Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боздиди ҳайати намояндагони Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия аз Қалъаи таърихии Хуҷанд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Дар доираи сафари расмии ҳайати намояндагони Палатаи савдо ва саноатии Федератсияи Русия ба вилояти Суғд, ки рӯзҳои 15-17 сентябри соли 2026 идома дорад, меҳмонон аз як қатор мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Хуҷанд боздид ба амал оварданд.
Шоми 16 - сентябри соли равон гуруҳи меҳмонон, ки дар ҳайати он намояндагони Федератсияи Русия, аз ҷумла вилоятҳои Воронеж ва Рязан бо сарварии Сорокин Евгений Григорьевич – муовини якуми президенти Иттиҳоди “Палатаи савдо ва саноати вилояти Рязан” ва Галич Ирина Анатолиевна- ноиби президенти Палатаи савдои шаҳри Королёв, бо ҳамроҳии шахсони масъул ба Қалъаи таърихии Хуҷанд ташриф фармуданд.
Меҳмононро шахсан Омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, Иброҳим Иброҳимов истиқбол намуда, хайру мақдам гуфт. Зимни суҳбат таъкид гардид, ки Қалъаи Хуҷанд яке аз ёдгориҳои муҳими таърихию фарҳангии шаҳри бостонии Хуҷанд ба ҳисоб рафта, дар он саҳифаҳои зиёди таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик таҷассум ёфтаанд.
Сипас, меҳмонон бо роҳбалади ботаҷриба Иноятхон Мирзоева аз толорҳои намоишӣ боздид намуданд. Дар толорҳои маҷмаа намунаҳои гуногуни осори таърихию фарҳангӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, ашёҳои рӯзгор, ҳунарҳои суннатӣ ва дигар маводҳои нодире, ки аз таъриху фарҳанги қадимаи ниёгони миллати тоҷик шаҳодат медиҳанд, шинос гардиданд. Роҳбалад зимни муаррифии экспонатҳо ба меҳмонон оид ба таърихи пайдоиш, аҳамияти фарҳангӣ ва тарзи истифодаи баъзе аз ашёҳои нодир маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Меҳмонон ба осори таърихии ба намоиш гузошташуда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда бо завқи зиёд аз толорҳои намоишӣ дидан намуданд.
Дар идомаи боздид ҳайати меҳмонон аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ низ дидан намуданд. Ин гӯшаи фарҳангӣ фазои зиндагии суннатии гузаштагони миллати тоҷикро намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, тарзи зиндагӣ ва фарҳанги рӯзгори мардуми тоҷик дар замонҳои гузашта сохта шудааст, ошно гардиданд. Меҳмонон ба маҳсули дастони ҳунармандони мардумӣ, бахусус аз ҳавлии диредгар, ки ҳунармандон бо сохтани асбобҳои созии миллӣ машғул буданд таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз фазои хоси ин гӯшаи таърихӣ таассуроти нек гирифтанд. Зеро ошноӣ бо ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии миллӣ метавонад заминаи мусоиди таҳкими робитаҳои дӯстӣ, ҳамкориҳои байни минтақаҳо ва густариши муносибатҳои фарҳангию иқтисодии Тоҷикистону Русия гардад.
Дар фарҷоми боздид яке аз намояндагони ҳайати меҳмонон таассуроти нек ба Қалъаи таърихии Хуҷанд дар китоби фахрии “Мулоҳизоти меҳмонон” сабт намуда бо соядасти хеш баён намуд. Ӯ аз пазироии гарму самимӣ, муаррифии шоистаи таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон ва фазои хоси маҷмааи фарҳангию таърихӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Меҳмонон баъди боздид аз ин макони фарҳангию таърихӣ аз меҳмоннавозии гарму самимӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти муассиса изҳори сипос намуда, барои муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик баҳои баланд доданд. Онҳо таъкид намуданд, ки шиносоӣ бо ёдгориҳои бостонии Хуҷанд ва осори нодири дар маҷмаа маҳфузбуда барои онҳо таҷрибаи ҷолиб ва хотирмон гардид.
Ҳайати меҳмонон бо изҳори қаноатмандӣ аз ташкили чунин боздиди нотакрор изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулин барои фароҳам овардани чунин имконияти арзишманд изҳори сипос намуданд. Муҳити фарҳангӣ ва фазои хоси ин мавзеъ ба меҳмонон таассуроти амиқ бахшида барои онҳо лаҳзаҳои хотирмон ва хотираҳои фаромӯшнашаванда боқӣ гузошт.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоздиди ҳайати намояндагони Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия аз Қалъаи таърихии Хуҷанд
Scroll to Top