Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Истиқлолият – дастоварди бузурги таърихӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Истиқлолият барои ҳар як миллат арзиши бузург ва муқаддас ба шумор меравад. Барои мардуми Тоҷикистон ба даст овардани Истиқлолият яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ буда, оғози марҳилаи нави рушди давлатдорӣ гардид. Бо гузашти 35 сол аз рӯзи эълони Истиқлолият, метавон бо ифтихор дастовардҳо ва пештрафтҳои кишварро таҳлил намуд.
Бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” намоиш таҳти унвони “35 – соли дастовардҳои Истиқлолияти вилояти Суғд” аз тарафи кормадони шӯъбаи таърихи давраи муосир созмон дода шуд. Намоиш зери мавзӯъҳои “Эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Иҷлосияи тақдирсоз”, “Вазъи кишоварзӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар вилояти Суғд”,”Аз бунбасти коммуникатсионӣ то рушди инфрасохтори нақлиётӣ”, “Рушди саноати вилоят дар даврони Истиқлолият”, “Истиқлолият ва рушди маориф”, “Фарҳанг ҳастии миллат”, “Муносибатҳои дипломатӣ дар давраи Истиқлолият” созмон дода шудааст.
Дар намоиш таҷҳизоти техникии дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шуда, аксҳо, Ифтихорномаҳо, Сипосномаҳо, Дипломҳо, ҷоизаҳои соҳаи саноат, маориф, варзиш ба намоиш гузошта шудаанд.
Ҳадаф аз ташкил намудани ин намоиш шинос намудани меҳмонони ватаниву хориҷӣ бо дастовардҳои назарраси соҳаҳои гуногуни вилояти Суғд дар даврони Истиқлолият мебошад.
Вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ҳифз ва таҳкими ин неъмати бебаҳо – Истиқлолият мебошад.
Хоҷаева М. Мудири шуъбаи
таърихи давраи муосири
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"
 
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОИстиқлолият – дастоварди бузурги таърихӣ
Scroll to Top