Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Қадамҳои умед дар боғи Камол

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Субҳи барвақт, вақте ки нахустин нурҳои офтоб ба шоху барги дарахтон медурахшад ва насими форами саҳарӣ фазои боғро муаттар месозад, дар гулгаштҳои Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ду бонуи солманд Нуринисо Турсуноваи 89 сола ва Файзинисо Каримова ба сайру гашт мебароянд
Ин ду бонуи рӯзгордида чандин сол боз боғро макони дӯстдоштаи сайру истироҳати худ қарор додаанд. Қадамҳои орому устувори онҳо дар пайроҳаҳои боғи истироҳатӣ на танҳо нишоти одати неки ҳаррӯза, балки бозгӯи муҳаббат ба зиндагӣ, қадршиносии неъматҳои рӯзгор ва талош барои нигоҳ доштани саломати мебошад.
Бале, солмандӣ ин марҳилаи хоси ҳаёти инсон аст. Дар ин давра таҷрибаи зиндагӣ, хотираҳои ширини гузашта ва орзуву умедҳои нав бо ҳам мепайванданд. Барои инсонҳои рӯзгордида ҳар субҳи нав неъмати бебаҳо ба ҳисоб меравад. Ҳавои тоза,, сабзазори дилкушо, садои парандагон ва суҳбати гарму самимӣ метавонад ба қалб оромиш бахшанд ва ба рӯзгор таровати тоза ато намояд. Сайру гашти мунтазам бахусус дар фазои сабзу хуррам яке аз роҳҳои муҳими нигоҳ доштани неруи ҷисмонӣ ва болидагии руҳия ба шумор меравад. Қадамзании ҳаррӯза ба инсон имкон медиҳад, ки худро фаъолу солим эҳсос кунад ва аз зебоиҳои табиат баҳра барад. Ҳузури Нуринисо Турсунова ва Файзинисо Каримова дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ намунаи хуби истифодаи дурусти вақти холӣ ва таваҷҷуҳ ба саломатӣ мебошад. Онҳо бо ин одати неки худ нишон медиҳанд, ки барои қадр кардани зиндагӣ ва баҳра бурдан аз лаҳзаҳои он ҳеҷ гоҳ дер намешавад. Дар асл,боғҳои истироҳатӣ дар ҳаёти сокинони шаҳрвандон танҳо макони фароғатӣ нестанд. Онҳо муҳити муносиб барои муоширати одамон, табодули таҷриба ва ба ҳам наздик шудани наслҳо мебошанд. Дар чунин ҷойҳо на танҳо кӯдакону ҷавонон, балки пирону барҷомондагон низ метавонанд, лаҳзаҳои фараҳбахшро паси сар кунанд.
Мавриди зикр аст, ки таваҷҷуҳ ба солмандон фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату сайругашти онҳо ва қадршиносӣ аз таҷрибаи зиндагии ин қишри ҷомеа вазифаи муҳими ҳар як фарди соҳибфарҳанг аст. Зеро пирони рӯзгордида ганҷинаи маърифат, хираду таҷриба ва пайванди зиндаи наслҳо мебошанд. Қадамҳои Нуринисо Турсуноваи 89 сола ва Файзинисо Каримова дар пайроҳаҳои боғи Камол моро ба андеша водор месозанд, ки зиндагӣ бо тамоми зебоиҳояш арзандаи қадршиносист. Ҳар рӯзи нав имкони тозаест барои ҳаракат, муошират, табассум ва эҳсоси хушбахтӣ мебошад.
Ман ҳанӯз ҷавондухтар будам, бо ин суханҳо ба ёд овардани рӯзгори ҷавониашро оғоз кард Нуринисо Турсунова. Дар чашмонаш дурахши хотираҳои ширини гузашта падид меояд ва ӯ бо эҳсоси хос ба рӯзҳои ҷавониаш бармегардад. Модарам моро ҳар саҳар барвақт аз хоб мехезонд. Ҳамроҳи хоҳарам , гирду атрофи саҳни ҳавлиро тоза мекардем ва ба замин об мепошидем. Модарам ҳамеша таъкид мекарданд, ки саҳархезӣ файз дорад- мегӯяд ӯ. Ин суханон барои Нуринисо танҳо як ёдоварӣ аз рӯзгори гузашта нестанд. Онҳо садои модар, гармии оғӯши хонадон ва дарсҳои зиндагие мебошанд, ки аз хурдӣ дар қалбаш ҷой гирифтанд. Ҳангоми ба ёд овардани он рӯзҳо чашмони бонуи солманд пуроб шуданд. Қатраҳои ашк аз рухсораҳояш мешориданд, шояд ин ашкҳо аз пазмонии модар, ёди айёми ҷавонӣ ва ҳасрати рӯзҳои рафта дарак медиҳад. Воқеан, баъзе суханон дар зоҳир сода менамоянд, аммо дар умқи худ як ҷаҳон маънӣ доранд, ки саҳархезӣ файз дорад. Ин пандест, ки Нуринисо аз модараш омӯхта дар тӯли умри худ дар ёд нигоҳ медорад. Имрӯз дар синни 89 солагӣ, сайру гашти саҳаргоҳӣ ӯро бо табиат, хотираҳои гузашта ва лаҳзаҳои гаронбаҳои зиндагӣ мепайвандад. Нуринисо Турсунова бо эҳсоси самимӣ ва лаҳни пур аз меҳру муҳаббат ба ҷавонону наврасон муроҷиат карда мегӯяд:- Ба ҷавонону наврасони азизам гуфтаниям, ки саҳар барвақт аз хоб хезанд, қадри падару модари худро донанд ба онҳо хизмат кунанд ва то дар қайди ҳаёт ҳастанд, эҳтирому меҳрубониашонро дареғ надоранд. Падару модар барои фарзанон азизтарин инсонҳо мебошанд. Онҳо моро бо ранҷу заҳмат ба воя мерасонанд, шабҳои бедорхобӣ мекашанд ва ҳамеша дар фикри ояндаи неки фарзандони худ ҳастанд. Пас, мо бояд қадри онҳоро донем, дар корҳои рӯзгор ёриашон расонем ва бо рафтору гуфтори нек дилашонро шод гардонем. Ҷавонон бояд меҳнатдӯст бошанд, илму дониш омӯзанд, касбу ҳунар аз худ кунанд ва барои ояндаи худу ҷомеа саҳм гузоранд. Саҳархезӣ, тозагӣ, тартибу низом ва эҳтироми калонсолон аз ҷумлаи одатҳое мебошанд, ки инсонро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунанд. Ман аз модарам омӯхтаам, ки саҳархезӣ файз дорад. Ин пандро то имрӯз фаромӯш накардаам ва мехоҳам насли ҷавонон низ ба чунин одатҳои нек пайравӣ кунанд. Ҳамчунин ҷавонону наврасон бояд Ватани азизи худро дӯст доранд, ободии онро қадр кунанд ва барои ҳифзи сулҳу субот саҳм гузоранд. Шумо ба зиндагии имрӯза назар кунед, мағозаву бозорҳо пур аз маҳсулоти ниёзи мардум, нону меваҳои тару тоза ва дигар неъматҳои рӯзгор дастурхони мардумро пур кардааст.Мо имрӯз имконият дорем, ки озодона кор кунем, таҳсил намоем, зиндагӣ созем ва фарзандонамонро ба воя расонем. Ин ҳама неъматҳое ҳастанд, ки бояд қадрашонро донем. Аммо аз ҳама муҳимаш, оромии давлат ва осудагии мардум аст. Вақте дар мамлакат сулҳу субот ҳукмфармост, мардум бо дили ҷамъ зиндагӣ мекунанд, кӯдакон ба мактаб мераванд, ҷавонон дониш меомӯзанд ва оилаҳо барои ояндаи худ нақша мекашанд. Чунки сулҳу оромӣ неъмати бузург аст. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд шукронаи чунин рӯзҳоро ба ҷо оварда барои пойдории дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ кӯшиш намоем.Ҷавонои азиз, шумо ояндаи Ватан ҳастед! Илм омӯзед, меҳнат кунед ба калонсолон эҳтиром гузоред ба падару модаратон хизмат кунед ва ҳамеша бо нияти нек зиндагӣ намоед. Қадри ҳар рӯзи орому осударо бидонед, зеро зиндагии осоишта ва оилаи солим аз бузургтарин сарватҳои инсонӣ мебошад. Орзу дорам, ки шумо дар оянда фарзандони арзанда, инсонҳои соҳибмаърифат ва ватандӯст ба камол расед ва барои ободии Тоҷикистони азиз хизмат намоед.
Суханони пурҳикмату самимии ин модари рӯзгордида маро ба андеша водор намуд. Дар ҳар ҷумлаи ӯ таҷрибаи солҳо, меҳри беандоза ба фарзандон, қадршиносии неъматҳои зиндагӣ ва муҳаббат ба Ватан эҳсос мешуд. Содагии гуфтор, самимияти қалб ва панду андарзҳои модаронааш ба дилам таъсири амиқ гузоштанд. Пас аз шунидани ин суханони пурмазмун бо дуои хайр ва орзуҳои нек аз ин ду бонуи азиз хайрухуш кардам. Ба онҳо тансиҳатӣ, умри дароз, рӯзгори осуда ва рӯзҳои пур аз шодиву нишот орзу намудам. Дар ҷавоб онҳо низ бо чеҳраи кушода ва қалби саршор аз меҳр дуои некам карданд. Ҳангоми аз онҳо ҷудо шудан андешае дар зеҳнам чарх зад, воқеан, чӣ қадар зебост, вақте инсон дар айёми пирӣ низ бо қадамҳои устувор, дили пур аз умед ва хотираҳои гаронбаҳои зиндагӣ ба пеш меравад. Қадамҳои ин ду бонуи солманд дар пайроҳаҳои боғи Камол танҳо сайру гашти ҳаррӯза нестанд, балки рамзи умед, иродаи қавӣ, муҳаббат ба зиндагӣ ва қадршиносии неъматҳои рӯзгор мебошанд. Бо худ гуфтам, инҳо қадамҳои умеданд, қадамҳое ки аз таҷрибаи зиндагӣ неру мегиранд, аз дуои модар файз меёбанд ва ба насли ҷавон сабақи некӣ, меҳнатдӯстӣ ва қадру сулҳу оромиро меомӯзонанд.
Бигзор пайроҳаи сабзу хуррами боғи Камол ҳамеша шоҳиди қадамҳои чунин модарони азиз бошанд!
Бигзор чашмони онҳо ҳамеша аз шодии зиндагӣ дурахшанду лабонашон ба дуои неки фарзандон боз бошанд. Зеро то вақте ки дар қалби инсон умед зинда аст, зиндагӣ низ зебову маънии худро гум намекунад. Ва имрӯз, вақте ба ёди он вохӯрии самимӣ меафтам, боз ҳамон сухани Нуринисо Турсунова дар гӯшам садо медиҳад: ”Саҳархезӣ файз дорад”. Сухане кутоҳ, аммо саршор аз ҳикмати зиндагӣ, ки метавонад чароғи роҳи насли ҷавон гардад.
Қадамҳои умед дар боғи Камол, қадамҳои ду модари рӯзгордидаест, ки бо вуҷуди гузашти солҳо ҳанӯз ба зиндагӣ меҳр меварзанд ва бо дуои неки худ ба наслҳои оянда роҳи некӣ нишон медиҳанд.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҚадамҳои умед дар боғи Камол
Scroll to Top