User Rating: 



/ 0
- Details
-
16.09.2026 09:55
-
Азназаргузаронӣ: 4
Тирамоҳ бо ҳавои салқину насими форам ва тағйири ранги табиат ба Хуҷанд низ ҳусни дигар мебахшад. Бо фаро расидани фасли нав, дар роҳравҳои Қалъаи таърихии Хуҷанд ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” гулҳои мавсимии тобистона бо гулҳои ба фасли тирамоҳ мувофиқ иваз карда мешаванд. Боғбонон бо меҳру муҳаббат ба сабзаву гулзорҳо садбаргҳои сафеду сурх шинонида кӯшиш доранд, ки симои муассисаи фарҳангиро дар рӯзҳои тирамоҳӣ боз ҳам сабзу хуррам ва гулпӯш намоянд.
Бале, бо фаро расидани фасли тирамоҳ табиати кишвар тадриҷан ранги дигар мегирад.Баргҳои дарахтон зард мешаванд, ҳаво салқинтар мегардад ва табиат ба мавсими нав қадам мегузорад. Аммо дар баробари тағйирёбии фасл, кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, бахусус гулгаштҳои муассиса симои тозаи нав пайдо мекунанд. Яке аз нишонаҳои омодагӣ ба фасли нав иваз намудани гулҳои мавсимӣ дар роҳравҳо ва мавзеъҳои сабзу хуррами макони таърихӣ буда, дар ин рӯзҳои корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ идома доранд. Боғбонон бо фаро расидани ҳавои тирамоҳӣ гулҳои мавсимии тобистониро тадриҷан аз қитъаҳои гулкорӣ ва гулдонҳо гирифта ба ҷойи онҳо навъҳои мувофиқ ба шароити фасли тирамоҳро мешинонанд. Дар миёни гулҳои нав шинонидашуда садбаргҳои сафеду сурх ҷойгоҳи хоса доранд. Сафедии гулҳои садбарг бо сурхии дурахшони онҳо як манзараи зебову дилнишинро ба вуҷуд меоранд, ки бар рӯзҳои салқини тирамоҳӣ таровати хосае мебахшанд.
Дар ин раванд, заҳмати боғбонон дар ин маврид махсусан қобили зикр аст, ки нигоҳубини гулу гулбуттаҳо кори осон нест. Онҳо бояд ҳар як ниҳолро мувофиқи талаботи он шинонида ба обёрӣ, нарм намудани хок, тоза нигоҳ доштани қитъаҳо ва нигоҳубини минбаъдаи гулҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Ҳамин меҳнати ҳаррӯза имкон медиҳад, ки мавзеъҳои таърихӣ дар тамоми фаслҳои сол зебову обод ба назар расанд. Роҳравҳои қалъаи таърихӣ ва боғи истироҳатӣ, яке аз мавзеъҳои макони ёдгорӣ ба шумор мераванд, ки бо гулҳои рангоранг боз ҳам ҷолибтар менамоянд.
Дар воқеъ, тирамоҳ барои табиат фасли тағйирот аст, аммо барои боғбонон оғози марҳилаи нави меҳнатӣ мебошад. Ҳамин тавр, шинонидани гулҳои нав дар мавзеъҳои таърихӣ на танҳо барои зебо гардонидани муҳити атроф, балки барои ҳифзи симои зебогии ин маконҳо низ аҳамияти муҳим дорад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ҳамеша ободу зебо нигоҳ дошта шуда, сокинону меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар фасли тирамоҳ аз манзараҳои дилнишин ва муҳити зебои онҳо баҳраманд гарданд. Зебогии табиат ва нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ дар якҷоягӣ ба ҷолибияти мавзеъҳо таъсири мусбат расонида, барои рушди сайёҳӣ ва баланд бардоштани ҳисси дӯст доштани табиату фарҳанги миллӣ мусоидат мекунад.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”
Шарҳ додан