Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Аз қалъаи Хуҷанд то олами маърифати ниёгон

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Дар асл, фарҳангу маърифати миллӣ ганҷинаи бебаҳои ҳар як миллат ба шумор меравад. Шинохти таъриху фарҳанг, осори гаронбаҳои ниёгон ва зиндагии шахсиятҳои соҳибдилу соҳибмаърифат барои таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи маънавии насли имрӯз аҳамияти бузург дорад. Дар ин раванд нақши воситаҳои ахбори омма, бахусус телевизион, ҳамчун минбари муҳими маърифатӣ назаррас мебошад.
Бо ҳамин ҳадаф, силсилабарномаҳои фарҳангиву маърифатии”Дар суҳбати соҳибдилон” ва “Гулистони маънавӣ” бо сарварии барандаи ботаҷрибаи ширкати телевизион ва радиои “СМ-1” Илҳомҷон Ҳошимов, аз Қалъаи таърихии Хуҷанд оғоз гардиданд. Ин ташаббуси эҷодӣ қадами дигаре дар роҳи бозгӯ намудани арзишҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва сабақҳои ибратомӯзи гузаштагон ба ҷомеаи имрӯз мебошад.
Бале, интихоби Қалъаи таърихии Хуҷанд ҳамчун макони баргузории силсилабарномаҳо низ маънои хос дорад. Қалъа ҳамчун яке аз рамзҳои таъриху тамаддуни шаҳри бостонии Хуҷанд на танҳо ёдгории меъморӣ, балки гӯё саҳифаи зиндаи таърихи миллат аст. Дар чунин муҳити таърихӣ сухан гуфтан аз фарҳанг, маърифат, ахлоқ ва рӯзгори фарзандони барӯманди гузашта таъсири бештару муассир мегузорад.
Барномаҳои ҷолиби “Дар суҳбати соҳибдилон” ва “ Гулистони маънӣ” бо мазмуну муҳтавои худ ба шинохти арзишҳои миллӣ ва маънавӣ равона шудаанд. Дар меҳвари ин силсилабарномаҳо шахсиятҳои фарҳангӣ, донишмандон, адибон, аҳли адаб, собиқадорони осорхона ва дигар чеҳраҳои маъруфи гузашта қарор гирифта, зиндагӣ, осори илмиву адабӣ, ҷаҳонбинӣ ва андешаҳои созандаи онҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар татбиқи чунин барномаҳои фарҳангӣ нақши баранда хеле муҳим аст. Баранда бояд на танҳо соҳиби сухани равону фасеҳ бошад, балки мавзуъро хуб донад бо меҳмон ё ҳамсуҳбат муколамаи созанда барпо намояд ва тавонад муҳтавои барномаро ба тамошобин ба таври таъсирбахш расонад. Илҳомҷон Ҳошимов, ҳамчун барандаи ботаҷрибаи ширкати телевизон ва радиои “СМ-1” бо таҷрибаи чандинсолаи фаъолияти касбӣ дар ин самт саҳми назаррас мегузорад. Тарзи суҳбат, муносибати эҳтиромона ба ҳамсуҳбатон, интихоби мавзуъҳои муҳим ва талош барои расонидани андешаҳои арзишманд ба бинанда аз омилҳое мебошанд, ки метавонанд ба ҷолибияти ин силсилабарномаҳо мусоидат намояд. Бале, оғози сабти барномаҳо дар навбати аввал барномаи “Гулистони маънӣ”аз қалъаи таърихӣ бо донишманд Мақсуд Ориф ба барнома ранги тоза бахшид, ки гӯё маҷмӯаи гулҳои маънавист, ки аз боғи пурғановати таърих, адабиёт ва фарҳанги миллати тоҷик ҷамъоварӣ гардиданд.
Умед аст, ки идомаи барномаҳо бо фарогирии мавзуъҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ, суҳбат бо аҳли илму адаб, фарҳанг ва ҳунар, инчунин боздид аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ сурат мегирад. Оғози сабти ин барномаҳо аз Қалъаи таърихии Хуҷанд дар ин замина на танҳо як рӯйдоди телевизионӣ, балки иқдоми фарҳангӣ мебошад, ки ҳадаф дорад миёни гузашта, имрӯз ва фардо пайванди маънавӣ эҷод менамояд.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАз қалъаи Хуҷанд то олами маърифати ниёгон
Scroll to Top