Замоне, ки инсон аз рӯ ба рӯи Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва аз паҳлуи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд мегузарад, чашмаш ба дарвоза Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба аркаи боҳашамат меафтад, ки бо шукуҳи худ инсонро ба таваҷҷуҳ мекашад. Гӯё арка бо забони хомӯш ба ҳар роҳгузар мегӯяд: “Ба қаламрави фарҳанг, таърих ва зебоӣ биё, агар омадӣ, хуш омадӣ!” ин ҷо дигар танҳо як даромадгоҳ нест, балки ин ҷо оғози орзуҳоест ба гӯшае, ки номи яке аз фарзондони бузурги Хуҷанди бостонӣ, Камоли Хуҷандиро бо фарҳангу таърих, табиат ва ҳунари меъморӣ ба ҳам пайваст мекунад.
Аркаи мазкур 24 метр дарозӣ ва 11 метру 60 сантиметр баландӣ дошта, аз 16 сутун аз тарафи рост ва ҳашт сутуни дигар дар тарафи чап ҷой гирифтаанд. Сутунҳо аз маҳсулоти сохтмонии маҳаллӣ бунёд ёфта, ба иншоот шукуҳу шаҳомати хос мебахшанд.
Дар чунин муҳити ҷойгир шудани Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ин тасодуфӣ нест. Ҳамин ҷойгиршавӣ имкон медиҳад, ки деворҳои қалъаи куҳан, осорхонаи таърихӣ, маҷмааи таърихӣ, ёдгориҳои меъморӣ, фаввораҳо ва мавзеъҳои фарҳангӣ ба ҳам омада, чеҳраи хоси шаҳрро ба вуҷуд меоранд. Аз ин нигоҳ, аркаи боғ гӯё идомаи табии муҳити таърихи гирду атроф бошад. Он дар миёни шаҳр ва боғ, миёни кӯча ва оромии гулгашт, миёни зиндагии имрӯз ва фардои хотираи гузашта қарор дорад. Ҳар касе, ки аз зери он мегузарад, шояд ба ин маънӣ андеша накунад. Аммо ҳамеша бо забони худ сухан мегӯяд, сутунҳо, шаклҳо, андоза ва ҷойгиршавии арка метавонад, бидуни сухан ба инсон эҳсоси бузургӣ, устуворӣ ва пайванди замонҳоро расонад. Қадаме аз зери арка гузошта мешавад, инсон ба манзари дигар ворид мешавад. Дар дохили боғ фазои сабзу хуррам, роҳравҳо, фаввораҳо ва унсурҳои гуногуни меъморӣ, ба монанди ҳайкалчаҳои рамзии товусҳои хиромон, турнаҳо гӯё парандагони зинда инсонро ба худ ҷалб мекунад. Инчунин ҷӯйи Раззоқ, силсилаи фаввораҳо ва обшорон, айвонҳои кандакоришуда, мақбараи рамзӣ, пайкараи Камоли Хуҷандӣ ва Хона - музейи шоир аз ҷумлаи унсурҳои муҳими ин маҷмаа мебошанд. Ҳамин ҷо як андеша ё саволе ба зеҳни инсон ба миён ояд?. Агар арка “сароғоз” бошад, пас он чӣ дар дохили боғ ҷой гирифтааст, идомаи ҳамин қисса аст.
Қиссаи инсонест, ки дар ғазалҳояш ишқ, вафо, зебоӣ ва орзуҳои инсонӣ садо медиҳанд. Ва қиссаи шаҳре, ки имрӯз низ номи фарзанди бузурги худро бо эҳтиром нигоҳ медорад. Чунки номи Камоли Хуҷандӣ барои сокинони шаҳри Хуҷанди бостонӣ танҳо як номи шоири классикӣ нест, балки ин ном як ҷузъи ҳувияти фарҳагии кишвар мебошад. Шайх Камоли Хуҷандӣ шоирест, ки бо вуҷуди дурӣ аз зодгоҳ, муҳаббат ба диёри хешро дар ашъораш зинда нигоҳ доштааст. Имрӯз бошад, дар шаҳри Хуҷанд муҳити махсусе офарида шудааст, ки ба меҳмонон имконият медиҳад бо рӯзгор ва осори шоир аз наздиктар шинос шаванд.
Соли 2015 боғи навсозишудаи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо пайкара, мақбара ва Хона - Чорбоғи рамзии шоир ба истифода дода шуд. Ҳамчунин хоки поки Камол аз шаҳри Табрез ба Ватан оварда шуда, дар ин маҷмаа мақбари рамзӣ бунёд гардид. Ин рӯйдод аз нигоҳи маънавӣ аҳамияти хос ае дорад. Шоире, ки асрҳо дур аз зодгоҳ зиндагӣ карда буд, ба таври рамзӣ ба шаҳри худ баргашт. Ва аркаи боғи фарҳангӣ гӯё аввалин нишонаи ҳамин бозгашт бошад. Сокинону меҳмонони дуру наздик аз зери он гузашта ба муҳите ворид мешаванд, ки номи Камол дар ҳар гӯшааш эҳсос мешавад. Аммо ҷолибияти асосӣ дар он аст, ки арка дар муҳити таърихии шаҳри Хуҷанд бегона ба назар намерасад. Баръакс он бо муҳити Қалъаи таърихии Хуҷанд ва осорхонаи таърихӣ ҳамоҳанг шудааст. Аз ҳамин рӯ, аркаро метавон танҳо як иншооти ҷудогона не, балки як қисми композитсияи умумии фарҳангиву меъмории маркази шаҳри Хуҷанд донист. Пас, чаро арка ба ёд мемонад? - Шояд сабабаш танҳо дар бузургии он набошад. Инсон бисёр иншооти калонро мебинад ва аз паҳлуяшон мегузарад. Аммо баъзе ҷойҳо дар хотир мемонад. Чаро?- зеро онҳо бо эҳсос пайванди доранд. Метавон гуфт, ки аркаи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ барои кӯдаке, ки бо падару модар ба боғи истироҳатӣ меояд, метавонад оғози як рӯзи хуш бошад. Барои ҷавоне, ки бо дӯстонаш ба ин ҷо меояд, метавонад як гӯшаи шинос ва дӯстдоштае бошад. Барои сайёҳ бошад, он метавонад аввалин тасвири Хуҷанд аз муҳити фарҳангии шаҳр гардад. Ва барои шахсе, ки ба таъриху адабиёт дилбастагӣ дорад, ин арка метавонад, оғози мулоқот бо номи Камоли Хуҷандӣ бошад.
Бале, ҳатто чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ низ дар ин боғи фароғатӣ баргузор шудаанд. Аз ҷумла, соли 2019 боғи Камоли Хуҷандӣ ба макони баргузории фестивали “Сайри лола” табдил ёфта, барои истиқболи меҳмонон ба як лолазори бузург мубаддал гардида буд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки боғ дар ҳаёти фарҳангии шаҳр нақши доимӣ дорад. Дар ин замина арка низ вазифаи худро дорад. Он чеҳраи берунии боғи фарҳангӣ аст, ки меҳмононро пеш аз дарвоза пешвоз мегирад, аз дарвоза хайрбод мегӯяд, яъне дарвоза марзи байни берун ва дарун мебошад. Меҳмоне, ки ҳанӯз вориди боғ нашуда, аз намои он тасаввуроте пайдо мекунад,ки дар пешаш муҳити одии фароғатӣ нест. Дар пешаш маконе қарор дорад, ки таърих, фарҳанг, меъморӣ ва табиат дар он ба ҳам омаданд, ки аркаи боғи Камол низ ба ҳамин чеҳра тааллуқ дорад. Шояд барои касе он танҳо як дарвозаи зебо бошад.
Саволе ба миён ояд, ки чаро “арка” мегӯянд? Арка аз истилоҳи меъморӣ омадааст ва ба иншооти камондор ё гузаргоҳи бузурги ороишӣ ишора мекунад, аз забони тоҷикӣ, калимаҳои “дарвоза”, “дарвозаи боғ” ё “даромадгоҳ”-ро дорад. Яъне арка меҳмононро ба муҳити фарҳангии боғ роҳнамоӣ мекунад. Ин дарвоза ҳамчун пайванд миёни фазои шаҳрӣ ва муҳити фарҳангии боғ хизмат карда, меҳмононро ба ҷаҳони таърих, табиат, адабиёт ва фарҳанги Хуҷанд ворид месозад.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки дарвозаи боғ на танҳо барои зебоии меъморӣ, балки ҳамчун рамзи эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва мероси Камоли Хуҷандӣ аҳамияти хос дорад.
Ҳамзамон,нигоҳдорӣ ва ҳифзи чунин ёдгориҳои меъморӣ барои насли имрӯз ва оянда аҳамияти бузург дорад. Зеро онҳо танҳо сохторҳои сангиву хиштини камоншакл набуда, балки як поаи хотираи таърихӣ буда, фарҳангӣ ва маънавии шаҳри бостонии Хуҷандро инъикос мекунад. Инчунин дарвозаи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бошад, ҳамчун ҷузъи муҳими ин муҳити таърихию фарҳангӣ ба шумор меравад. Он ба наслҳои имрӯз имкон медиҳад, ки бо таъриху фарҳанги шаҳр бештар ошно шаванд ва ба мероси гузашта бо эҳтиром муносибат намоянд. Зеро ҳар як чунин ёдгорӣ саҳифае аз таърихи шаҳрро дар худ нигоҳ дошта, пайванди ногусастании гузашта, имрӯз ва ояндаро бозгӯ мекунад.