Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Аз майдони варзиш то қалъаи таърихӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 Санаи 08 октябри соли 2026 дар доираи баргузории мусобиқаи байналмилалии камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгарони кишварҳои гуногун аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд боздид намуданд.

Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси соҳаи варзиши вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, дар он камонварони варзида аз кишварҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Белорусия,Қирғизистон, Қазоқистон,Узбекистон, Арманистон, Гурҷистон,Туркманистон ва Тоҷикистон иштирок доранд. Дар чанд рӯзи охир варзишгарон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд барои ба даст овардани Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҳам рақобат намуда, маҳорати касбӣ ва омодагии баланди варзишии худро нишон медиҳанд. Дар баробари барномаи мусобиқа барои меҳмонони хориҷӣ барномаи фарҳангӣ низ ташкил карда шуд, ки ҳадафи он шинос намудани меҳмонон бо таъриху тамаддун ва фарҳанги пурғановати тоҷикон мебошад. Дар ин замина, ҳайати варзишгарони хориҷӣ ва намояндагони Тоҷикистон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи даввлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.

Меҳмононро дар даромадгоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Омири кулии Муассиса Иброҳим Иброҳимов самимона истиқбол гирифта, ба онҳо оид ба таърихи Хуҷанди бостониӣ ва арзишҳои таърихию фарҳангӣ маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Сипас, роҳбаладони осорхона варзишгаронро ба толорҳои осорхона роҳнамоӣ карда, онҳоро бо осори нодири таърихӣ, намунаҳои фарҳанги моддӣ ва маънавии ниёгон, бозёфтҳои бостоншиносӣ ва дигар нигораҳои арзишманд шинос намуданд.

Дар идомаи боздид меҳмонон ба Қалъаи таърихии Хуҷанд гузар намуданд. Дар ин мавзеъ ба онҳо ба таърихи қалъа, санъати тасвирӣ, тарзи меъморӣ ва унсурҳои таърихӣ аз бахшҳои гуногуни толори намоишӣ маълумоти муфассал дода шуд. Яке аз лаҳзаҳои ҷолиби боздид шиносоӣ бо ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ буд. Меҳмонон дар ин ҷо намунаҳои ҳунарҳои суннатии тоҷикон, ашёи қадимаи рӯзгор ва маҳсули дастии ҳунармандони мардумиро аз наздик тамошо карданд.

Воқеан, боздиди варзишгарони байналмилалӣ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ дар ҳошияи чорабинии бузурги варзишӣ аҳамияти хос дорад. Зеро чунин чорабиниҳо танҳо майдони рақобати варзишӣ набуда, ҳамчун василаи таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории миёни кишварҳо, инчунин муаррифии таъриху фарҳангӣ миллӣ хизмат мекунанд.

Дарвоқеъ, варзиш ва фарҳанг ду василаи муҳими таҳкими дӯстии халқҳо ба шумор мераванд. Мусобиқаи байналмилалии камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари рушди ҳамкориҳои варзишӣ, барои таҳкими робитаҳои дӯстона ва шиносоии меҳмонони хориҷӣ бо фарҳангу таърихи тоҷикон заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Боздиди камонварони байналмилалии кишварҳои мухталиф аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Қалъаи таърихии Хуҷанд ва ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ дар хотираи меҳмонон ҳамчун як қисми хотирмони сафари онҳо ба шаҳри бостнии Хуҷанд боқӣ хоҳад монд.

Валӣ Набизод – котиби

Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАз майдони варзиш то қалъаи таърихӣ
Scroll to Top