User Rating: 



/ 1
- Details
-
09.10.2026 09:27
-
Азназаргузаронӣ: 24
Ҳамасола ҷиҳати ғанигардонии фонди осорхона аз ҷониби кормандони илмӣ ҷамъоварии нигораҳо аз сокинони шаҳру навоҳии вилоят сурат мегирад. Бо ин мақсад соли ҷорӣ низ ин маърака гузаронида шуда, зиёда аз 257 адад маводҳои таърихӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки қисме аз он харидорӣ ва қисми дигараш ройгон дастрас гардидааст. Барои ғанигардонии коллексияи этнографӣ дар байни ин ашёҳо маводҳои этнографӣ низ ҷамъоварӣ карда шуд, ки яке аз онҳо ин пойафзоли занона мебошад, ки ба аввалҳои асри ХХ тааллуқ дошта то замони мо дар ҳолати хеле хуб омада расидааст.
Дар байни унсурҳои либоси миллӣ пойафзол мавқеи махсусро ишғол менамояд. Он аз як тараф бо шароити иқлимӣ, тарзи зиндагӣ, касбу кор ва имкоиятҳои иқтисодии аҳолӣ алоқаманд бошад, аз ҷониби дигар, бо завқи бадеӣ ва анъанаҳои маҳаллии ороишгарӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Манбаъҳои этнографӣ нишон медиҳад, ки дар ҳудуди Тоҷикистон намунаи гуногуни пойафзоли суннатӣ истифода мешуданд. Аз ҷумла маҳсӣ, мукӣ, чоруқ ва дигар намудҳои пойафзоли вобаста ба фасл, муҳити зист ва тарзи зиндагии аҳолӣ фарқ мекардаднд. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои марбут ба ҳунарҳои анъанавии Тоҷикистон, кафшдӯзӣ ва мӯзадӯзӣ аз ҳунарҳои қадима ба ҳисоб рафта, пеш аз густариши истеҳсоли саноатӣ дар шаҳрҳо устохонаҳои махсуси пойафзолдӯзӣ фаъолият менамуданд. Устоҳо вобаста ба ихтисоси худ номҳои касбӣ, аз ҷумла мӯзадӯз ва кафшдӯз ном доштанд.
Пойафзоли ҷамъовардаи мо дар шакли 2 ҷуфт (пар) ҳифз гардида, аз рӯйи сохти зоҳирӣ он навъи пойафзоли сабуки занона мебошад, ки қисми пеши он шакли нисбатан гирд дорад. Қисми пошна паст буда, сохтори умумии пойафзол барои истифодаи ҳаррӯза ё маросимӣ мутобиқ мебошад. Заминаи асосии пойафзол ранги сиёҳ дошта, дар муқоиса бо ин заминаи нақшу нигори рангоранг хеле равшан ба назар мерасад. Қисми болои пойафзол бо композитсияи мураккабӣ ороишӣ пӯшида шудааст. Дар он унсурҳои геометрӣ, хатҳои мавҷнок ва унсурҳои растанӣ мушоҳида мешавад.
Дар коллексияи фонди осорхона аз ин гуна пойафзолҳо зиёд буда, пойафзолҳои зерин барои боз ҳам пурратар намудани ин коллекисия аҳамиятӣ муҳим дорад. Омӯзиш ва ҳифзи ин гуна ашёҳои этнографӣ барои нигаҳдории хотираи таърихӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва тарбияи эҳтироми насли ҷавон ба мероси фарҳангии миллӣ аҳамияти муҳим дорад.
Мутриба Мамадҷонова – мудири шӯъбаи таърихи
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Шарҳ додан