Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Таҷрибаомӯзӣ қадами устувор ба сӯи касбият

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Таҷрибаомӯзии шиносоӣ бо муҳити воқеии корӣ яке аз марҳилаҳои муҳими омодасозии мутахассисони ҷавон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина донишҷӯёни курси 5-уми ихтисосҳои забонҳои чинӣ ва англисии факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади такмили донишҳои назариявӣ ва ба даст овардани малакаҳои амалии касбӣ ба Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварданд.
Таҷрибаомӯзии донишҷӯён таҳти роҳбарии Шамсуддинова Назирахон - мудири кафедраи забонҳои англисӣ, дотсент, номзади илмҳои филология, инчунин бо иштироки мушовирон Содиқова Рухангез ва Рашидова Дилафрӯз баргузор гардид. Донишҷӯёнро дар толори маҷлисгоҳи муассиса Омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим Иброҳимов самимона истиқбол намуд. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба раванди таҷрибаомӯзӣ, низоми фаъолияти корӣ, риояи тартиботи дохилии муассиса, фарҳанги муошират, одоби меҳмондорӣ ва тарзи дурусти қабули меҳмонони хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иброҳим Иброҳимов дар суҳбат бо донишҷӯён таъкид намуд, ки донистани забонҳои хориҷӣ танҳо бо азхуд намудани қоидаҳои грамматикӣ ва луғат маҳдуд намешавад. Барои мутахассиси хуби соҳаи забон будан, инчунин малакаи муоширати дуруст, одоби муносибат бо меҳмонон, донистани фарҳанг ва таърихи миллат, масъулиятшиносӣ ва риояи меъёрҳои хизматрасонӣ аҳамияти махсус дорад. Дар рафти таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён имкон пайдо мекунанд, ки донишҳои назариявии дар муассисаи таълимӣ гирифтаашонро дар муҳити воқеии корӣ татбиқ намоянд. Тибқи ҷадвали муайяншуда онҳо дар назди роҳбаладон ва кормандони масъули муассиса бо тарзи дурусти пешвоз гирифтани меҳмонон, роҳнамоӣ, муаррифии мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва муошират бо сайёҳону меҳмонони хориҷӣ шинос мешаванд. Хусусан барои донишҷӯёни ихтисоси забонҳои хориҷӣ имкони истифодаи забони англисӣ дар муоширати мустақим бо меҳмонони хориҷӣ аҳамияти калон дорад. Ҳангоми муаррифии таърихи қадимаи Хуҷанд ва ёдгориҳои фарҳангии он донишҷӯён метавонанд маҳорати суханронӣ, талаффуз, интихоби дурусти вожаҳо ва тарзи муоширати касбиро такмил диҳанд. Чунин таҷриба ба онҳо имконият медиҳад, ки дар баробари донишҳои назариявӣ, малакаҳои амалии тарҷумонӣ ва роҳбаладиро аз худ намоянд.
Бояд гуфт, ки Қалъаи таърихии Хуҷанд ҳамчун яке аз мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангии шаҳри Хуҷанд барои гузаронидани чунин таҷрибаомӯзӣ заминаи муносиб фароҳам меорад. Зеро донишҷӯён дар ин ҷо на танҳо бо фаъолияти муассисаи фарҳангӣ шинос мешаванд, балки имконият пайдо мекунанд, ки таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷикро ба меҳмонони дохилию хориҷӣ бо забонҳои хориҷӣ муаррифӣ намоянд. Дар чунин муҳити корӣ донишҷӯён бо талаботи фаъолияти минбаъдаи меҳнатӣ аз назик шинос шуда, барои қадам гузоштан ба фаъолияти корӣ омодагӣ мегиранд.
Бо итминон метавон гуфт, ки чунин ҳамкориҳои муассисаи таҳсилоти олӣ бо муассисаҳои фарҳангӣ дар тарбияи мутахассисони ҷавони забондон, соҳибмаърифат ва рақобатпазир саҳми арзанда мегузоранд. Зеро донишҷӯе, ки дар баробари донистани забонҳои хориҷӣ таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии худро хуб медонад ва метавонад, онҳоро ба меҳмонони хориҷӣ бо забони фасеҳ муаррифӣ намояд.
Умед аст, ки донишҷӯёни курси 5-уми ихтисосҳои забонҳои чинӣ ва англисӣ аз ин имконияти мусоид самаранок истифода намуда, дар раванди таҷрибаомӯзӣ малакаҳои касбии худро боз такмил медиҳанд. Дар оянда ҳамчун мутахассисони ҷавони забондон дар муассисаҳои фарҳангӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои марбут ба забонҳои хориҷӣ фаъолияти пурсамар хоҳанд бурд.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТаҷрибаомӯзӣ қадами устувор ба сӯи касбият
Scroll to Top