Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Тирамоҳ омад, аммо накҳати баҳор

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Тирамоҳ фаро расид. Табиат оҳиста – оҳиста бо резиши боронҳо либоси худро дигар карда ба рангу тобиши тоза медарояд. Баргҳои зарду сурх, насими форами субҳгоҳӣ ва ҳавои салқини тирамоҳӣ ба кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд ҳусни дигар мебахшанд. Аммо бо фаро расидани ин фасл ҳам табиат аз зебоиву таровати худ намекоҳад.

 Имрӯзҳо дар мавзеъҳои фарҳангиву таърихии шаҳри Хуҷанд сокинону меҳмонон бо шавқу завқи зиёд сайру гашт мекунанд. Аз ҷумла, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, боғи истироҳатӣ ва фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, қалъаи таърихии Хуҷанд ва ҳавлиҳои ҳунармандони мардумии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, аз ҷумлаи ҷойҳое мебошанд, ки ҳамарӯза таваҷҷуҳи дӯстдорони таъриху фарҳанг ва табиатро ба худ ҷалб менамоянд. Сайругашт дар чунин мавзеъҳо танҳо тамошои табиат нест, балки шиносоӣ бо таъриху фарҳанги пурғановати шаҳри бостонии Хуҷанд ба шумор меравад. Меҳмонон дар баробари боздид аз ёдгориҳои таърихӣ метавонанд аз манзараҳои зебои муҳити атроф низ баҳра баранд.

    Ҳамзамон дар майдончаҳои гулпӯши ҳавлии дередгарон гӯшаҳои дилфиребе ба назар мерасанд. Гулҳои рангоранг, дарахтони анор, зардолу, себ, хурмо ва дигаре муҳити орому осуда фазои хосеро ба вуҷуд меоранд. Дар ин миён дарахтони сирена бо таровату зебоии худ диққати ҳар бинандаро ҷалб мекунанд. Гарчанде фасли тирамоҳ расидааст, баъзе дарахтони сирена бо таровати хос ба назар мерасанд. Гулҳои зебову хушранг ва накҳати форами онҳо муҳити атрофро боз ҳам дилнишин мегардонад. Бӯи хуши сирена чунон форам аст, ки инсон мехоҳад, лаҳзае истода аз ҳавои пурнакҳати он нафас кашад ва зебоии табиатро тамошо кунад. Ин манзараҳо бори дигар нишон медиҳанд, ки табиат дар ҳар фасл зебоии хоси худро дорад. Агар баҳор бо сабзидани дарахтон ва шукуфтани гулҳо инсонро мафтун созад, тирамоҳ бо рангҳои заррин, ҳавои форам ва манзараҳои нотакрори худ дили касро ба ваҷд меорад. Зеро табиат дар ҳар фасл ҳарфе барои гуфтан ва манзарае барои дидан дорад.

Валӣ Набизод – котиби

Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТирамоҳ омад, аммо накҳати баҳор
Scroll to Top