Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ватан – хонаи ман аст

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Ватан барои ҳар як инсон маънои хосе дорад, ки дар макони зисташ даврони кӯчакиаш гузаштааст, ки барои касон мисли падару модар, барои касе бошад, як гӯшаи азизи сарзаминаш,обу зулолу меваю сабзавоташ ва ҳар ваҷабаш бо хотираҳои нек пайвандӣ дорад. Аммо барои ман Ватан пеш аз ҳама хонаи ман аст, хонаи бузурге, ки дар он гузаштагони ман зиндагӣ карданд, имрӯз бошад ману ҳамзамонам зиндагӣ дорем ва фардои онро наслҳои оянда хоҳанд сохт. Шояд саволе ба миён ояд?. Ватан аз куҷо сар мешавад?- шояд аз остонае, ки модар моро бо дуои нек гусел мекунад. Шояд аз макони зодгоҳ, аз мактабе ки нахустин сабақи зиндагиро омӯхтем ё аз он лаҳзае, ки бори аввал маҳфуми “Ватан”-ро дарк кардаем.Шояд, Ватан дар қалби инсон бо муҳаббат оғоз шавад ва бо масъулият идома ёбад. Шояд, Ватан аз аввалин ҳарфе оғоз мешавад, ки бо забони модарӣ ба забон меорем... Оре, онро бо чашм дидан мумкин аст, аммо бо дил эҳсос кардан зарур аст. Кӯҳҳои сарбафалаки Тоҷикистони маҳбуб, водиҳои беканори сабзу хуррам, рӯдҳои пурталотум,деҳаҳои орому шаҳрҳои обод ва як кафи хокаш, ҳама як ҷузъе аз Ватани азизи мо ҳастанд. Аммо Ватан боз чизҳои дигаре низ дар худ дорад, ин хотираҳои гузаштагон, забони модарӣ, таърих ва фарҳанги миллӣ, меҳри падару модар ва орзуҳои неки фардои зиндагӣ аст.
Бале, чӣ тавре дар боло зикр гардид, Ватан аз оила сар мешавад ва кӯдак пеш аз он ки маънои “ватан”-ро дар китоб мехонад, ки онро дар муҳити оила эҳсос мекунад. Ӯ аз муносибати падару модар ба мардум, аз эҳтироми калонсолон, аз муҳаббат ба забони модарӣ, таърих ва аз ҳикояҳои бобову модаркалонҳо дар бораи гузашта маънои аввалини Ватанро меомӯзанд. Инчунин Ватан аз забон сар мешавад, ки забон танҳо воситаи гуфтугӯ нест, балки забон хотираи миллат аст. Ҳар калимае, ки мо бо забони модарӣ мегӯем, гӯё пайванди моро бо гузашта ва ояндаи миллат нигоҳ медорад. Аз ҳамин ҷост, ки ҳифзи забони тоҷикӣ, омӯзиши адабиёт ва шинохти осори бузургони миллат бояд вазифаи ҳар як шахси худшинос бошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 дар паёми навбатии худ ба ҷавонон ва шинохти таъриху фарҳанги миллӣ таъкид карда буданд : “Бояд донист, ки Ватан аз масъулият сар мешавад. Дӯст доштани Ватан танҳо гуфтани суханҳои зебо дар бораи он нест. Муҳаббат ба Ватан дар амал зоҳир мешавад, ки дар омӯзиши хуб, меҳнати ҳалол, муносибати масъулиятнок ба вазифа, ҳифзи табиат, эҳтироми қонун, кӯмак ба дигарон ва саҳм гузоштан дар ободии маҳалли зист”.
Ҷавоне, ки бо илму дониш ба Ватан хизмат мекунад, омӯзгоре, ки насли босавод тарбия менамояд, деҳқоне, ки заминро обод мекунад, сарбозе, ки марзи кишварро ҳифз менамояд, ки ҳар яке ба Ватан хидмат мекунад. Зеро, Ватан маҳз аз ҳамин корҳои ба назар хурд, вале барои ҷомеа бузург обод мешавад. Дар ин радиф, Ватан аз хотираи ниёгон низ сар мешавад. Мо на танҳо соҳиби як сарзамин, балки ворисони як таърихи пурғановат ҳастем, ки осори гузаштагонамон адабиёти классикӣ, таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои миллӣ моро ба решаҳои худ мепайванданд. Ҳар қадар инсон решаҳои худро хубтар бишиносад, ҳамон қадар арзишҳои Ватанро амиқтар дарк мекунад. Шояд яке аз ҷойҳое, ки инсон маънои “Ватан”-ро бештар эҳсос мекунад, осорхонаи таърихӣ бошад. Зеро осорхона танҳо толорҳои пур аз ашёву маводҳои қадима нест, балки оинаи таърих, фарҳанг ва ҳастии миллат аст. Ҳар як нигора, ҳар як ҳуҷҷат ва ҳар як ашёи таърихӣ аз рӯзгори гузаштагон аз зиндагӣ, меҳнат. Орзуву ормон ва муборизаҳои онҳо барои ҳифзи сарзамину фарҳанг қисса мекунад.Вақте инсон ба ин осорҳо менигарад, гӯё бо таърихи чандин насл рӯ ба рӯ мешавад ва дарк мекунад, ки имрӯз мо соҳиби чунин Ватани соҳибистиқлол ҳастем, зеро пеш аз мо наслҳои зиёде барои ҳифзи забон, фарҳанг, арзишҳо ва сарзамини худ саҳми босазое гузоштаанд.Осорхона ба инсон имкон медиҳад, ки гузаштаашро бишиносад аз он сабақ гирад ва барои оянда масъулиятро бештар эҳсос намояд.Зеро миллате, ки таърихи худро медонад, қадри имрӯзро беҳтар мефаҳмад ва барои фардои худ боэътимодтар қадам мегузорад.Аз ин рӯ. Осорхонаи таърихиро метавон мактаби маърифати миллӣ номид, мактабе ки дар он инсон на танҳо таърихро меомӯзад, балки муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба гузаштагон ва масъулият дар назди наслҳои ояндаро эҳсос мекунад.
Воқеан, дар шаҳри Хуҷанди бостони Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҳамчун махзани мероси таърихию фарҳангӣ садои гузаштагонро ба имрӯз мерасонад. Дар толорҳои он нигораҳои бостоншиносӣ, ашёи рӯзгор, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, сиккаҳо, санадҳои таърихӣ ва дигар осори фарҳангӣ нигоҳдорӣ мешаванд. Вақте насли наврас ё ҷавон ба осорхонаи таърихӣ ворид мешавад ва ба ашёҳои нодири ниёгон менигарад, таърих дигар танҳо матни китоб намемонад, ки онҳо ба воқеиятҳои таърихи зинда табдил меёбад. Ӯ мебинад, ки гузаштагони миллати тоҷик, чӣ гуна ҳунар меофариданд, чӣ гуна фарҳанги худро ҳифз менамуданд ва чӣ мероси гаронбаҳо ба наслҳои оянда гузоштаанд. Маҳз ҳамин ҷо инсон дарк мекунад, ки ҳар он чизе, ки имрӯз мо мероси миллӣ меномем, як порчаи Ватан аст, ки рӯзе барои гузаштагони мо зиндагии ҳаррӯза доштанд ва имрӯз масъулияти мо аст, ки онро ба фардо бирасонем. Шояд аз ҳамин ҷо низ Ватан оғоз мешавад, ки аз эҳтиром ба он чизе ки ниёгон ба мо супориданд. Бале, Ватанро танҳо бо буму марзаш намешиносанд, балки Ватанро бо хотираҳояш бо таърихи мардумаш бо фарҳангаш ва бо меросе, ки аз насл ба насл мегузарад, мешиносанд. Аммо Ватан танҳо аз гузашта ёд намешавад, он Тоҷикистонест,ки мо мехоҳем ба фарзандонамон ба мерос гузорем, бояд кишвари обод, ором, пешрафта ва соҳибмаърифат бошад. Аз ин рӯ, дӯст доштани Ватан маънои масъулият барои фардои онро низ дорад. Ҳар кори созандагиву ободкорие, ки имрӯз анҷом медиҳем, метавонад ба як хишти бинои фардои кишвар табдил ёбад.
Пас, Ватан аз куҷо сар мешавад?- аз хона, модар, забони модарӣ, мактаб, маҳалла ё аз хотираи гузаштагон... Аз аввалин эҳсоси муҳаббат ба сарзамине,ки инсон дар он ба дунё меояд. Ва ниҳоят Ватан аз худи инсон сар мешавад, ки аз он лаҳзае, ки ӯ дарк мекунад, ин сарзамин танҳо ҷойи зиндагии мову шумо нест, балки масъулияти ҳар соҳиби зиндадил аст. Зеро Ватан бо дасти мо ба наслҳои оянда мерасад, ки шояд Ватан аз ҳамин лаҳза оғоз мешавад, ки инсон бори аввал ба осмони софи зодгоҳаш менигарад ва беихтиёр бо нафаси тоза эҳсос мекунад, ки инҷо Ватан - хонаи ман аст.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОВатан – хонаи ман аст
Scroll to Top