Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Обуна ба рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо – анъанаи неки маърифатӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо яке аз воситаҳои муҳими паҳн намудани иттилоот ба ҳисоб мераванд. Аз замонҳои пеш одамон барои гирифтани хабар, маълумоти илмӣ, фарҳангӣ сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз матбуоти даврӣ истифода мебурданд.

Ҳамасола кормандони МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатӣ, огоҳӣ аз рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар, инчунин дастрасӣ ба иттилооти зарурӣ ба рӯзномаю маҷаллаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ обуна мегарданд. Зеро обуна ин иқдом барои тақвияти маърифати касбӣ ва фарҳангии кормандон, шиносоии онҳо бо навгониҳои ҷомеа ва истифодаи самараноки матбуоти даврӣ мусоидат менамояд.

Обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳо яке аз воситаҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва малакаи касбӣ ба ҳисоб меравад. Хондани мунтазами матбуоти даврӣ ба кормандон имкон медиҳад, ки аз навгониҳои соҳаи фаъолияти хеш, рӯйдодҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар огоҳ бошанд.

То имрӯз кормандони МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” наздик ба 30 номгӯйи рӯзномаву маҷаллаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ обуна гардидаанд. Обуна ба матбуоти даврӣ яке аз самтҳои муҳими рушди маърифати кормандон ба ҳисоб рафта, таҳкими малакаи касбии онҳоро пайваста такмил медиҳад.

Ҳамзамон дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” китобхонаи илмӣ фаъолияташро идома бахшида, дар маъхази китобхона дар қатори адабиётҳои илмӣ номгӯйи рӯзномаҳои гуногун (аз солҳои 50-ум) мавҷуд аст, ки ҳамаи онҳо китобат шудаанд. Аз ҷумла: “Ҳақиқати Ленинобод (Органи Комитети вилоятӣ ва Комитети шаҳрии Ленинободии ПК Тоҷикистон ва Советҳои вилоятию шаҳрии Депутатҳои меҳнаткашони Ленинобод)” (солҳои 1952-1989), “Тоҷикистони Советӣ (Органи Комитети марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва Совети Олии РСС Тоҷикистон)” (1955-1989), “Правда (Орган Центрального Комитета КПСС)” (солҳои 1952-1989), “Ленинабадская Правда (Орган Ленинабадского Обкома и Горкома КП Таджикистана, Областного и городского Советов Депутатов трудящихся)” (солҳои гуногун), “Коммунист Таджикистана (Орган Центрального Комитета Компартии Таджикистана, Верховного Совета и Совета Министров Таджикской ССР)” (солҳои гуногун), “Маориф ва маданият (Органи вазоратҳои маорифи халқ ва маданияти РСС Тоҷикистон)” (солҳои гуногун) ва ғайра маҳфуз ва нигоҳдорӣ мебошанд.

 

Наргисахон Бузурукова 

Китобдори калони китобхонаи 

илмии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООбуна ба рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо – анъанаи неки маърифатӣ
Scroll to Top