User Rating: 



/ 0
- Details
-
06.10.2026 09:21
-
Азназаргузаронӣ: 3
Санаи 02-03 октябри соли 2026 аз тарафи Фонди дастгирии илмҳои гуманитарӣ”Моя история”- Федератсияи Русия дар мактаби миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Хуҷанд ба номи А.П. Чехов, барномаи иловагии семинари методӣ барои кормандони омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд сурат гирифт.
Истифода аз фурсати қулай мутахассиони пешбари илмӣ ва марказҳои байналмилалии кӯдакони Федератсияи Русия, Попова Светлана Юрьевна- директори илмии Институти ҷавонон, узви Шӯрои ҷамъиятӣ назди Ваколатдори Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳуқуқи кӯдак, дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии академии илмҳои гуманитарии Русия ( ГАУГН) номзади илмҳои психологӣ, дотсент, Тетерский Сергей Владимирович, доктори илмҳои педагогӣ, ректори Институти кашфиёт, профессори Институти сиёсати ҷавонон, коршиноси Академияи маорифи Русия, Белькова Алла Евгеньевна- муовини директори мактаб оид ба корҳои таълимӣ дар муассисаи федералии давлатии буҷетии “Маркази байналмилалии кӯдакони “Артек” ва Косенко Максим Александрович - роҳбари Раёсати маорифи муассисаи федериалии давлатии буҷетии “Маркази умумироссиявии кӯдаконаи “Смена”аз Қалъаи таърихии Хуҷанди ва ҳавлии ҳунармандони мардумии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” боздид намуданд.
Дар доираи ин боздид меҳмононро роҳбалад Шаҳноза Комилова аз толорҳои қалъаи таърихӣ роҳнамоӣ намуд. Зимни боздид ба меҳмонон оид ба таърихи куҳанбунёди мероси фарҳангӣ, анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардуми тоҷик маълумоти мушаххас пешниҳод гардид. Меҳмонон ҳангоми боздид аз қалъаи таърихӣ бо таърихи бостонии шаҳр ва рушди тамаддуну фарҳанги миллати тоҷик аз наздик шинос гардиданд. Қалъаи Хуҷанд ҳамчун яке аз ёдгориҳои муҳими таърихи фарҳангии Хуҷанд барои меҳмонон таваҷҷуҳи хоса пайдо намуд.
Дар идомаи боздид меҳмонон ба ҳавлии ҳунармандони мардумӣ ташриф оварда бо намунаҳои ҳунарҳои суннатии тоҷикон, аз ҷумла ҳавлиҳои наққошӣ, қолинбофӣ,дуредгарӣ, сангтарошӣ ва ҳавлии тоҷир бо коркарди дастии ҳунармандон аз наздик шинос шуданд. Ба меҳмонон раванди офаридаи маҳсулоти ҳунармандӣ, бахусус кундалкорӣ, қолинбофӣ,сангтарошӣ ва хусусиятҳои фарҳангии онҳо бештар ҷолиби диққат буд.
Ҳамзамон,барои меҳмонон дар болои кати суннатӣ нишаста як пиёла чойи хушбӯю форам - чойи ҳулбагин нӯшидан дар муҳити орому зебои ҳавлии тоҷир ҳаловати хосе бахшид. Ин лаҳзаи дилнишин имкон медиҳад, ки меҳмонон ҳам аз таъми чой баҳра баранд ва ҳам аз зебоии табиат ва фарҳанги суннатии тоҷикӣ лаззат бубаранд. Чунин боздидҳо барои шиносоии меҳмонони хориҷӣ бо таърих, фарҳанг ва анъанаҳои миллии тоҷикон барои таҳкими робитаҳои дӯстона ва фарҳангӣ аҳамияти хело муҳим дорад.
Боздиди меҳмонон дар фазои гарму самимӣ, эҳтироми мутақобил ва муносибати нек баргузор гардида, аз зебогиҳои табиат ва фазои хоси он таассуроти нек бардоштанд. Дар фарҷоми боздид, барои нигоҳ доштани хотираи нек аз ин лаҳзаҳои самимӣ ва хотирмон дар саҳнаи қалъаи таърихӣ акси хотиравӣ гирифта шуд. Ин лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда ҳамчун ёдгории гуворо аз боздиди меҳмонон шиносоӣ бо таъриху фарҳанг ва эҳсоси гарми меҳмоннавозии тоҷикона дар хотирҳо дер боқӣ хоҳад монд.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"
Шарҳ додан