Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Меҳмонони Фарғона ва Боткент дар қалъаи бостонии Хуҷанд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Санаи 28 сентябри соли 2026 дар доираи сафари расмии ҳайати намояндагии роҳбарияти вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон таҳти роҳбарии раиси вилояти Фарғона муҳтарам, Бозоров Хайрулло ва вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти роҳбарии губернатор Рахимов Мамыржан Тойчиевич ва иштироки онҳо дар Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони “Водии Фарғона: фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ” меҳмонони олиқадр ба шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд.
Дар идомаи сафари расмӣ меҳмонон бо мақсади шиносоӣ бо таъриху тамаддун, фарҳанги ғании шаҳри бостонии Хуҷанд аз Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.Ҳайати меҳмононро муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Муртазохон Исмоилзода ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд. Дар даромадгоҳи қалъа онҳоро Омири кулли муассиса Иброҳим Иброҳимов пешвоз ва хайру мақдам гуфт. Зимни мулоқоти кӯтоҳ таъкид гардид, ки чунин боздидҳо барои шиносоии меҳмонони дуру наздик бо таъриху фарҳанги қадимаи Хуҷанд ва таҳкими робитаҳои фарҳангии миёни мардумони дӯсту ҳамсоя аҳамияти хос доранд.
Сипас, меҳмонон аз толорҳои намоишии қалъа дидан намуда, таҳти роҳбаладии Мухбирахон Мамадҷонова бо экспонатҳои гуногуни таърихию фарҳангӣ шинос шуданд. Ба меҳмонон оид ба таърихи бозёфтҳои бостоншиносӣ, муҷассамаҳои адибону шоирон, намунаҳои санъати тасвирӣ, ашёҳои рӯзгор ва дигар маводҳои дар толори намоишӣ гузошташуда маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Дар ҷараёни тамошои экспонатҳо меҳмонон ба арзиши таърихию фарҳангии маводи ба намоиш гузошташуда таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аз гуногунрангии мероси фарҳангии Хуҷанд ва ҳифзу муаррифии дурусти он изҳори қаноатмандӣ карданд.
Баъдан, меҳмонон аз ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ дидан карда, бо тарзи зиндагии гузаштагон, урфу одат, фарҳанги рӯзгордорӣ ва намунаҳои ҳунарҳои суннатии мардум шинос шуданд. Дар ин гӯшаҳо меҳмонон имконият пайдо намуданд, ки аз наздик бо фазои хоси рӯзгори ниёгон, ҳунарҳои дастӣ ва анъанаҳои миллии мардуми тоҷик ошно гарданд.
Боздиди ҳайатҳои меҳмонони вилоятҳои Фарғона ва Боткент аз қалъаи бостонӣ ва таърихии Хуҷанд дар фазои гарму самимӣ, эҳтироми мутақобил ва руҳияи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид. Меҳмонон зимни боздид бо таърихи пурғановат, фарҳанги қадима ва мероси арзишманди шаҳри Хуҷанд, ки яке аз марказҳои муҳими тамаддуни куҳан ба шумор меравад аз наздик шинос шуданд.Боздид аз қалъаи таърихӣ ба барномаи фарҳангии сафари расмии ҳайатҳо мазмуну аҳамияти хос бахшида, барои таҳкими робитаҳои дӯстона ва фарҳангии байни минтақаҳо заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар фарҷоми боздид меҳмонон барои пазироии самимӣ, меҳмоннавозии хоси мардуми Хуҷанд ва фароҳам овардани шиносоии амиқтар бо таъриху фарҳангии ғании шаҳри Хуҷанд ба роҳбарият ва масъулин изҳори сипос намуданд.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМеҳмонони Фарғона ва Боткент дар қалъаи бостонии Хуҷанд
Scroll to Top