруф Абдураҳмон Тошматов якчанд адад китобҳои худро ба монанди: “Таронаи дӯстӣ”, “Офтобак”, “Асарҳои мусиқӣ барои оркестри созҳои халқӣ”, “Таронаҳои Хуҷанд” ва “Оҳанги зиндагӣ”- ро ба Осорхона ройгон тақдим намуд.
Ин китобҳо намунаҳои арзишманди осори мусиқӣ буда, барои омӯзиши фаъолияти эҷодии оҳангсоз, шиносоӣ бо анъанаҳои мусиқии миллӣ ва таҳқиқи рушди санъати мусиқии тоҷик аҳамияти муҳим доранд. Мазмуну мӯҳтавои онҳо самтҳои гуногуни эҷодиёти мусиқиро фаро гирифта, аз ҷумла, сурудҳои дӯстӣ, ватан, модар, асарҳои барои кӯдакон эҷодшуда, мусиқии созӣ барои оркестри созҳои халқӣ ва асарҳои вокалию хориро дар бар мегиранд.
Абдураҳмон Тошматов яке аз намояндагони муҳими мактаби мусиқии тоҷик буда, фаъолияти ӯ ба рушди мусиқии касбӣ, созҳои миллӣ, сурудҳои кӯдакона ва тарбияи мусиқии насли наврас алоқаманд мебошад. Мероси эҷодии ӯ ҳамчун як қисми таърихи мусиқии муосири тоҷик аҳамияти фарҳангӣ дошта, омӯзиш ва муаррифии он дар осорхонаҳо, муассисаҳои фарҳангӣ ва массисаҳои таълимии мусиқӣ муҳим мебошад.
Тақдими чунин осор ба Осорхона намунаи ҳамкории судманди аҳли фарҳанг бо муассисаҳои ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад. Ин иқдом барои ҳифзи осори мусиқӣ, дастрас намудани онҳо ба хонандагон, донишҷӯён ва дӯстдорони санъат мусоидат хоҳад кард.
Кормандони Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ба Абдураҳмон Тошматов барои ин иқдоми нек ва саҳми арзандааш дар пурра гардонидани фонди Осорхона изҳори сипос менамоянд.
Исломова Сайфияхон – корманди илмии
шӯъбаи таърихи давраи муосири
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Шарҳ додан