Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Симои Рӯдакӣ дар оинаи таърих

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Дар таъриху адабиёту фарҳанги тоҷик шахсиятҳое ҳастанд, ки номи онҳо бо гузашти садсолаҳо на танҳо аз ёдҳо намеравад, балки ҳар насл ба мероси онҳо бо эҳтироми бештар рӯ меорад. Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сардафтари адабиёти классикии тоҷик ва яке аз чеҳраҳои барҷастаи фарҳанги форсу тоҷик, аз ҷумлаи чунин бузургмардон мебошад. Каломи пурҳикмат ва осори гаронбаҳои ӯ имрӯз низ ҳамчун ҷузъи муҳими мероси маънавии миллат мавриди арҷгузорӣ қарор дорад.
Ба ин муносибат ҳамасола санаи 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ дар кишвари Тоҷикистон ҳамчун арҷгузорӣ ба ҷойгоҳи бузурги сардафтари адабиёти классикии тоҷик ва форсу тоҷик таҷлил мегардад. Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо осори мондагори худ дар таърихи адабиёти ҷаҳон мақоми хоса дошта, номи ӯ бо рушди нахустини шеъри классикии форсӣ- тоҷикӣ пайванди ногусастанӣ дорад.
Ҳамзамон дар толори намоишии “Маданияти халқҳои Осиёи Миёна дар асрҳои X-XI”- и Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” гӯшаи марбут ба чеҳраи бузурги адабиёти тоҷик таваҷҷуҳи хос пайдо гардидааст. Дар ин толор нимпайкара ва акси устод Рӯдакӣ ба намоиш гузошта шудаанд, ки барои шиносоии боздидкунандагон бо симои эҳтимолии шоири бузург ва мероси фарҳангии давраи ӯ аҳамияти вижагӣ доранд. Яке аз маводи ҷолиби ин намоиш нимпайкараи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад, ки соли 1957 аз ҷониби ҳайкалтароши рус М.М.Герасимов ба анҷом расонида шудааст. Ин асари ҳайкалтарошӣ аз ҷумлаи кӯшишҳои муҳим барои тавассути симои шоири бузург ба шумор рафта, имрӯз ҳамчун як намунаи арзишманди фарҳангӣ ба тамошобинон пешниҳод мегардад. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар асри X дар давраи ташаккули босуръати илму фарҳанг ва адабиёти тоҷик зиндагӣ ва эҷод кардааст. Осори ӯ инсонро ба донишомӯзӣ, хирад, некӣ, дӯстӣ ва қадршиносии зиндагӣ ҳидоят менамояд. Маҳз ҳамин арзишҳои умумибашарӣ боис шуданд, ки ашъори Рӯдакӣ баъд аз садсолаҳо аҳамияти худро нигоҳ медорад. Намоиши нимпайкара ва акси устод Рӯдакӣ дар толори “Маданияти халқҳои Осиёи Миёна дар асрҳои X-XI” аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ба тамошобин имкон медиҳад, то дар бораи муҳити таърихию фарҳангии даврони шоир тасаввуроти бештар пайдо кунад. Дар ин давра дар Мовароуннаҳр ва Хуросон шаҳрсозӣ, ҳунармандӣ, илму маърифат ва адабиёт рушд намуда, заминаҳои мусоиди пешрафти фарҳанг ба вуҷуд омада буданд.
Воқеан, осорхона ҳамчун махзани таъриху фарҳанг дар ҳифз ва муаррифии чунин мероси маънавӣ нақши муҳим дорад. Ҳар як нигора, акс ва асари санъат метавонад барои насли имрӯза пайвандиеро бо гузашта ба вуҷуд оварад. Нимпайкараи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ танҳо як асари ҳайкалтарошӣ нест, балки рамзи эҳтиром ба шахсияте мебошад, ки дар таърихи адабиёти тоҷик мақоми беназир дорад. Имрӯз номи Рӯдакӣ дар саросари Тоҷикистони маҳбубамон гиромӣ дошта мешавад. Ба номи ӯ муассисаҳои фарҳангиву илмӣ, кӯчаҳо ва майдонҳо гузошта шуда, осори шоир пайваста мавриди омӯзиш ва тарғиб қарор мегирад. Ҷашни Рӯзи Рӯдакӣ низ як фурсати муносибе мебошад, ки барои бозгашт ба мероси адабии ниёгон ва шиносонидани насли ҷавон бо осори пурғановати гузашта аст. Намоиши нимпайкара ва акси устод Рӯдакӣ дар осорхонаи таърихӣ дар арафаи ин санаи фархунда як роҳи муаррифии мероси таърихию фарҳангии миллат ба шумор меравад. Зеро шинохти таърих ва эҳтиром ба бузургони миллат омили муҳими ҳифзи ҳувияти фарҳангӣ ва пайванди наслҳо мебошад. Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ зинда аст, то вақте ки каломи ӯ дар забонҳо, осораш дар китобҳо ва номи бузургаш дар хотираи мардум боқӣ мемонад.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСимои Рӯдакӣ дар оинаи таърих
Scroll to Top