Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Хуҷанд - мулоқотгоҳи таърих, фарҳанг ва дӯстӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Дар доираи сафари дӯстона ва фарҳангии меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон ба шаҳри бостонии Хуҷанд, ҳайати меҳмонон аз шаҳри Нурафшон, таҳти роҳбарии Зокирҷон Ҳабибов, намояндаи Кумитаи дӯстии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон, инчунин намояндагони Маркази маънавият ва маърифати Узбекистон, олимон, нависандагон ва шоирон аз Қалъаи таърихии Хуҷанд боздид ба амал оварданд.
Боздиди меҳмонон аз ин ёдгории таърихию фарҳангӣ дар фазои гарму самимии дӯстӣ сурат гирифта, барои шиносоии наздиктар бо таъриху фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ ва мероси маънавии тоҷикон заминаи хуб фароҳам овард.
Меҳмононро дар даромадгоҳи Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Омири кулли муассиса Иброҳим Иброҳимов самимона истиқбол намуда, хайру мақдам гуфт. Зимни суҳбат таъкид гардид, ки Қалъаи Хуҷанд яке аз мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангии шаҳри бостонии Хуҷанд ба ҳисоб рафта, дар худ саҳифаҳои зиёди таърихи дорад.
Сипас, роҳбалад Шаҳноза Комилова меҳмононро ба толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ роҳнамоӣ карда, сайри илмӣ ва маърифатӣ баргузор намуд. Дар ҷараёни боздид ба меҳмонон оид ба таърихи пайдоиш ва ташаккули шаҳр, мавқеи Хуҷанд дар масири таърих, ёдгориҳои бостонӣ ва намунаҳои фарҳанги моддии ниёгон маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Меҳмонон бо таваҷҷуҳи хос ба экспонатҳо ва маводи таърихии дар толорҳо ба намоиш гузошташуда назар карда, ба осори фарҳангии ниёгон, ки бозгӯи рӯзгору зиндагии мардум дар давраҳои гуногуни таърихӣ мебошанд, мароқ зоҳир намуданд. Барои аҳли илму адаб ин боздид, бешубҳа на танҳо як сайри маърифатӣ, балки имкони хуби шиносоӣ бо сарчашмаҳои зиндаи таърих ва фарҳанг ба шумор меравад.
Қисмати дигари боздид ба ҳавлии ҳунармандони мардумӣ бахшида шуд. Меҳмонон дар ин ҳавлиҳои ҳунармандон бо тарзи зиндагии гузаштагон, ҳунари суннатӣ ва намунаҳои рӯзгори ниёгон аз наздик ошно гардиданд. Барои намояндангони аҳли илму адаби Узбекистон, ки худ ба омӯзиш, ҳифз ва тарғиби арзишҳои маънавию фарҳангӣ бо чунин мавзеъҳои таърихӣ аҳамияти хос дорад. Зеро таърих ва фарҳанги халқҳои тоҷику узбек дар тӯли садсолаҳо дар паҳлуи ҳам рушд карда, робитаҳои фарҳангӣ, адабӣ ва маънавии миёни ду халқ имрӯз низ идома дорад. Чунин сафарҳо ва мулоқотҳои фарҳангӣ барои густариши робитаҳои дӯстона миёни Тоҷикистон ва Узбекистон шиносоии аҳли илму адаб бо мероси таърихию фарҳангии якдигар ва таҳкими эҳтироми мутақобил нақши муҳим доранд.
Дар фарҷоми боздид меҳмонон барои истиқболи самимӣ ва ташкили чунин сайри пурмуҳтавои фарҳангӣ ба роҳбарият ва кормандони Қалъаи таърихии Хуҷанд изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Валӣ Набизод - котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОХуҷанд - мулоқотгоҳи таърих, фарҳанг ва дӯстӣ
Scroll to Top