Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Қатраҳои об дар остонаи таърих

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Ҳар субҳ ҳангоме ки шаҳри Хуҷанд аз хоби ноз бедор мешавад, дар остонаи яке аз ёдгориҳои қадимаи он Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҳаракати кормандони хизматрасони оғоз мегардад ва саҳнаи ҷолибе ба назар мерасад. Пеш аз он ки дарвозаҳои қалъа ба рӯйи меҳмонон боз шаванд, роҳраву саҳнаи назди дарвоза об зада, муҳити атроф тозаю озода карда мешавад. Шояд барои бисёриҳо ин як кори одии рӯзмарра намояд. Аммо саволе ба миён меояд: чаро маҳз ҳар субҳ пеши дарвозаи қалъа об мезананд? Оё ин танҳо ба хотири тозагӣ ва дур кардани чангу ғубор аст ё дар паси ин амали сода маънои фарҳангиву таърихие низ нуҳуфтааст?
Барои пайдо кардани посух ба ин савол, бояд ба фарҳанги шаҳрнишинӣ, муносибати мардуми тоҷик ба обу покизагӣ ва таърихи пурғановати Қалъаи Хуҷанд назар афканем. Зеро баъзан дар як амали ба назар одӣ нишонаҳои фарҳанги бузурге нуҳуфтаанд, ки аз насл ба насл омада, имрӯз низ дар ҳаёти мо идома дорад.
Дар асл, об – рамзӣ покӣ ва тароват дошта дар фарҳанги мардуми тоҷик аз қадим ҷойгоҳи хос доштааст. Барои сокинони шаҳрҳои бостонӣ об танҳо воситаи нӯшидан ва рӯзгордорӣ набуда, балки яке аз асосҳои зиндагӣ, ободонӣ ва покизагӣ ба шумор мерафт. Аз ин рӯ, тоза нигоҳ доштани кӯча, ҳавлӣ, роҳрав ва ҷойи истиқболи меҳмон як ҷузъи муҳими фарҳанги рӯзгордорӣ буд. Вақте субҳ пеши дарвоза об пошида мешавад, замин аз чангу ғубор тоза мегардад, ҳаво каме салқин мешавад ва муҳити атроф намуди тозаву озода мегирад. Барои ҷойе чун Қалъаи Хуҷанд, ки ҳар рӯз меҳмонони дохиливу хориҷиро қабул мекунанд, чунин тозагӣ аҳамияти бештар дорад. Меҳмон вақте аз дарвоза ворид мешавад, бояд эҳсос кунад, ки ба ҷойи одии шаҳрӣ не, балки ба як фазои таърихӣ қадам мегузорад. Аз ҳамин рӯ, тозагӣ ва тартиби назди дарвоза низ як қисми фарҳанги муаррифии ёдгорӣ ба шумор меравад. Ҳар қатраи обе, ки саҳар ба роҳрав пошида мешавад, метавонад рамзи омодагӣ бошад, омодагӣ ба рӯзи нав, ба қабули меҳмон, ба ҳифзи зебоӣ ва ба нигоҳдории муҳити фарҳангӣ аст. Махсусан дар фасли гармо об пошидан ба роҳравҳо, назди дарвоза метавонад чангу ғуборро паст карда, барои муддати кӯтоҳ муҳити атрофро тароватбахштар созад. Муҳимтар аз ҳама ин одати ҳаррӯза як ҷузъи нигоҳбини муҳити таърихӣ бошад. Қалъае, ки таърихи чандин асрро дар худ нигоҳ доштааст, бояд на танҳо аз ҷиҳати меъморӣ, балки аз ҷиҳати тозагӣ ва ободонӣ низ нигоҳубин карда шавад.
Бале, қалъаи таърихи гузашта дорад, аммо нигоҳубини он вазифаи имрӯз аст ва ҳар субҳ, пеш аз омадани меҳмонон қатраҳои об ба роҳрави назди дарвоза гӯё аз оғози рӯзи нав дар ин макони таърихӣ хабар медиҳанд.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҚатраҳои об дар остонаи таърих
Scroll to Top