User Rating: 



/ 0
- Details
-
08.09.2026 09:56
-
Азназаргузаронӣ: 19
Дар фарҳанги суннатии тоҷикон ҳар як ашёе, ки дар маросими арӯсӣ истифода мешуд, маъно ва ҷойгоҳи хоси худро дошт. Дар миёни чунин ашё оина низ мақоми махсус дошта, онро ҳамчун яке аз туҳфаҳои рамзии арӯси навхонадорон ба ҳисоб мегирифтанд. Оина дар тасаввуроти мардум танҳо василаи дидани чеҳра набуда, балки рамзи зебоӣ, покизагӣ равшанӣ ва бахти нек маҳсуб меёфт. Тибқи анъанаҳои мардумӣ, ҳангоми ба хонаи шавҳар рафтани арӯс ба ӯ ашёҳои гуногун ҳамчун туҳфаи арӯсӣ тақдим мешуданд. Дар миёни он оина низ ҷой дошт. Оина гӯё орзуи зиндагии равшан, чеҳраи кушода ва рӯзгори ободи навхонадоронро таҷассум мекард. Арӯс пеш аз ба хонаи нав қадам гузоштан худро дар оина медид ва ин лаҳза метавонад, ҳамчун гузар аз як марҳилаи зиндагӣ ба марҳилаи дигар маънидод шавад. Намунаи чунин оинаи қадима имрӯз дар Ҳавлии Тоҷири Қалъаи Хуҷанди МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд" ба маърази тамошобинон гузошта шудааст. Нигора таҳти №2574 дар фонди осорхона ба қайд гирифта шудааст. Зеро дар осорхона оина натанҳо ашё, балки хотираи мардум, суннатҳо тарзи зиндагии ниёгон нигоҳ дошта мешаванд.


Мадина Азимова - роҳбалади
Ҳавлии Тоҷири МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"
Шарҳ додан