Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фестивали истеъдодҳо – ҷамъбасти лоиҳаи “Пешгирии ифротгароии хушуматомез дар Осиёи Марказӣ”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Санаи 10 – октябри соли 2026 бо ташаббуси ҷамъияти “Маркази рушд ва дастгирии аҳолӣ”, ҳамчун шарики амалисозии лоиҳаи Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ ) дар доираи татбиқи лоиҳаи “Пешгирии ифротгароии хушуматомез дар Осиёи Марказӣ” (PREVECA ), чорабинии ҷамъбастии лоиҳа таҳти унвони “Фестивали истеъдодҳо” баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар саҳнаи Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” баргузор шуда ба ҷамъбасти фаъолияти анҷомдодашуда дар доираи лоиҳа ва муаррифии натиҷаҳои корҳои анҷомёфта бахшида шуд. Дар чорабинӣ намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар шаҳри Душанбе, роҳбарият ва масъулони лоиҳаи РPREVECA инчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Суғд иштирок намуданд. Ҳузури намояндагони сохторҳои давлатӣ ва шарикони байналмилалӣ аҳамияти ҳамкориҳои муштаракро дар самти пешгирии ифротгароии хушуматомез, таҳкими таҳаммулпазирӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои ҷавонон боз ҳам таъкид намуд.
Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур баҳрагирандагони лоиҳаи фаъолияти гуруҳи “Созандагони фардо” аз шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом,Хуҷанд, Истаравшан ва ноҳияи Спитамен фаъолона иштирок намуданд. Иштироки баҳрагирандагон аз минтақаҳои гуногуни вилояти Суғд дар чорабинӣ фазои фарогир ва ҳамбастагӣ бахшида, барои табодули таҷриба, шиносоии нав ва таҳкими ҳамкориҳо миёни ҷавонон ва дигар иштирокчиён имконияти мусоид фароҳам овард.
Инчунин дар қисми асосии чорабинӣ наврасон, ҷавонон, падару модарон, омӯзгорон ва фаъолони ҷомеа иштирок намуда, истеъдод ва маҳорати худро дар шаклҳои гуногуни эҷодӣ муаррифӣ карданд. Барномаи “Фестивали истеъдодҳо” дар фазои идона ва бо шукуҳи хос баргузор гардида, дар он иштирокчиён истеъдод, маҳорат ва маҳорати эҷодии худро ба намоиш гузоштанд. Дар доираи фестивал растаҳои намоиши ҳунарҳои эҷодӣ ташкил карда шуда, намунаҳои гуногуни маҳсули дастони ҳунармандон ва корҳои иштирокчиён ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Қисмати фарҳангӣ ва ҳунарии фестивал дар саҳнаи бошукуҳи қалъаи таърихӣ баргузор гардид.Дар ин макони таърихӣ иштирокчиён бо баромадҳои рангини фарҳангӣ, сурудхонӣ, рақсу мусиқӣ ва дигар намудҳои фаъолияти эҷодӣ ҳозириноро шод гардониданд. Ҳар як баромад таҷассумгари истеъдод, завқи баланди ҳунарӣ, эҷодкорӣ ва муҳаббат ба фарҳангу санъат буд.
Ҳадафи асосии баргузории фестивал фароҳам овардани фазои солим ва созанда барои наврасону ҷавонон, дастгирии ташаббусҳои онҳо, ошкор ва рушди истеъдодҳои ҷавонон инчунин баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва иштироки онҳо дар ҳаёти ҷомеа мебошад. Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки пешгирии ифротгароии хушуматомез танҳо вазифаи як сохтор ё як гуруҳи алоҳида набуда, балки талоши муштараки мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимӣ, оилаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалиро тақозо менамояд.
Бале, фестивали мазкур ҳамчунин майдони муносиб барои муоширати озод ва табодули таҷриба миёни иштирокчиён баргузор гардид. Наврасону ҷавонон имкон пайдо карданд, ки маҳорати худро нишон дода, бо ҳамсолони худ робитаҳои нав барқарор намоянд. Иштироки падару модарон ва омӯзгорон низ нишон дод, ки дастгирии оила ва муассисаҳои таълимӣ дар рушди ҳамаҷонибаи насли наврас нақши калидӣ дорад.
Воқеан, чунин барномаи ҷамъбастии лоиҳаи “Фестивали истеъдодҳо”на танҳо натиҷаҳои фаъолияти анҷомдодашударо муаррифӣ намуд, балки ҳамчун намунаи ҳамкории созандаи ташкилоти ҷамъиятӣ, шарикони байналмилалӣ, мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, оилаҳо ва ҷавонон арзёбӣ гардид. Баргузории чунин ташаббусҳо барои фароҳам овардани муҳити мусоид барои ҷавонон, рушди истеъдодҳои онҳо ва пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ заминаи муҳим мегузорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба иштирокчиён, волидон, омӯзгорон, ҷавонони фаъол ва шарикони татбиқи лоиҳа барои иштироки фаъол ва саҳми арзандаашон дар амалисозии ташаббусҳои лоиҳа изҳори сипос карда шуд.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОФестивали истеъдодҳо – ҷамъбасти лоиҳаи “Пешгирии ифротгароии хушуматомез дар Осиёи Марказӣ”
Scroll to Top