Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

НАВИДИ ТОЗА АЗ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «МАҶМААИ ФАРҲАНГИЮ ТАЪРИХИИ "ҚАЛЪАИ ХУҶАНД" БАХШИДА БА 35 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи навбатии маҷаллаи илмӣ, маърифатӣ-фарҳангӣ «Ахбори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд» №8 ба нашр расид.
Дар шумораи навбатии «Ахбори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд» маводи илмӣ, мақолаҳои таҳқиқотӣ ва маълумоти марбут ба таърихи сиёсӣ-иҷтимоӣ, фарҳанг ва тамаддуни минтақа, ёдгориҳои таърихию меъморӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ ва ашёи нодири осорхонавӣ ҷой дода шудаанд. Муаллифони маводи нашршуда ба масъалаҳои марбут ба омӯзиш ва ҳифзи мероси моддию маънавӣ, нақши осорхонаҳо дар таҳкими худшиносии миллӣ ва аҳаммияти таҳқиқоти осорхонавӣ дар рушди илми таърих таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.
Қобили зикр аст, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои омӯзишу ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва рушди фаъолияти осорхонаҳо дар кишвар имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд.
Дар ин замина, нашри маводи илмӣ оид ба таърих ва фарҳанги миллӣ барои рушди таҳқиқоти соҳавӣ, интиқоли донишҳои илмӣ ва баланд бардоштани маърифати таърихии ҷомеа аҳаммияти назаррас дорад.
Шумораи нави «Ахбори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд» бо фарогирии маводи илмӣ-таҳқиқотӣ ва иттилоотӣ барои муҳаққиқон, таърихшиносон, бостоншиносон, кормандони осорхонаҳо, омӯзгорон, донишҷӯён ва доираи васеи алоқамандони таъриху фарҳанги миллӣ манбаи арзишманди илмӣ ба шумор меравад.
Нашри ин маҷалла дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами муҳим дар самти таҳқиқ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии вилояти Суғд ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНАВИДИ ТОЗА АЗ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «МАҶМААИ ФАРҲАНГИЮ ТАЪРИХИИ "ҚАЛЪАИ ХУҶАНД" БАХШИДА БА 35 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Scroll to Top