Яке аз намунаҳои ҷолиби татбиқи технологияҳои муосир дар муаррифии мероси таърихию фарҳангии кишварро метавон дар фаъолияти Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд” мушоҳида намуд. Қалъаи Хуҷанд, ки яке аз рамзҳои қадимаи шаҳр ва ёдгории арзишманди таъриху фарҳанги миллати тоҷик ба шумор меравад, макони ҳифзи осори гузашта, балки ҳамчун фазои муосири муаррифии таъриху фарҳанг ба насли наврас ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ рушд меёбад. Ҳамзамон,яке аз дастовардҳои назаррас дар ин самт насби воситаҳои муаррифии рақамӣ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар толорҳои намоишии Қалъаи Хуҷанд ва ҳашт ҳавлии ҳунармандони мардумӣ мебошад. Ин иқдом имконият фароҳам меорад, ки мероси таърихию фарҳангӣ бо истифода аз усулҳои наву ҷолиб ба тамошобинон пешниҳод гардида, робитаи миёни арзишҳои суннатӣ ва дастовардҳои технологии замони муосир боз ҳам устувортар гардад. Технологияи рақамӣ имрӯз воситаи муассири муаррифии таърих ба шумор меравад. Агар ба гузашта меҳмон барои гирифтани маълумот асосан аз матнҳои чопӣ ва шарҳи роҳбалад истифода мекард, имрӯз имкониятҳои рақамӣ метавонад маълумоти таърихиро ба шакли интерактивӣ, аёнӣ ва барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ ҷолибтар пешниҳод намоянд. Маҳз ҳамин гуна пайванди таърих бо технологияи муосир метавонад таваҷҷуҳи бештари тамошобинонро ба омӯзиши мероси миллӣ ҷалб кунад.
Дар ин раванд, саҳми ҷавонони фаъол ва ташаббускор низ қобили таваҷҷуҳ ниёз дорад.. Аз ҷумла, фаъолияти Самира Фаррухзода, ки дар самти рушди фарҳанг, истифодаи технологияҳои муосир ва рушди ҷавонон фаъолият менамояд, намунаи иштироки насли ҷавон дар татбиқи ғояҳои созанда ва навоварона мебошад. Иштироки чунин ҷавонон дар татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти иҷтимоиву фарҳангӣ нишон медиҳад, ки рушди технологияҳои рақамӣ танҳо вазифаи як соҳа набуда, балки ба ҳамкории фарҳанг, илм, ҷавонон ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа ниёз дорад. Имрӯз истифодаи технологияҳои рақамӣ дар муаррифии толорҳои намоишии Қалъаи Хуҷанд як қадами муҳим дар самти пайвастани мероси таърихӣ бо имкониятҳои ҷаҳони муосир мебошад. Зеро ҳифзи таърих танҳо нигоҳ доштани ёдгориҳои гузашта нест, вазифаи муҳими дигар он аст, ки ин мерос ба забони замони нав ба насли имрӯзу фардо расонида шаванд. Дар ин замина технология метавонад ба як купруки боэътимод миёни гузашта, имрӯз ва оянда табдил ёбад.
Самира Фаррухзода - намояндаи минтақавии шабакаи байналмилаллии "English Without Borders" дар вилояти Суғд буда, дар самти рушди маориф, фарҳанг, истифодаи технологияҳои муосир ва дастгирии ҷавонон фаъолият менамояд. Ӯ аз ҷумлаи ҷавонони фаъолу ташаббускор ва муҳаққиқи ҷавон ба шумор рафта, дар татбиқи иқдомҳои навоварона ва ҷалби ҷавонон ба омӯзишиу истифодаи имкониятҳои технологиҳои муосир саҳм мегузорад, ки аз ҷониби ЮНЕСКО эътироф гардидааст.
Дар шароити рушди босуръати илму техника ва густариши технологияҳои рақамӣ, истифодаи имкониятҳои нав дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад”.
Ин таъкиди Сарвари давлат танҳо ба соҳаи иқтисод маҳдуд намешавад. Технологияҳои рақамӣ имрӯз метавонанд дар рушди маориф, илм, фарҳанг, сайёҳӣ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии кишвар низ нақши муассир дошта бошанд. Аз ҳамин ҷост, ки истифодаи технологияҳои муосир дар толорҳои намоишии Қалъаи Хуҷанд ва ҳашт ҳавлии ҳунармандони мардумӣ қадаме дар самти пайвастани мероси гузашта бо имкониятҳои ҷаҳони муосир маҳсуб меёбад. Эълон гардидани солҳои 2025 – 2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” низ ба ин раванд такони тоза бахшидааст. Ҳадафи ин ташаббус, аз ҷумла, рушди инфрасохтори рақамӣ, омода намудани кадрҳои муосир, истифодаи технологияҳои нав ва густариши равандҳои инноватсионӣ мебошад. Дар ин замина, ҳар як ташаббуси созанда дар сатҳи маҳаллӣ, ки ба истифодаи технологияҳои рақамӣ, рушди ҷавонон, маориф ва муаррифии арзишҳои миллӣ равона шудааст, метавонад ҳамчун як қадами хурд, вале муҳим дар роҳи татбиқи ҳадафҳои бузурги миллӣ арзёбӣ гардад.
Самира Фаррухзода таҳсилоти бакалаврӣ ва магистрии худро бо дипломи аъло хатм намуда, дар давраи таҳсил ҳамчун яке аз донишҷӯёни фаъолу пешсаф шинохта шудааст. Ӯ соли 2022 барномаи байналмилалии амрикоии ОРЕN-ро низ бомуваффақият хатм кардааст. Фаъолияти Самира танҳо бо таҳсил маҳдуд нашуда, дар доираҳои барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ низ иштироки фаъол доштааст. Аз ҷумла, ӯ дар ташаббусҳои вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид саҳм гузошта, таҷрибаи ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои байналмилалиро ба даст овардааст. Чунин фаъолияти пайваста нишон медиҳад, ки ҷавонони соҳибмаърифат ва ташаббускор метавонанд дар баробари рушди шахсии худ, дар татбиқи ғояҳои навоварона ва пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузоранд. Маҳз омезиши дониш, таҷрибаи байналмилалӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва таваҷҷуҳи ба рушди ҷавонон имкон медиҳад, ки чунин ташаббусҳо дар самти рақамикунонии соҳаҳои гуногун, аз ҷумла фарҳанг ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии миллӣ натиҷаи назаррас диҳанд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Самира Фаррухзода ҷорӣ намудани имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии омӯзгорону донишҷӯён мебошад. Ӯ ба истифодаи дурусти технологияҳои муосир дар раванди таълиму омӯзиш таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, барои омӯзгорон ва донишҷӯён барномаҳои омӯзишӣ ва ташаббусҳои гуногунро дар самти истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ роҳандозӣ менамояд.
Имрӯз зеҳни сунъӣ ба яке аз падидаҳои муҳими ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Истифодаи оқилона ва масъулиятноки он дар соҳаи маориф метавонад ба баланд бардоштани сифати таълим, дастрасӣ ба иттилоот, рушди малакаҳои рақамӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави омӯзишӣ мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани саводнокии рақамии омӯзгорон ва донишҷӯён яке аз талаботи муҳими замони муосир ба шумор меравад.
Айни ҳол Самира Фаррухзода дар “Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд”-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба ҳайси сардори Маркази робитаҳои байналмилалӣ фаъолият намуда,дар самти густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди иқтидори ҷавонон ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои муосир дар муҳити таълимӣ саҳми хешро мегузорад. Фаъолияти ӯ намунаи равшани он аст, ки дониш ва таҷрибаи андӯхтаи худро ба татбиқи технологияҳои нав равона намуда, дар рушди маориф, фарҳанг ва ҷомеаи рақамии Тоҷикистон саҳми арзанда гузорад.
Бо ҳамин мақсад ва дар заминаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеа ба рушди технологияҳои рақамӣ ва инноватсия, дар толори Қалъаи таърихии Хуҷанд ба муносибати 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронсӣ илмӣ баргузор гардид. Дар он устодону донишҷӯён, кормандони муассисаҳои дахлдор ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар ҷараёни конфронс масъалаҳои марбут ба дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ, рушди илму маориф, фарҳанг, истифодаи технологияҳои муосир ва нақши ҷавонон дар татбиқи ташаббусҳои навоварона мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми конфронси илмӣ Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов барои саҳмгузорӣ дар рушди ташаббусҳои навоварона ва истифодаи технологияҳои муосир Самира Фаррухзодаро бо Ифтихорнома қадрдонӣ намуд. Ин қадрдонӣ нишони эътирофи заҳмату фаъолияти созандаи ҷавонони ташаббускор ва саҳми онҳо дар пешбурди ҳадафҳои рушди ҷомеа мебошад. Баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ дар ҷойҳои таърихӣ, аз ҷумла дар Қалъаи Хуҷанд аҳамияти калон дорад.Зеро дар ин гуна фазо гузашта бо имрӯз пайваст гардида, арзишҳои таърихию фарҳангӣ бо дастовардҳои илму технологияи муосир ҳамоҳанг мешаванд. Ҳамин аст, ки ҳар як ташаббуси навоварона хоҳ дар соҳаи маориф бошад, хоҳ фарҳанг, илм ё технология метавонад ба як ҷузъи муҳими раванди рушди миллӣ табдил ёбад. Қалъаи Хуҷанд, ки асрҳо боз нигоҳбони таърихи куҳани шаҳр ва миллати тоҷик аст, имрӯз метавонад бо истифода аз технологияи рақамӣ ба забони замони нав сухан гӯяд.