Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сентябр – пайғоми фасли тирамоҳ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Сентябр ин моҳи нахустини тирамоҳ, фасли рангҳо, ҳосил, зебоӣ ва андеша буда, бо қадамҳои орому пур аз меҳр ба сарзамини кишварамон ворид мегардад. Ин моҳи зебо пайғоми фарорасии фасли тирамоҳ буда, бо худ ҳавои форам, насими мулоим ва манзараҳои дилангези табиатро меорад. Бо фарорасии моҳи сентябр табиат оҳиста – оҳиста симои худро дигар мекунад. Сабзаҳои тобистона ранги дигар гирифта, баргҳои дарахтон ба зардиву сурхӣ майл мекунанд, ки гӯё табиат либоси зарринро ба бар мекунад. Моҳи сентябр инчунин оғози марҳилаи нави зиндагӣ ба шумор меравад. Барои аҳли илму фарҳанг ин моҳи дониш, барои кишоварзон айёми ҷамъоварии ҳосил ва барои ҳар як сокини кишвар фасли андешаву нақшаҳои нав мебошад. Бо оғози соли нави таҳсил кӯчаҳо аз садои кӯдакону наврасон пур шуда, муҳити маънавии ҷомеа боз ҳам рангоранг мегардад. Дар ин фасли зебо Қалъаи таърихии Хуҷанд низ ҳусни дигар пайдо мекунад. Деворҳои бостонии қалъа дар зери нурҳои мулоими офтоби тирамоҳӣ симои хосса мегиранд. Манзараи тирамоҳӣ бо осори таърихию фарҳангии қалъа омезиш ёфта, ба ҳар бинанда эҳсоси ифтихор аз таърихи пурғановати миллати тоҷикро мебахшад. Фасли тирамоҳ инсонро ба андеша водор месозад. Рехтани баргҳои зардшудаи дарахтон гӯё аз гузашти рӯзгор ёдрас мешаванд, ки ҳар барги зард як саҳифаи зиндагӣ ва ҳар рӯзи нав имкони тоза барои созандагӣ, омӯзиш ва некӣ кардан мебошад. Маҳз дар чунин рӯзҳо инсон бештар қадри табиат, фарҳанг ва мероси таърихии худро эҳсос мекунад, чунки моҳи сентябр ин пайёми тирамоҳ буда, пайёми фасле, ки бо зебогии нотакрор, рангу таровати хеш ба дилҳо шодиву сурур мебахшад ва моро ба қадршиносии неъматҳои зиндагӣ, табиат ва мероси ниёгон ҳидоят менамояд. Дар ин фасл мо бояд бештар ба ҳифзи муҳити зист, тозагии гирду атроф ва нигоҳдории мероси таърихиву фарҳангии хеш таваҷҷуҳ зоҳир намоем.
Бигзор, моҳи сентябр пайёми тирамоҳ бошад, барои ҳар як сокини кишвар оғози рӯзҳои пурфайзу баракат, комёбиҳои нав ва эҳсоси гарми меҳру муҳаббат ва Тоҷикистони азиз бошад.
Тирамоҳ фаро мерасад ва бо худ зебоии хоси табиатромеорад. Ин фасл моро водор месозад, ки ба арзишҳои меҳнат, қимати ҳар лаҳзаи зиндагӣ ва гузашти умр бештар андеша кунем. Қалъаи таърихӣ бошад, дар оғӯши тирамоҳи заррин чун ҳамеша бо шукуҳи хеш посдори таърих, фарҳанг ва хотираҳои наслҳо боқӣ мемонад. Зеро ҳар як бозёфт ва ашёи таърихиидар он маҳфузбуда аз гузашта ба мо қисса мекунад ва моро ба гиромидошти таъриху фарҳанги ниёгон даъват менамояд.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСентябр – пайғоми фасли тирамоҳ
Scroll to Top