Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

САБАД - ДАР ҲАВЛИИ ТОҶИР

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Рӯзғордорӣ яке аз бахшҳои муҳими фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, тарзи зиндагӣ, урфу одат, анъанаҳо ва ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирад. Мардуми тоҷик аз қадимулайём бо меҳнатдӯстӣ, меҳмоннавозӣ, эҳтироми калонсолон ва нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ шинохта шудаанд. Дар рӯзғори анъанавии точикон, хона, ҳавлӣ ва ашёи рӯзғори чойгоҳи махсус доштанд. Дар ҳар як хонаи тоҷикон асбобу анчоми гуногун, аз қабили сандуқ, сабад, кӯза, дег, табақ, дастархон, курпача ва дигар ашёи рӯзгор истифода мешуданд. Ин ашёҳо на танҳо барои қонеъ намудани ниёзҳои рӯзмарра хизмат мекарданд, балки таҷассумгари фарҳанг, завқи бадеӣ ва маҳорати ҳунармандони мардумӣ низ буданд. Асбобу ашёҳои рӯзгор яке аз қисматҳои муҳими фарҳанги моддӣ ва мероси таърихии халқи точик ба шумор мераванд. Мардуми точик аз замонҳои қадим барои пешбурди зиндагии ҳаррӯза аз ашёи гуногун истифода мебурданд. Ин ашёҳо вобаста ба тарзи зиндагӣ, шароити иҷтимои, урфу одат ва имкониятҳои маҳаллӣ сохта шуда, дар рӯзғори рӯзмарраи мардум нақши муҳим доштанд. Ҳар яке аз ин ашёҳо вазифаи муайян дошта, барои осон намудани корҳои рӯзмарра хизмат мекард. Аз ҷумла сабад яке аз ашёи анъанавии рӯзғори мардуми тоҷик ба шумор рафта, дар тӯли асрҳо барои нигоҳдорӣ ва хушк кардани нон , мева, сабзавод ва дигар маҳсулоти гуногуни ғизоӣ истифода мешуд. Ин ашё намунаи ҳунари мардумӣ буда, маҳорати ҳунармандонро дар коркарди маводи табиӣ инъикос менамояд.
Сабадбофӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи мардумӣ ба ҳисоб меравад. Мардумон аз замонҳои пеш барои сохтани ашёи рӯзгор аз маводи табиии дастрас, аз ҷумла шохчаҳои бед, қамиш ва дигар растаниҳои чандир истифода мебурданд. Аз ин мавод сабадҳои гуногуншаклу андоза бофта мешуданд.
Сабади дар ҳавлии тоҷир маҳфузбуда аз ҷумлаи ашёи рӯзгорест, ки барои хушк кардани нон истифода мешуд ва дар бораи анъанаҳои рӯзгордории гузаштагон маълумот медиҳад.
Нигоҳдории сабади қадима дар ҳавлии тоҷир барои омӯзиши таърихи рӯзгор ва анъанаҳои мардумӣ аҳамияти калон дорад. Ин ашё метавонад ҳамчун намунаи фарҳанги моддӣ ба меҳмонон дар бораи ҳунари сабадбофӣ ва тарзи . Ҳамзамон, муаррифии он дар ҳавлии тоҷир барои тарбияи насли наврас эҳтиром ба мероси фарҳангии миллӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ мусоидат менамояд.
 
Азимова Мадина - роҳбалади
МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСАБАД - ДАР ҲАВЛИИ ТОҶИР
Scroll to Top