Дар асл, дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ яке аз шартҳои муҳими фароҳам овардани шароити муносиб барои сокинону меҳмонон ба шумор меравад.Ба ин мақсад дар чанд мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ дастгоҳи “Куллер”-и обхунуккунаки оби тоза гузошта шуда, барои меҳмонон имконияти ройгони нӯшидани оби тозаву форам фароҳам оварда шудааст.
Бале, мавзеъҳои таърихӣ ҳамеша макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони дуру наздик буда, ҳамарӯза садҳо нафар барои тамошои осори таърихӣ. шиносоӣ бо таъриху фарҳанг ва сайри мавзеъҳои қадима ба ин маконҳо меоянд. Чунин намуди дастгоҳҳои оби тоза, дар осорхонаи таърихӣ, қалъаи таърихӣ, бинои маъмурият ва ҳавлии тоҷири Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҷойгир карда шудаанд.Меҳмонон метавонанд ҳангоми боздид аз ин мавзеъҳо аз оби тозаи нӯшокӣ истифода бурда, ташнагии худро бартараф намоянд. Яке аз хусусиятҳои ин намуди хизматрасонӣ истифодаи зарфҳои яккарата мебошад. Ин ҳолат имкон медиҳад, ки ҳар як меҳмон аз зарфи алоҳида истифода намуда ба қоидаҳои беҳдошти тозагӣ ва гигена бештар риоя намоянд. Махсусан дар фасли гармо вақте ҳарорати ҳаво боло меравад, дастрасӣ ба оби нӯшокӣ барои сокинону меҳмонон ва сайёҳони дуру наздик муҳимтар мегардад. Дар чунин шароит мавҷудияти нуқтаҳои оби тоза метавонад барои онҳо як имконияти зарурӣ ва муфид бошад.
Албатта, гузоштани чунин дастгоҳҳои обхунуккунаки “Оби тоза” дар мавзеъҳои таърихӣ ҳамчунин аз таваҷҷуҳ ба беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дарак медиҳад, ки барои қабули меҳмонон фароҳам овардани шароити муносиб, муҳити тоза ва хизматрасонӣ хело зарур мебошад. Мақсад аз чунин ташаббусҳо пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонони дуру наздик мебошад. Меҳмон метавонад аз таъриху фарҳанги мавзеъҳо баҳра гирифта, ҳамзамон аз имкониятҳои зарурӣ, аз ҷумла оби тозаи нӯшокӣ истифода барад.
Ба гуфти масъулони мавзеъҳои таърихӣ таваҷҷуҳ ба шароити меҳмонон яке аз омилҳои муҳими рушди хизматрасонии сайёҳӣ ба шумор меравад.
Дар маҷмуъ, таъмини дастрасии сокинон ва меҳмонон ба оби нӯшокии тоза яке аз омилҳои муҳими беҳдошти муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоид ба ҳисоб меравад.Истифодаи зарфҳои яккаратаи мувофиқ ва ҷойгир намудани дастгоҳҳои обтаъминкунӣ дар нуқтаҳои муносиб метавонад барои роҳати тамошобинон мусоидат намояд. Ҳамзамон, чунин тадбирҳо ба баланд бардоштани фарҳанги истифодаи оби тоза ва ташаккули муҳити тозаву обод мусоидат мекунанд.