Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

35 соли дастовардҳои даврони Истиқлол- мавзӯи Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Дирӯз дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки яке аз сохторҳои Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба ҳисоб меравад, Шӯрои илмӣ, таҳти унвони “35- соли дастовардҳои даврони Истиқлол” баргузор гардид.
Дар кори Шӯрои илмӣ олимон, таърихшиносон, мудирони шуъбаҳои осорхона ва дигар мутахассисон иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба таҳқиқу омӯзиши таърихи даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷаласаро директори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Бойматов Мансур Тошматович ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро ба муносибати баргузории ин ҳамоиши илмӣ хайра мақдам гуфт. Зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ дар таърихи навини Тоҷикистон марҳилаи муҳим ва сарнавиштсоз ба шумор рафта, омӯзиш, таҳқиқ ва бозтоби дастовардҳои ин давра аз вазифаҳои муҳими муассисаи илмӣ ва фарҳангӣ мебошад. Махсусан дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои иқтисод, иҷтимоӣ, фарҳанг, маориф, илм ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд. Аз ин рӯ, ҷамъоварӣ, таҳлил ва ба таври илмӣ инъикос намудани дастовардҳои даврони Истиқлол аҳамияти муҳим дорад.
Дар идомаи ҷаласа Хоҷаева Муҳаррам, мудири шуъбаи таърихи давраи муосир, оид ба нақшаи мавзӯӣ ва самтҳои таҳқиқотии шуъба маърӯза намуда, масъалаҳои вобаста ба омӯзиши воқеаву дастовардҳои даврони Истиқлолро мавриди баррасӣ қарор дод. Зикр гардид, ки таҳқиқи ҳамаҷонибаи таърихи давраи муосир, ҷамъоварии маводи ҳуҷҷатӣ, аксҳо, ёддоштҳо ва дигар сарчашмаҳои таърихӣ барои бозсозии саҳеҳ ва мукаммали рӯйдодҳои замони истиқлол аҳамияти хос дорад.
Сипас, Даврон Исобоев, мудири шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашр дар бораи фаъолияти шуъба ва корҳои анҷомдодашуда дар самти омода намудани маводи илмӣ ва нашри онҳо суханронӣ намуд. Дар рафти баромад масъалаҳои марбут ба таҳия, таҳрир ва омодасозии мақолаҳои илмӣ, инчунин аҳамияти ба роҳ мондани корҳои таҳқиқотӣ дар самти омӯзиши осори хаттӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ суханронӣ намуд.
Яке аз масъалаҳои асосии рӯзномаи Шӯрои илмӣ баррасӣ ва тасдиқи мақолаҳои илмии “Ахбори илмии осорхона” буд. Дар ин бахш мақолаҳои омоданамудани кормандони илмӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, доир ба мазмун, аҳамияти илмӣ, асоснокии мавзуъҳо ва арзиши таърихии онҳо андешаю пешниҳодҳои мутахассисон шунида шуданд. Иштирокдорони Шӯрои илмӣ таъкид намуданд, ки “Ахбори илмии осорхона” метавонад ҳамчун минбари муҳими илмӣ барои муаррифии натиҷаҳои таҳқиқоти кормандони осорхона, олимон ва таърихшиносон хизмат намояд. Нашри чунин маводи илмӣ барои рушди таҳқиқоти осорхона, муаррифии мероси таърихию фарҳангии вилояти Суғд ва баланд бардоштани маърифати таърихии ҷомеа аҳамияти калон дорад.
Дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин доир ба такмили корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ, истифодаи сарчашмаҳои боэътимоди таърихӣ, таҳияи мақолаҳои илмӣ ва ба роҳ мондани минбаъда миёни кормандони осорхона ва муҳаққиқон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар фарҷоми Шӯрои илмӣ пешниҳоду андешаҳои иштирокдорон ҷамъбаст гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд. Баргузории чунин шӯрои илмӣ барои таҳкими фаъолияти илмӣ – таҳқиқотии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, омӯзиши таърихи даврони Истиқлол ва муаррифии дастовардҳои 35- солаи Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи муҳим фароҳам меорад, ки дар самти омӯзиш ва тарғиби таърихи навини кишвар саҳми арзандаи худро мегузорад.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО35 соли дастовардҳои даврони Истиқлол- мавзӯи Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
Scroll to Top