User Rating: 



/ 1
- Details
-
10.10.2026 10:55
-
Азназаргузаронӣ: 8
Агар ба таърихи гузаштаи хеш назар афканем, дар осори ниёгони мо ҳазорсолаҳо пеш аз ин дар бораи ҳунарҳои аҷдодӣ сухан меравад ва он ҳама то имруз омада расидааст. Аз ин бармеояд, ки мардуми тоҷик тӯли асрҳои зиёд дар рушду нумӯи илму фарҳанг ва ҳунари башарӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ҳунарҳои мардумӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша бо ҳаёти инсон алоқаманданд. Онҳо ҳисси зебоипарастии халқро таҷассум мекунанд, ки инкишофи он инсонро дар бозёфтҳои бостоншиносон, ба монандӣ: кӯзаҳо, табақҳо, ороишоти занона, мусаввараи деворҳо, ки дар он фарҳанги ҳунари меъморӣ ва рассомӣ, ҳамчунин хусусияти рӯзгори маишии мардуми давраҳои қадим инъикос ёфтаанд, пайгирӣ метавон кард.
Ҳунарҳои мардумӣ фарогири ҳамаи қишрҳои ҷомеа буда, ба маҳсули дастии онҳо бояд таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ зоҳир кард. Ҳунарҳои мардумии мо бешумор буда, бояд онҳоро омӯзем ва тарғибу ташвиқ намоем. Зеро он инъикосгари халқи тоҷик байни миллатҳои дигар аст.
Сиёсати фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии расму оинҳо ва анъанаҳои миллии ниёгон натиҷаи хубро ба бор овардааст. Эҳёи фарҳанги миллӣ дар кулли манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, намунаҳои эҷодиёти бадеии халқ, аз ҷумла: гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, атласу адрасбофӣ, кандакории рӯи чӯб, гаҷкорӣ ва намудҳои дигари анъанаҳои миллӣ эҳё шудаанд.
Дар толорҳои намоишии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” махсус толоре вуҷуд дорад, ки он ”Толори санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амалӣ” номгузорӣ шудааст. Дар ин толор намунаҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Инчунин дар даромадгоҳи ин муассиса растаҳои ҳунармандони кордсоз, заргар, кашидадӯз, қуроқдӯз, атласу адрасбоф, рассом вуҷуд доранд, ки ҳунармандон маҳсули дастии худро ба тамошобинони хориҷиву ватанӣ пешкаш намуда, онҳоро аз ҳунарҳои волои мардуми тоҷик аз наздик шиносоӣ менамоянд.
Муҳаррамахон Хоҷаева - Мудири шӯъбаи
таърихи давраи муосири
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Шарҳ додан