Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Истиқлол – сарчашмаи эҳёи давлатдорӣ ва ҳифзи мероси миллӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
 (Бахшида ба 9 сентябр Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
  Истиқлол барои кишвари Тоҷикистон танҳо ба даст овардани соҳибихтиёрии давлатӣ набуда, балки оғози марҳилаи нави давлатсозӣ мебошад. Дар солҳои аввали истиқлол кишвар бо мушкилоти ҷиддӣ, аз ҷумла буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва низои шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар чунин шароит нигоҳ доштани давлат ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ вазифаи аввалиндараҷа ба шумор мерафт. Аз ин рӯ,таҷрибаи 35 соли охир нишон медиҳанд, ки пойдории давлатдорӣ ва суботи сиёсӣ шарти асосии рушди тамоми соҳаҳои мухталиф мебошанд.
Дар даврони истиқлол иқтисодиёти Тоҷикистон аз низоми мутамарказ ба иқтисоди бозорӣ гузашт, ки ислоҳоти иқтисодӣ тадриҷан заминаи рушди соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва истифодаи захираҳои дохилиро фароҳам овард. Дар ин муддат сохтмони роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохтори муосир имкониятҳои нави рушди минтақавиро ба вуҷуд оварданд.
Дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ тағийроти назаррас ба амал омаданд, ки чанд мактабҳои ҳозиразамон, боғчаҳои кӯдакона, донишгоҳҳо ва муассисаҳои фарҳангиву тиббӣ, корхонаҳои саноатӣ бунёд гардида навсозӣ шуданд.
Воқеан, Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор дар арсаи байналмилалӣ шинохта мешавад. Ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар соҳаи об нишон медиҳанд, ки истиқлол на танҳо имкони ҳалли масъалаҳои дохилӣ, балки шароити иштироки фаъол дар муносибатҳои ҷаҳониро низ фароҳам овардааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва масъулиятшинос шинохта шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳифзи сулҳу субот, ҳамкории созанда ва пешбурди манфиатҳои миллӣ асос ёфтааст.Маҳз бо чунин сиёсат ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ дастгирӣ ёфтанд. Ин воқеият нишон медиҳад, ки истиқлоли давлатӣ на танҳо имкони таҳкими давлатдориро фароҳам овард, балки нуфуз ва обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ низ ба маротиб боло бурд. Ҳамин тавр, сиёсати созандаи Тоҷикистон имрӯз яке аз омилҳои муҳими таҳкими мавқеи кишвар дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба шумор меравад.
Истиқлол ба эҳёи арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ, таърих, фарҳанг ва худшиносии миллӣ такони ҷиддӣ бахшид. Мустаҳкам гардидани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои маънавии даврони истиқлол мебошад. Аммо дар шароити ҷаҳоншавӣ ҳифзи ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои иттилоотӣ аҳамияти бештар пайдо кардааст. Дар тӯли 35 соли истиқлол кишвари Тоҷикистон роҳи пурпечутоб, вале созандаро тай намуд. Таҷрибаи ин давра нишон медиҳад, ки истиқлол худ ҳадафи ниҳоӣ нест, балки имконияти таърихӣ барои бунёди давлати ҳуқуқбунёд, иқтисоди рақобатпазир ва ҷомеаи мутамаддин мебошад. Аз ин рӯ, марҳилаи нав бояд ба баланд бардоштани сифати рушди иқтисодӣ, истифодаи самараноки захираҳо, рушди иқтисоди рақамӣ, таҳкими волоияти қонун ва омода намудани насли соҳибмаърифат равона гардидааст. Маҳз дар ин сурат истиқлол ҳамчун арзиши пойдори миллӣ барои наслҳои оянда ҳифз ва таҳким хоҳад ёфт.
Сиву панҷ соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо марҳилаи рушди сиёсиву иқтисодӣ нест, балки давраи эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ низ ба шумор меравад. Дар ин муддат ба ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихиву фарҳангии миллат таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, осорхонаҳо ҳамчун марказҳои муҳими худшиносии миллӣ ва тарбияи ватандӯстӣ мақоми арзанда касб намуданд.
Рамзист, ки дар остонаи таҷлили 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни 100 солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” низ таҷлил гардид. Ин ҳамзамонӣ танҳо як мувофиқати тақвимӣ нест, балки бозгӯи пайванди амиқи таърихи гузашта бо давлатдории соҳибистиқлоли имрӯза мебошад. Осорхона дар тӯли як аср ҳамчун ганҷинаи ҳифзи ёдгориҳои моддӣ ва маънавии тоҷикон хизмат карда, имрӯз дар шароити истиқлол имкониятҳои васеътареро барои пажӯҳиш, муаррифии мероси миллӣ ва тарбияи насли ҷавон соҳиб гардидааст.
Ҳамзамон, таҷлили ин ду санаи муҳими таърихӣ моро ба андешае раҳнамун месозад, ки ҳифзи хотираи таърихӣ ва таҳкими истиқлол ду мафҳуми ҷудонашаванда мебошанд. Миллате, ки таърихи худро пос медорад, истиқлоли худро низ устувор нигоҳ медорад ва бо такя ба гузашта роҳи фардои дурахшони худро месозад.
Сиву панҷ соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит месозад, ки истиқлол на танҳо неъмати сиёсӣ, балки заминаи асосии эҳёи таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ мебошад. Маҳз дар фазои сулҳу субот ва соҳибихтиёрӣ имконият фароҳам омад, ки мероси гаронбаҳои ниёгон ҳифз, таҳқиқ ва ба ҷомеа муаррифӣ гардад. Таҷлили ҳамзамони 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили 100 солагии таърихии вилояти Суғд, рамзи пайванди устувори гузашта, имрӯз ва фардои миллат аст. Ин ду рӯйдоди муҳим бори дигар собит месозанд, ки давлатдории миллӣ бе посдории хотираи таърихӣ ва мероси фарҳангӣ пойдор буда наметавонад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, бахусус кормандони соҳаи фарҳанг дар он аст, ки дар ҳифз ва муаррифии арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд. Зеро таърих ва истиқлол ду рукни ҷудонашавандаи ҳастии миллат буда, ҳифзи онҳо кафолати рушди устувор ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
 
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОИстиқлол – сарчашмаи эҳёи давлатдорӣ ва ҳифзи мероси миллӣ
Scroll to Top