Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Истиқлолият – кафили сулҳу осоиштагӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат бузургтарин неъмати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва таърихӣ ба шумор меравад. Маҳз истиқлолият аст, ки ба халқ имкон медиҳад сарнавишти худро мустақилона муайян намояд, давлатдории миллии худро таҳким бахшад, фарҳанг, забон ва арзишҳои миллиро ҳифз кунад ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр ҷойгоҳи муносиб пайдо намояд. Барои мардуми тоҷик низ Истиқлолияти давлатӣ рӯйдоди сарнавиштсоз ва оғози марҳилаи нави таърихи давлатдории миллӣ мебошад.
Истиқлол барои миллати тоҷик танҳо як санаи тақвимӣ нест. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ, озодӣ, худшиносии миллӣ ва ҳуқуқи муайян намудани сарнавишти хеш мебошад. Маҳз ба шарофати Истиқлол Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор намуд ва барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард. Чӣ хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намудаанд: “Имрӯз, ки мо давлати соҳибистиқлол дорему бо такя ба арзишҳои волои башарӣ ба сӯйи ҷомеаи мутамддин равона ҳастем, фарҳанги қадимаи аҷдодонамон, ақлу хиради наҷотбахш ва анъанаҳои неки давлатдории ниёгони сарбаландамон ҳамоно сарчашмаи нерубахши мо мебошад.
Мардуми шарифи кишвар ва фарзандони бонангу номуси халқи сарбаландамон қадру қимати истиқлолиятро аз ҳарвақта бештар дарк намуда, барои татбиқи ҳадафҳои бузурги миллӣ, пешрафти босуботи ватани азизамон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тақвияти суботу оромии ҷомеа минбаъд низ саъю талош менамоянд.
Яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони Истиқлол — эҳёи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии мардум мебошад. Мо имрӯз бо ифтихор аз таърихи пурғановати миллати тоҷик, мероси ниёгон ва фарҳанги қадимаи худ ёд мекунем ва барои ҳифзу муаррифии он ба наслҳои оянда масъулияти бузург дорем. Санаи 3-юми сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи “Қалъаи Хуҷанд” конфронси илмӣ бахшида ба 35-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқлолият - кафили сулҳу осоиштагӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ - Фотимахон Қодирова – Раиси иттифоқи касабаи коркунони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ дар вилояти Суғд, Аҳрорӣ Гулчеҳрахон Усмонзода – доктори илмҳои педагогӣ, муовини директор оид ба тарбияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, аъзоёни Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, намояндагони муассисаҳои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Суғд, устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимои дар шаҳри Хуҷанд, кормандони МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”, намояндагони воситаҳои ахбори умум ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок карданд.
Бояд ёдрас намуд, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030 дар кишвар “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шудаст.
Кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ин иқдоми Пешвои миллатро ҳамаҷониба ҷонибдорӣ намуда, бо кӯмаки Самира Фаррухзода ба муассиса навовариҳои рақамӣ ва инноватсиони ворид намуданд. Дар рафти чорабинӣ ба Самира Фаррухзода - магистранти беҳтарин, намояндаи минтақавии шабакаи байналмилалии “English Without Borders (EWB)” дар вилояти Суғд, хамткардаи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон барои муаррифии таърихи беш аз 3 ҳазорсолаи “Қалъаи Хуҷанд” бо истифодаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ навоварӣ дар толорҳои экспозисияи Қалъаи Хуҷанд ва дар 8 ҳавлии ҳунармандон ворид намуданаш бо Ифтихорномаи муассиса сарфафароз гардонида шуд.
Ҳадафи асоси ин муаррифии мероси ғании халқи тоҷик ба мисоли Қалъаи Хуҷанд бо истифода аз навовариҳои рақами барои меҳмонони ватаниву хориҷӣ мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри бошукӯҳ ҷашн гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар толори намоишии муваққатии навбатӣ таҳти унвони “35-соли дастовардҳои даврони Истиқлол ” ҳусни ифтитоҳ гардид.
Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст. Имрӯз вазифаи мо аз он иборат аст, ки ҷавонони худшиносу худогоҳ, ватандӯсту соҳибмаърифат ва дорои фарҳанги баландро тарбия намоем. Зеро ҷавонони донишманду фарҳангдӯст метавонанд арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои фарҳангии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, дар таҳкими нуфузи кишвари соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.
Сайфиева Шарифа – мудири шуъбаи
оммави фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОИстиқлолият – кафили сулҳу осоиштагӣ
Scroll to Top