Ҳунарҳои мардумӣ яке аз муҳимтарин василаҳои нигоҳдории хотираи таърихӣ ва фарҳангии ҳар миллат ба шумор меравад. Дар фарҳанги суннатии тоҷикон ҳунарҳои чӯбкорӣ, кандакорӣ, наққошӣ, гаҷкорӣ, ҳаккокӣ ва ғ. ҷойгоҳи махсус дошта, ҳамчун намунаи барҷастаи санъати амалӣ аз насл ба насл интиқол ёфтаанд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019–2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ҳадафи ин иқдомҳо аз ҷумла эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ ба ҷаҳониён аст.
Ҳар як намунаи чунин ҳунар на танҳо як ашёи ороишӣ, балки бозгӯкунандаи завқи эстетикӣ, ҷаҳонбинӣ ва маҳорати баланди ҳунармандони тоҷик мебошад.
Яке аз чунин ҳунарҳо ки ҷойгоҳи худро гум накардааст ин санъати ҳаккокӣ мебошад.
Ҳакокӣ (حکاکی) аз калимаи франсузи (фр. gravure) гравю́ра гирифташуда маънояш кандани нақш ё навиштор бар рӯйи сатҳи чӯб, санг филиз ё дигар ашё мебошад.
Алиакбари Деҳхудо дар “Луғатнома”-и худ калимаи “Ҳакокӣ”-ро чунин шарҳ додааст: Ҳакокӣ (حکاکی) аз ҳаккок яъне хаккунанда, бисёр тарошанда.
Ин ҳунар аз санъатҳои қадимаи ороишию амалӣ буда, моҳияти он дар коркарди бадеии сатҳи маводи гуногун тавассути кандан, буридан ва нақшофарӣ ифода меёбад. Дар ҳунари тоҷикон ин анъана бештар дар коркарди чӯб, санг, гаҷ ва санг истифода шудааст.
Онҳо на танҳо маҳсули меҳнати ҳунарманд, балки як навъ санади фарҳангӣ мебошанд, ки тавассути онҳо метавон бо сатҳи ҳунармандӣ, завқи бадеӣ ва анъанаҳои эҷодии мардуми минтақа шинос шуд. Яке аз хусусиятҳои асосии ҳаккокӣ дар он аст, ки офаридани як асар сабру таҳаммул, дақиқкорӣ ва маҳорати баланди усторо талаб мекунад.
Ҳунарманд пеш аз оғози кор тарҳи нақшро муайян намуда, баъдан онро ба рӯи мавод мегузаронад ва бо истифода аз олоти махсус қисмҳои заруриро оҳиста-оҳиста меканад. Дар натиҷа, сатҳи одии чӯб ё санг ба асари дорои нақшу нигор табдил меёбад. Аз ҳамин ҷиҳат, ҳар як осори ҳаккокӣ дорои арзиши ҳам эстетикӣ ва ҳам фарҳангӣ мебошад. Ин андеша ба мо имкон медиҳад, ки ҳунарҳои мардумиро танҳо ҳамчун маҳсулоти дастӣ не, балки ҳамчун қисми муҳими тамаддун ва худшиносии миллӣ арзёбӣ намоем.
Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд» яке аз маконҳои муҳими ҳифзу эҳё ва муаррифии мероси ғании фарҳангии миллати тоҷик ба шумор рафта, дар он ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун ҷузъи арзишманди фарҳанги миллӣ ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд. Намоиши намунаҳои ҳаккокӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ба насли ҷавон имкон медиҳад, ки бо маҳорати ниёгон шинос шуда, арзиши меҳнати ҳунармандонро дарк намояд.
Барои меҳмонон ва сайёҳон чунин осор як равзана ба ҷаҳони фарҳанги тоҷикӣ мебошанд: дар нақшу нигор, шакл ва техникаи иҷрои онҳо таърихи чандин насл, завқи бадеӣ ва таҷрибаи ҳунармандии мардум таҷассум ёфтааст.
Ҳаккокӣ танҳо кандани нақш дар чӯб ё санг нест. Он забони бехомӯши фарҳанг аст. Забоне, ки тавассути нақшу нигор аз гузашта ба имрӯз расида, моро ба эҳтироми мероси ниёгон ва ҳифзи он барои наслҳои оянда даъват мекунад. Аз ин рӯ, ҳар як намунаи ҳаккокӣ дар толорҳои намоишии Қалъаи Хуҷандро метавон ҳамчун як ҷузъи мероси фарҳангии миллат ва бозгӯкунандаи маҳорати волои ҳунармандони тоҷик арзёбӣ намуд.
Дар толорҳои намоишии Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» намунаҳои гуногуни ҳунарҳои миллии тоҷик, аз ҷумла осори нодири ҳаккокӣ дар чӯб, ки маҳорати баланди ҳунармандон ва нафосати санъати анъанавии тоҷикро таҷассум менамоянд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Ин осор бозгӯи таърихи куҳан, завқи баланди бадеӣ ва ҳунари волои ниёгони мо буда, дар ҳифзу гиромидошти мероси фарҳангии миллӣ нақши муҳим доранд.